ИФШОСОЗИИ ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Кишвари азизамон Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистийлолӣ воқеан ҳам ба шикасту муборизаҳои ноадолатонаи душманон мувоҷеҳ шуд, ки оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Аммо аз ҳама нуктаи ҷолибаш дар он аст, ки дар ин муборизаҳои қудратхоҳӣ душманони миллату давлати тоҷик аз гумроҳгаштагони худӣ истифода карданд ва мушкилро печидатар сохтанд. Яке аз гурӯҳҳои аслии хизматгори хоҷагони хориҷӣ ин ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки пайсата барои миллатсӯзиву нобудии давлати тоҷикон кӯшиш кардааст. Аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз тамоми роҳҳо истифода намуданд ва тамоми имкониятҳояшонро сарф намуданд ва хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

Миллати тоҷик кӣ ва чӣ будани аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва худи ин созмони  ифротиро дарк намуду истиқлолият ва ваҳдати хешро ҳифз кард, аммо душманони наҳзатӣ ба кори худ хотима надода пайваста дар фикри озору азият ва ранҷиши миллат шуданд, ки ин хиёнати бузург мебошад. Маҳз ҳамин хиёнати бузурги наҳзатиёнро миллат ҳаргиз намебахшад ва дар моварои таърих ҳам ин даҳшатафкании наҳзатиён ҳамчун доғ дар ҳолномаи миллати тоҷик боқӣ хоҳад монд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз ҳамин қисмати даҳшатбор ва баднафсиву молпарастии афроди ҷоҳил ва разили наҳзатӣ аз ҷумла роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ёдоварӣ менамояд, ки бисёр ҳам як далели бузурги таърихӣ ва як ҳуҷҷати комил ҷиҳати шинохти душманони миллати тоҷик аст.  Мо аз хиёнаткориву разилӣ ва хоинии наҳзатиён борҳо шунидаем, аммо бад ин ҳад молпарасту ҷосус ва ватанфурӯш будани М. Кабириро, ки бо ҷамъе аз ақрабояш ба хоинӣ машғул гардида бошанд, умуман нав мебинем.  Барои оилаи М. Кабирӣ хиёнаткорӣ ва ҷаҳолат як пешаи маблағёбӣ гардидааст, ки имрӯзҳо аз пушти он ризқу рӯзӣ меёбанд ва тиҷоратҳои калон барпо намудаанд, ки ин ҳама шаҳодат аз фитрати пасти онҳо шаҳодат медиҳад. Худи М. Кабирӣ бо ватанфурӯшиву хоинӣ соҳиби тиҷоратҳои калон гардида, маблағҳои ҳангуфтро ба даст овардааст, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Зеро М. Кабирии террорист дидаву дониста даст ба хиёнат мезанад ва миллатро ба гумроҳӣ мебарад, ки ин бахшида нахоҳад шуд. 

Албатта, далелҳои оврадашуда дар филми мазкур бисёр ҳам муътамад буда, ҳатто бо шоҳидии бисёре аз наздиконаш Кабирии манфур даст ба хиёнаткорӣ задаву ин амалашро пинҳон аз миллат доштааст. Аммо чизи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳ аст, ин фиреб додани Кабирии палид хоҳаршӯйи худашро мебошад, ки албатта ин аз манфуриву пастфитратияш шаҳодат медиҳад. Доштани пинҳонгоҳҳо ва лагерҳои махсус дар як кишвари бегона ва тайёр намудани террористону гурӯҳҳои зиддимиллӣ  барои М. Кабирии палид як тиҷорати дигар аст, ки дар ин бахш ҳам далелҳои раднопазир аз забони шоҳидони ҳол оварда шуд ва боз ҳам душмани миллат ва давлати тоҷикон будани ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнашро ифшо намуд.

Аз дидани филми мазкур кас ба чунин хулоса меояд, ки душман хоҳ худӣ бошад хоҳ бегона, ҳаргиз хулқи бадашро намепартофтааст.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ