Имрӯз ҳарчанд тоифае аз душманони миллати тоҷик худро ҳар гуна муаррифӣ карданӣ мешаванду дар асл бошад бар алайҳи миллат меҷанганд ва мақсаду нияташон низ барҳам додани давлати миллии тоҷикон мебошад, ки инро аз ҳар як амал ва рафтори ин хоинони миллат, махсусан наҳзатиён дидан мумкин аст. Ҳарчанд имрӯз наҳзатиён худро гоҳо ватандӯсту гоҳо миллатдӯст нишон медиҳанд, аммо дар асл бошад, ҳақиқат тамоман чизи дигарро мегӯяд, ки ҳамон гуфтаи шоири бузург “воизон чун ба хилват мераванд, кори дигар мекунанд” мисоли хуб шуда метавонад. Зеро ҳам роҳбари наҳзатиён М. Кабирӣ ва ҳам дигар наҳзатиёни террорист ақлакӣ карда аз одаму одамгарӣ мегӯянд, аммо дар асл бошад, худашон хиёнаткору фиребкор ва ҳаққи мардумхӯр мебошанд.
Ҳамон гунае, ки дар баёнияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки М. Садриддин ҳамон ақлаки наҳзатӣ ва ҳамон воҳимаи диндону шариатдон се тан аз шаҳрвандони кишварро фиреб дода аз онҳо ба миқдори 430 ҳазор доллар гирифтаасту барнагардонидааст. Пас аз ин акнун М. Садриддин боз воҳима мекарда бошад, аз шариату ҳаққи ҳалол сухан мекарда бошад? Ин ҳам дар ҳоле, ки М. Садриддин худ мардумро фиреб карда гаштааст. Дар минбар сухани дигару дар амал кори дигар-гуфтанӣ гап ба ҳамин наҳзатиён рост меояд, ки ҳам аз шариату тариқат мегӯянд ва ҳам дуздиву ғоратгарӣ ва мардумфиребиро ҳам худ анҷом медиҳанд.
Пас куҷои ин наҳзатииёнро мешавад инсон гуфту ба суханонашон бовар кард?
Дар баёнияи Прокуратураи генералӣ аз ҷумла чунин оварда шудааст: “ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.”
Маълум мешавад, ки дигар бо ҳамин М. Садриддин як дирҳамро ҳам барнагардонида ба Аврупо фирор кардааст, ки ин амалаш номардона аст ва аз ҷониби дигар аҷобаташ дар он аст, ки ин фиребкор худро аъзои Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом меҳисобад ва суоле ҳам пайдо мешавад, ки магар наҳзатиёнро ҳизби ба ном исломӣ фиребкориву хиёнаткорӣ ва маккориву найранг ёд медод?
Агар чунин нест, пас чаро ягон нафар аъзои ТТЭ ҲНИ-ро намешавад, ном бурд, ки даст ба қаллобиву фиребкори ва қаллобӣ назада бошад?
Маълум мешавад, ки ҳизби хоиниву хиёнаткории наҳзатиёни террорист аз қабл бо номи дин ва дар асл, мактаби террористиву хиёнаткорӣ ва қаллобиву ҷинояткорӣ буда, ҳадаф зарар расонидан бар ҷомеа будаасту халос ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза наҳзатиён касеро бо овардани мисолу ояҳо фиреб медиҳанду касеро бо шиорҳои бардурӯғи ватандӯстонаву ҷайби худро пур карду фаъолияӣ террористӣ бурд, ки ин низ хиёнати бузург аст. Хиёнат бар ҷомеа ва хиёнат бар тамоми арзишҳо. Пас мешавад қаллоби наҳзатӣ М. Садриддинро, ки дар интернет худро шайху домулло метарошад, барои ин кораш лаънат хонду дар рӯйхати манфуртарини манфурон ҷой дод, то таърих донад, ки ҳаргиз кӯрнамаку қаллоб ва террорист инсон намешавад ва ба роҳи инсонӣ ҳам намеравад. Аммо ин амали М. Садриддини террорист ва қаллоб низ боз як асрори нави фиребикориву қаллобии наҳзатиёни хоинро ифшо намуд.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ