ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ХОБГОХИ НАВТАЪМИР ДАР ДОНИШКАДАИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрўз дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ бомаром ҷараён дошта, иншоотҳои муҳим сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар доираи ин амалҳои шоиста, 23 август дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид толори варзишӣ ифтитоҳ гардид.

Боиси тазаккур аст, ки толори варзишӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш бунёд гардид, ки имрўз дар фазои орому осуда бо шукргузорӣ аз истиқлолияту сулҳу ваҳдат мавриди истифода қарор дода шуд.

 Бо баробари ба истифода додани майдончаи варзишӣ, барои боз ҳам беҳтар машқу тамрин намудани донишҷўён, бахусус, дар фасли сармо шароит фароҳам гардид.

Меҳмонони олиқадр аз майдончаи  варзишӣ дидан ба амал оварда, зикр доштанд, ки итминон дорем ҷавонон дар баробари омўзиши илму фан, бо истифода аз шароити созгор дар варзишгоҳи навбунёд пайваста ба машқу тармим машғул гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, Тоҷикистони биҳиштосоямонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳанд кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва кормандону донишҷўёни ин боргоҳи маърифат дар оянда низ бо нерӯи тоза ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатиамон заҳмат мекашанд.

Бунёд ва ба истифода додани толори варзишии замонавӣ намунаи заҳмату меҳнатқаринӣ ва туҳфаи арзандаи ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли кормандону донишҷўёни Донишкадаи куҳи-металлургии Тоҷикистон дар остонаи 28-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ гардид.

Дар интиҳо ҳайати меҳмонон кулли иштирокчиёнро ба ифтитоҳи майдончаи  варзишӣ табрик намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои созанда дучанд саъю талош намуда, дар рушд ва ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

Хобгоҳи тоза таъмиршуда барои донишҷудухтарон ва омузгорони ҷавон барои 300 кати хоб пешбинӣ шудааст, ки дорои ҳамаи шароитҳо мебошад.