ИФРОТГАРОӢ – ХАТАРИ АСР

Дар ҷомеаи имрӯза нафароне ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Бо он ки ба ҳама дину мазҳабҳои дунёӣ эҳтиром доред, дин ва мазҳаб дар ҳеҷ давру замон натавониста ва имрӯз наметавонад, мардумро ба ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, инсондӯстӣ, иттиҳоди мардумиро дар ҳар шакле таъмин созад.

Оре, танҳо бо тарсу ҳарос, ваҳшату даҳшат метавон мардумро бо истилоҳ “Худотарс” кард, аммо бад ин тарс наметавон авомфиребро худодӯст намуд.

Мутаассифона, мо то ҳанӯз натавонистаем дар ҷомеа амалиётҳои ифротгароёну тундгароиро барҳам занем. Зеро ҷалби ҷавонон ба ин равияҳо то ҳол идома дорад ва ин раванд ҳанӯз ҳам дида мешавад.

Шомил гардидани ҷавонони сустирода ба ин равияҳои ифротгаро оромии ҷомеаи гулгулшукуфони моро халалдор менамояд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус, ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯс-тӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсон-бадбинӣ ва даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад. Бояд донист, ки нафарони ба гуруҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.

Тоҳиров А.С.

муаллими калони кафедраи

сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ