ИФРОТГАРОӢ ХАТАРЕ БА ҶОМЕА

      Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Чумњурии Точикистонк мухтарам. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.Бояд дарк кард, ки ҷомеаи ҷаҳонии асри XXI на ҷаҳони марказҳои нерў, балки ҷаҳони эҳтироми мутақобилаи мардумон вафарҳангҳои гуногун Ва ин ҷаҳон ба ахлоқи нави геосиёсие, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта бошад, сахт ниёз дорад. Аҳолии сайёра бояд дар рўҳияи фарҳанги сулҳ, муколамаи байнимардумӣ ва таҳаммулгароӣ тарбия ёбад.

Азизбекова З.      

сарлаборанти   кафедраи  фанҳои  гуманитарӣ – иҷтимоӣ