ИФРОТГАРОӢ РОҲИ САРБАСТА ДОРАД

Дар зиндагӣ воқеаҳои ба вуқӯъ меоянд, ки инсони солимандешаро дар канор монда наметавонад. Ҳар инсон бояд бетарафӣ зоҳир намоянд ва бар зидди муборизаи беамон барад.
Терроризм ва экстремизм имрӯз ҷаҳониёнро нигарон кардааст. Зеро аз дасти ингуна ашхос ҳазорон одамон қурбон мешаванд. Амали нангини ин идда ҳатарбору марговар аст. Кас бовар намекунад, ки аз инсон ингуна амалҳои ваҳшиёна меояд.
Воқеаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оинаи ҷаҳоннамо нишон дода мешаванд, дар матбуоти даврӣ мунташир мегарданд, гувоҳи он аст, ки терроризм миллат ва дину оин надоард. Онҳо барои як табақаи муайян нигаронида шудаанд. Кушторҳову турктозиҳои эшон барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки хориҷиёнанд ва шарм накарда, бо номи Худо ба мақсадҳои худӣ мерасанд.
Ба гуфтаи хоҷаҳояшон рафта, ҳамватани худ, мусулмононро ваҳшиёна қатл менамоянд. Мусулмонӣ ҳеҷ гоҳ ба бегуноҳ куштани нафаре амр нанамудааст. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи мо ҳам дар кишварҳои дигар барои “гирифтани савоб” ва “ба ҷаннат дохил шудан” ба ин давлатҳо, ки дар ин ҷо манфиати дигарон аст. Хоҷаҳо оташ дар миён меафкананд ва фақат мусулмон худро месӯзаду метарконад.
Инсоният дар симои терроризми байналмиллалӣ бо душмани бераҳму шавқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Имрӯз моро зарур аст, ки бештар бо ҷавонон корбарӣ намуда, онҳоро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ, ҳар гуна озмуну чорабиниҳо ҷалб намоем. Агар ҳар як инсон бо ақли худ рафтор кунаду иродаи қавӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба ин гуна роҳ намеравад. Зеро шаҳди ифтихори ватандорӣ аз тамоми шаҳд ширинтар аст.
Насруллоева Д.