ИФРОТГАРОӢ ОМИЛИ РОҲКУШОИ БА ТЕРРОРИЗМ

Мақсад аз баргузории намоишҳо ва сафсатанависиҳои наҳзатиён дар чист? Чаро наҳзатиёни фирорӣ ва махсусан он нафароне, ки наҳзатиёнро парастиш мекунанд як маротиба андеша намекунанд, ки онҳо барои чӣ бар миллат ва Ватани худ хиёнат мекунанд?

Воқеан ҳам ин масъала пеш аз ҳама ба тарбияи ин афроди бадкеши наҳзатӣ вобаста аст, ки имрӯзҳо тамоми ҷидду ҷаҳдашонро бар хиёнат бахшидаанд.

Чаро аввал наҳзатиён даст ба ифротгароӣ мезаданду аз формулаи ифротгароӣ истифода кард?

 Бояд қайд кунам, ки ифротгароён ба одамон авомфиребона иҷрои камбудӣ ва норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми худ кашид. Онҳо ҳар гуна дигарандешӣ ва ваҳдату якпорчагиро ба хотири сулҳу салоҳ инкор намуда, фақат арзишҳои сиёсӣ ва мафкуравии хешро меписанданду халос.

Ифротгароиро дар шаклҳои мухталиф дидан мумкин аст, ки ба вижа ифротгароии сиёсӣ, динӣ ва миллӣ аёнтар аст. Ифротгароии миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар менамояд. Дар бисёр ҳолатҳо вай ба ҷараёнҳои ҷудоиандозӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ меҳисобад. Муқовиматҳо оид ба Ҳолландия, дар Ҳиндустон, масъалаҳои Ирландияи шимолӣ дар Британияи кабир, баскҳо дар Испания, бретинҳо ва корсиканҳо дар Фаронса, музофоти Квебек дар Канада ва ғайра метавонад мисоле хубе барои дарки ин гуфта бошад.

Феълан кулли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза баранд. Ниҳон нест, ки дар сафҳои ифротгароёни дар мамлакатҳои араб ҷанганда, иддае аз ҷавонони гумроҳи мамлакати мо низ иштирок мекунанд, ки ин падидаи номатлуб барои мардуми мо хеле нангин мебошад. Мо, бояд пеши роҳи чунин амалҳои ношоямро бигирем ва ин амал бояд қатъиян маҳкум гардад. Чунин амалҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ эҳтиром ба хоки муқаддаси зодгоҳ, волидон, ҳамватанон, хешу пайвандон, халал расонида ба пешрафти давлат ба таври шаҳрвандию демократӣ монеа эҷод месозад. Барои рафъи чунин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан аз вазифаҳои натанҳо давлат ва ҳокимият, балки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Он чӣ имрӯз аз формулаи наҳзатии ифротгароӣ ба мо маълум аст, он бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии наҳзатиён ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист, ки ин як ақидаим хом ва хаёли хоби шайтонисту халос. Зеро наҳзатиёни ифротгаро, ки имрӯз дигар террорист гардидаанд, набояд фаромӯш созанд, ки он хиёнат ва разолати онҳоро то ба ҳол касе набахшидаасту фаромӯш накардааст.

Ш. Насриддинов

омӯзгори ДКМТ