Миллати тоҷик дар атрофи Роҳбари муаззами муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.
“Ислом мактаби муттаҳидкунанда, омили дӯстии қавму фирқа ва миллатҳои гуногун мебошад”- гуфтааст Абдуллоҳи Муҳаққиқ.
Бо он ки ба ҳама дину мазҳабҳои дунёӣ эҳтиром доред, дин ва мазҳаб дар ҳеҷ давру замон натавониста ва имрӯз наметавонад,мардумро ба ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, инсондӯстӣ, иттиҳоди мардумиро дар ҳар шакле таъмин созад.
Оре, танҳо бо тарсу ҳарос, ваҳшату даҳшат метавон мардумро бо истилоҳ “Худотарс” кард, аммо бадин тарс наметавон авомфиребро худодӯст намуд.
Мутаассифона, мо то ҳанӯз натавонистаемдар ҷомеа амалиётҳои ифротгароёну тундгароиро барҳам занем. Зеро ҷалби ҷавонон ба ин равияҳо то ҳол идома дорад ва ин раванд ҳанӯз ҳам дида мешавад.
Шомил гардидани ҷавонони сустирода ба ин равияҳои ифротгаро оромии ҷомеаи гулгулшукуфони моро халалдор менамояд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар ищтирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад. Бояд донист, ки нафарони ба гуруҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шу два номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем ва лаънат бар душманону ифротгароён хонем.
Нурматова М.Р.
омӯзгори ДКМТ