Дар замони мо, ки пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Шахсоне ки, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро дигаргун сохта тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Ниязова С.К.
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ