ИФРОТГАРОИ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУХУРОТИ НОМАТЛУБИ АСРИ НАВ

«…терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

 

Аз Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 Имрўз яке аз мушкилотҳои пурхатаре, ки ҷомеаи башариятро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рўйи кор омадани гурўҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Ин омилҳои хатархо, ки ҳамарўза дар ҳаёти инсоният чун заҳрпечак арзи вуҷуд карда истодааст саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда бо ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, гурўҳҳои муташакилонаи худро афзун созанд.

Мақсади манфуронаи онҳо натанҳо ин ё он давлату кишварҳои ҷаҳонро, балки ноором сохтани фазои мукаммали ҷомеаи муосир мебошад.

Яқинан маълум аст, ки онҳо аз қабили ҷавононе мебошанд, ки аз таълиму тарбия дур монда, сатҳи дониши паст доранд. Бедониши онҳоро ба чунин роҳи пурхатари бебозгашт бурда, имрўз маҷбуран ҷонӣ худро қурбони ин амалҳои барои миллату Ватани хеш нангин кардаанд. Агар саволе ба миён ояд, ки киҳо ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд? Посух чунин аст, онҳое, ки саводу маърифати дурусти не динӣ ва не дунявӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Яъне ин қабил афродеанд, ки ба номи поки ислом иснод мехоҳанд оранд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, дар гуруҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, бештар ҷавонон фаъоланд, Мутаассифона дар радифи онҳо шомилшудани ҷавонони Тоҷикистони низ ба қайд гирифта шудааст. Онҳо Ватани худро бо роҳи тарғибу ташвиқ тарк кардаанд. Дигар роҳи бозгашт барои онҳо вуҷуд надорад, ҳарчанд пушаймонанд.

Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаракатҳо амали хоинона ва нобахшидани нисбати чунин ҷавони соҳибватану соҳибмиллат маҳсуб меёбад. Магар чизу молу пул ба як каф хоки Ватан баробар шуда метавонад? Ватане, ки дар оғушаш туро ба камол расонидаасту бароят тамоми шароити зиндагиро фароҳам оварда баркамол кардааст.

Дар ягон давру замон терроризмро аҳли башарият дастгирӣ накардаст. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.

Имрўз мардуми Тоҷикистон шуруъ аз лаҳзаҳои сангини давраи ҷанги шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзон, ватандўст дар роҳи давлату давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эмин нигоҳ доштани Ватан, муқаддасоти он идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишварро дар мадди аввал гузошта шиор пеша карда баҳри субботу амнияти ин кишвар кору фаъолият менамоянд..

Ояндае, ки мо хоҳем сохт, он пеш аз ҳама амну сулҳу субот аст. Мо фарзандони содиқу бовафои ин Ватан   имкони таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Пас, барои иҷрои ин масъулият барои ҳифзи ин хоку Ватан бояд шурўъ аз кормандони мақомоти масъул якҷоя, дастаҷамъона кули шаҳрвандон барои ободию амният миллат меҳнат кунем, дўстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулҳиза баҳри созандагӣ баҳс кунему муборизаи шаффофу боадолатро пеш барем.

Шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки доштани масъулияти баланди ватандорӣ истиқлолияти Ватани худро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандустӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Махсусан нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд. Барои ин ҳукумату давлат шароитҳои зиёде фароҳам овардааст.

Идеяҳои миллӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, тарбия намудани насли наврасу ҷавонони кишварро фаъолтар ба роҳ мондан, дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ фидокорона саҳмгузор шудани ин неру роҳест оиди коҳиш додани ин падидаҳои нангини аср.

 

Сармуаллим Ибрагимов И. М.

(аз маводхои интернет)