Дар конференсияҳои илмӣ ва байналмилалӣ таъкид мешавад, ки то имрӯз падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Таърифи илмӣ ё фаҳмиши ягона барои ин падидаҳои мураккаб мушкил аст. Ихтилофи манфиатҳои идеологӣ ва сиёсӣ иҷозат намедиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ таърифҳои ягонаи падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба даст оянд.
Дар масъалаи мубориза бо “ифротгароии динӣ” низ доштани чунин нигоҳи прагматикӣ ва чунин шинохти амалӣ кори мубориза бо онро бисёр дақиқтар ва ҳадафмандтар менамояд. Дар бораи ифротгароии динӣ “таърифи ягонаи илмӣ” надошта бошем, аммо бисёр заруртар он аст, ки мо дар бораи моҳият ва хусусиятҳои асосии он шинохти дақиқи амалӣ ва воқеъбинона дошта бошем. Яъне мо бояд дақиқан бидонем, ки бо чӣ падидае рӯбарӯ ҳастем ва бо чӣ падидае мубориза мебарем.
Аз нигоҳи луғавӣ, «ифрот» калимаи арабӣ буда, решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд.
Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ ва русӣ, мафҳуми ифротгароиро бо истилоҳи машҳури экстремизм ифода мекунанд. Экстремизм низ дақиқан ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад.
«Ифротгароии динӣ» яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмӯлан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.
Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Маънои луғавии террор таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.
Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ, даҳшатафкании динӣ, марҳилаҳои пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд.
Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро экстремизм, тундравиро “радикализм” ва даҳшатафканиро “терроризм” мегӯянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум рӯшан бошад. Экстремизми динӣ радикализми динӣ ва терроризми динӣ давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои диниро ташкил мекунанд.
Аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд.
Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад. ТЭТ ҲНИ умуман аҳолии кишварро, хусусан ҷавононро, таъкид нанамуд, ки ин ҳодисаҳо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Нагуфт, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расонида истодаанд. Аҳолиро огоҳ наменамояд, ки дар олами ислом равияҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидааст, ва ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. ҲНИ дар пешгирии ин ҳодиса иқдомеро пеша накарда, баръакс ба он мусоидат намудааст. Нисбати нашъамандии ҷавонон ягон маротиба эьтино наовардани роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ.
Аммо, дар ягон самтҳои қайдшуда ҲНИ кӯшиш ба харҷ надодааст, барои шукуфоӣ ва суботи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ нақш нагузоштааст, худро аз ин табақаҳои иҷтимоӣ дур кардааст, аҳолиро, бахусус ҷавононро дар ин руҳия ҳидоят накардааст, фарз будани Омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосирро таъкид накардаст.Фаъолияти гуруҳҳои террористиву ифротгароии динӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои башариро маҳкум накард.ҲНИТ айни замон терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дар маҷмуъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. ҲНИ бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир ягон маротиба ҷиҳати зарурият будани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки чун вабои аср арзёбӣ мегарданд, хамчунин, хурофотпарастиву ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва савдои одамон муроҷиатнома қабул накард. Инчунин, дар бораи фарз будани ба ин роҳиғайришариатӣ нарафтан, густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣва баланд бардоштани маърифати аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ягон чорабинии фарҳангӣ, таълимӣ ва маърифатӣ барпо нанамуд. ҲНИ ягон маротиба изҳор нанамуд, ки ин зуҳуротҳои фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад. Ягон маротиба исрор нанамуд, ки терроризм ва экстремизм бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
ҲНИ ҳамчун ҳизби исломӣ шомилшавии ҷавононро ба гуруҳҳои террористии Сурия ва Ироқ (ДИИШ) маҳкум накард ва пеши роҳи онҳоро нагирифт. Вақтҳои охир ҷавонон ва аз он ҷумла аъзоёни ҲНИ гуё барои ҷиҳод ба Сурия ва Ироқ рафта, ба гуруҳҳои террористӣ шомил гардиданд. Аммо ҲНИ ягон маротиба изҳор нанамуд, ки ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳои мудҳиш, терроризм ва ифротгароӣҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад, бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд, номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари худ олуда менамояд, мушкилоти аср ва таҳдидҳои навро ба тамаддуни башарӣ афзоиш медиҳанд, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил меёбанд.
Искандар Иброҳимов, сармуаллими ДКМТ