Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Дар ҷомеаи имрӯза нафароне ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.
Оре, танҳо бо тарсу ҳарос, ваҳшату даҳшат метавон мардумро бо истилоҳ “Худотарс” кард, аммо бад ин тарс наметавон авомфиребро худодӯст намуд.
Бо он ки ба ҳама дину мазҳабҳои дунёӣ эҳтиром доред, дин ва мазҳаб дар ҳеҷ давру замон натавониста ва имрӯз наметавонад, мардумро ба ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, инсондӯстӣ, иттиҳоди мардумиро дар ҳар шакле таъмин созад.
Мутаассифона, мо то ҳанӯз натавонистаем дар ҷомеа амалиётҳои ифротгароёну тундгароиро барҳам занем. Зеро ҷалби ҷавонон ба ин равияҳо то ҳол идома дорад ва ин раванд ҳанӯз ҳам дида мешавад.
Шомил гардидани ҷавонони сустирода ба ин равияҳои ифротгаро оромии ҷомеаи гулгулшукуфони моро халалдор менамояд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус, ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯс-тӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсон-бадбинӣ ва даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Пешвои миллатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Тоҳиров А.С.
муаллими калони кафедраи сохтмон
ва корҳои маркшейдерӣ