Агар ин лаҳзаҳоро ҳисоб кунем, шояд миллионҳо доллар ва шояд боз ҳам зиёдтар арзиш дошта бошанд, вале ман мехоҳам ҳамин миллионҳо долларро ба ҷавонони ҳамватанам эҳдо намоям. Мехоҳам дар ҳамин чанд лаҳзае, ки фурсат даст додааст, чанд ҳақиқатро бигӯям ва чанд паҳлӯи норавшани як масири номаълумро ошкор созам. Зеро ҳамагон медонем, ки имрӯз бо пешрафти илму технология ва махсусан рушди бемайлони имкониятҳои интернет бисёр амалҳои пардапӯшона ва нақшаҳои бузурги мағзшӯӣ маҳз тариқи ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаҳои интернетӣ ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, тағйири симо ва намуди зоҳирии баъзе ашхоси мансабталошу хоин ҳам имрӯзҳо маҳз тариқи ҳамин интернет анҷом дода мешавад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро метавонам дар амалиётҳои охири аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки замоне дар майдонҳо шиори “Марг бар Амрико” ва “ Марг бар демократия”-ро мезаданд, имрӯз худро аз ҳомиёни демократия меҳисобанд, бигӯям. Куҷост он виҷдони лаин ва касиф? Куҷост он одоби фарзанди инсонӣ? Куҷост он виҷдони мусалмонӣ?!
Бармегардем ба мавзӯи аслӣ ва ҳамин наҳзатиёни палид ва замоне диндори сахт, ки солҳои 90-уми асри гузашта қишри зиёди аҳолии бегуноҳро бо надонистани ақоиди динӣ сар мезаданд, имрӯз бо ҷой гирифтан дар маркази Аврупо симои худро дигар намуда, тарафдори демократияву озодии байн гардидаанд, ки ба ақл рост намеояд. Албатта, мефаҳмам, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд, ки замонасозӣ кунанд ва то охири умр дар хизмати хоҷагонашон бошанду миллати тоҷикро фиреб диҳанд, вале асли матлабу охири кор ин нест.
Пас аз ошкор шудани хиёнатҳои бузурги наҳзатиён ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ошкор шудани равобити Кабирӣ бо созмонҳои террористии монанди “ Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Бародарони муслим”, “ДИИШ” ва дигар ҷараёнҳои тундрави динӣ, маълум гардидани фаъолиятҳои террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби олимон ва шахсиятҳои воқеънигор, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ рӯ ба фирор оварда, нахуст дар Эрон ва сипас дар давлатҳои Аврупо маскан гирифт. Вале бо каме фаъолият фаҳмид, ки дигар зери парчами ТЭТ ҲНИ кор карда наметавонад ва бо супориши хоҷагонаш ташкилоти наверо бо номи “Паймони миллӣ” дар Аврупо таъсис дод. Кабирии хоин дар ҳамин ҷой ҳам макрашро истифода намуда, формулаи шайтонӣ ва ё худ охундии худро ба кор андохт ва афроди авбошу гурезаро, ки хиёнаткорони дигаре ҳастанд ҷамъ намуда, худро роҳбари онҳо эълон намуд.
Яъне бо таъсиси ташкилоти террористии Паймони миллӣ Кабирӣ мухолифони дигарро гӯл зад ва дар ин ҷо худро раис эълон намуд. Ин ишора ба он мухолифине ҳаст, ки худро яккатоз мегирифтанд ва ба иборае Кабирӣ ба лаби онҳо лаҷом зад. Акнун он бечораҳо мебояд, ки аз дастуру супоришҳои ин хоини ватанфурӯш берун набароянд ва дар чаҳорчӯбаи барномаи ӯ амал кунанд.
Ҳамин тавр Кабирӣ бар болои ҳама он озодихоҳоне, ки даъвои озодӣ мекарданд, муҳр зад ва акнун онҳо ғуломи ҳалқабаргӯши Кабирӣ гардиданд. Ғуломи Кабирӣ шудан, ки хулосаи кор нест, акнун онҳоро мебояд боз супоришҳои хоҷагони Кабириро, ки аксарият созмонҳои террористӣ ҳастанд ба анҷом расонанд. Яъне акнун авбошоне, ки фақат бо чанд ҷиноят таҷрибаи шахсиашон муаррифӣ мешуд, ҳоло ба фаъолияти террористӣ гузаштанд ва ҳуввифти худро пурра дар ихтиёри Кабирӣ гузоштанд….
Ҳамин ҷо мехоҳам аз суҳбати охири Кабирӣ ёдрас шавам, ки дар он ҷо ӯ ҷавононро чи тавр аз Тоҷикистон бурданаш ёдовар мешавад. Яъне ӯ бо ин кори кардааш ифтихор мекунад, аммо дар асл бошад ин ҷавонони гумроҳ дар лагерҳои паноҳҷӯӣ сарсону саргардон нишастаанд. Ҳамчунин мо шоҳиди маъракаи бошандагони лагери паноҳҷӯён, яъне шогирдони Кабирии хоин дар Олмон гардидем. Онҳо аллакай дар расонаҳои байналмилалӣ бо барангехтани низоъ бо муҳоҷирони қафқозӣ аз худ дарак доданд ва ин албатта паёме ба Аврупо буд. Ҳамин ҷо ҳам маълум мешавад, ки Кабирӣ барои барномаи бузурге омодагӣ мебинад ва мехоҳад, ки террористони тайёркардаашро дар Аврпуо бисанҷад ва албатта САҲА аз пуштибонии ТЭТ ҲНИ рӯзе пушаймон хоҳад гашт ва Шумо ҷавонон ҳам инро хоҳед дид. Зеро ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш бевосита аз давлати исломии Эрон супориш мегиранд ва имрӯзҳо Эрон бо Аврупо робитааш сард гардидааст, ки барои санг задану нотинҷ сохтани минтақа давлати исломӣ аз наҳзатиёни хоин истифода менамояд ва чанд амалҳои хурди террористиро анҷом медиҳад, ки маҳз ба ҳамин хотир Кабирӣ худро он ҷо ҷой кардааст. Ҳамчунин ба ибораи Савфат Бурҳонов журналисти тоҷик чанд давлати дигаре, ки бо давлатҳои Аврупо робитаи сард доранд аз тарафдорони ТЭТ ҲНИ мебошанд. Акнун хулоса намоед, ки чи тавр Кабирӣ миёни ин ҳама гиру дор худро ба бозӣ медарорад ва обрӯву нуфузи миллатро ба бод медиҳад?!
Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷрибаи сиёсии Кабирӣ он қадар бузург нест ва дипломатияи ӯ ҳам фақат бо робитаи бисёр ҳам ногусастанияш бо чанд созмони террористии байналмилалӣ хотима меёбаду халос. Аммо ғуломону сарсупурдагонаш ӯро барои ҷавонон як ситора месозанд, ки аслан арзиши як тангаи зардро ҳам надорад. Кабирӣ ва аъзоёни ифротияш мехоҳанд, ки аробаро асп неву аспро ароба бикашад, ки ин мисли ҳамоне ҳаст, ки калушро мегӯянд аз пой тезтар бидав. Ин албатта аз бедонишиву бефарҳангии Кабирӣ дар сиёсат шаҳодат медиҳад….
Ҳоло, ки Кабирӣ дигар наметавонад аз номи ҳизбаш, яъне ТЭТ ҲНИ дағдаға кунад, мехоҳад бо созмони дигараш, ки он ҳам духтарсозмони ТЭТ ҲНИ мебошад, фаъолияти террористияшро идома диҳад. Паймони миллӣ, ки фаъолияташ бар зидди миллат аст, фақат дар ин ҷо тағйири симои Кабириро ба намоиш мегузораду халос, лекин дар асл аз рӯи оинномаи ҳамон ТЭТ ҲНИ фаъолият мекунад. Тайи як соли фаъолияташ мо дидем, ки чи тавр Паймони миллӣ дар гумроҳ сохтани ҷавонон, коштани тухми низоъ миёни ҷомеа ва дасисабозӣ машғул шуд ва садҳо ҷавонро бо маълумотҳои бардурӯғ гумроҳ намуд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бошад, обрӯи ҳукумату давлатро ба тарозуи танқид кашида, маълумотҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро паҳн намуд, ки аксарияти ин маълумотҳо аз ҳақиқат фарсахҳо дур мебошанд.
Аслан гирем, решаҳои бунёдии ҳамин Паймони миллии Тоҷикистон аз сохтакориҳову қолабивазнамоӣ шаҳодат медиҳад ва бояд таъкид намуд, ки Паймони миллӣ, ки Кабирӣ роҳбараш ҳаст, картоштаи пусидаро дар полези ҳамсоя мемонад.
Пас ҳамин ҷо бояд хулоса кард, ки ин тоифа ҳаргиз аз пайи ободии Ватан нестанд ва як зарра ҳам дилашон ба миллат намесузад. Инҳо ҳар қадаре, ки метавонанд ба миллату давлати Тоҷикистон хиёнат мекунанд, то табъи хоҷагони хориҷияшон болида гардад. Зеро ҳастанд далвтҳое, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлол ба даст овардани кишвар тарафдори мустақилият ва озодии миллати тоҷик набуданд ва бо барномаҳои гуногун ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуданд ва ҳамин давлатҳо имрӯз ҳам намехоҳанд, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби замини худ набошад. Аммо ба ин давлатҳои қудратхоҳ ва душмани кишвари мо ҳамин созмони террористии наҳзати исломӣ аз рӯзҳои аввал кӯмак менамуд ва то ба имрӯз бо баҳонаҳои зиёд дар хизмати ин хоҷагони хориҷияш боқӣ мондааст. Зеро дар шароити кунунӣ барои афроде мисли Кабирӣ миллат ва Ватан арзише надорад ба ҷуз чанд доллари хоҷаҳои хориҷӣ, ки ҳар вақт барояш дастрас мешавад. Ва ин хоини сарсахт, ки акнун таҷрибаи террористияш ба ҷое расидааст, мехоҳад боз ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуда, барои худаш ҷойгузин намояд. Мақсад аз тағйири ном ва симо дар қолаби Паймони миллӣ ҳам ҳамин аст, ки насли ҷавон бештар ба дурӯғҳои онҳо дода шавад ва сафи гумроҳон афзун гардаду дар оянда хоҷагони хориҷияш аз ӯ наноланд.
Мурод аз хоҷагони хориҷӣ ҳам чанд давлати душмани Тоҷикистон ва чанд созмони террористии ҳамкори ТЭТ ҲНИ мебошад. Зеро камина далелҳои муътамаде дар даст дорам, ки ин ҳарфҳоро тасдиқ мекунад ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ имрӯз бо роҳҳои гуногун ба сафи созмонҳои террористӣ ба монанди ДИИШ ва дигар ҷараёнҳои мазҳабии тундрав мепайванданд, ки гувоҳ аз ҳамон дипломатияи хиёнаткоронаи Кабирӣ мебошад. Тибқи гуфтаи Мулло Абдураҳим, ки собиқ аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ҷавононро барои омӯхтани фаъолиятҳои террористӣ ба кишварҳои хориҷӣ мефиристод ва дар он ҷо онҳо тамринҳо ҳарбиву ҷараёнҳо ба мазҳаби мо бегонаро меомӯхтанд. Яъне наҳзатиён на дар чанд соли баъд, балки аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш бо дурнамои рушди амалҳои террористӣ фаъолиятро пеш мебурдаанд, ки миллат аз ин гувоҳ набуд.
Он чанд далелҳое, ки имрӯз оид ба аъмоли ҷиноятиву террористии аъзоёни ҳизби террористии наҳзати исломӣ дорем, муште аз хирвор аст ва боз чанд далелу бурҳони амиқе ҳаст, ки ҳоло ба пуррагӣ ба маҳзари омма гузошта нашудааст ва умедворам, ки ба зудӣ ба дасти хонандаи азиз ҳамаи ин маълумотҳо дастрас мегарданд.
Эълон намудани иттиҳоди Паймони миллиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз як амали нек ҳисобида, онро бо тамоми ҳастиям тарафдорӣ менамоям, зеро ҳаргиз намехоҳам, ки ҷавонони кишвари азизам гумроҳ шаванду бо бадномӣ вирди забонҳо гарданд.
Парвизи Машҳур
омӯзгори ДКМТ