Ба иттилои донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва омӯзгорон расонида мешавад, ки Иттифоқи касабаи донишкада дар ҳамҷоягӣ бо раёсати донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад, озмун эълон намудааст, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Д.С. иттилоъ дод.
Дар асоси низомномаи озмуни мазкур аҳли донишкада метавонанд, дар мавзӯҳои “Президенти мо-ифтихори мо” ва “Эмомалӣ Раҳмон- асосгузори давлати навини тоҷикон” мақола, очерк ва маводҳои таҳлилии хешро то санаи 14 ноябри соли 2021 ба комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
Ба иттилои ширкаткунандагон дар озмун мерасонем, ки барои гирифтани ҷойи аввал 800 сомонӣ, ҷойи дуюм 600 сомонӣ ва ҷойи сеюм 400 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Шуъбаи иттилоот