Аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Абдусамадов Ҳ.А. ва дигарон (ҷамъ 15 нафар) оғоз гардид.
Мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ ба Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович бо моддаҳои 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)), 3072қисми 1 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)), 3073қисми 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)), 179 қисми 3 банди «а» (терроризм), 1791қисми 2 банди «б», (ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо), 104 қисми 2 бандҳои «а,е,з,м» (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «а,е,з,м» (сӯиқасд ба одамкушӣ), 255 қисми 1 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 4011(ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дарҳудуди дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятӣ, ба Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич ва Сафоев Беҳрӯз Маҳмадиллоевич бо моддаҳои 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил), 3072қисми 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷиноятӣ, ба Беҳрӯзи Саймурод, Ғанизода Қурбонбек Мирзомидин, Давлатов Абдулмумин Чилаевич, Давлатов Фаррух Абдулмуъминович, Қурбонов Қиёмиддин Ятимович, Салоҳидинов Бахтовар Маҳмадисуфович, Солеҳов Мансур Шодихонович, Холмуродзода Саъдулло Файзулло, Юсуфзода Шоҳин Давлатбек, Юсуфов Фирдавсӣ Давлатбегович, Ҳайдарова Баҳринисо Раҷабалиевна ва Қаландаров Маҳмадулло Ҳабибуллоевич бо моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) Кодекси ҷиноятӣ айб эълон намудааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович – узви ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом соли 2004 таълимоти ифротгаронаи равияи динии “Салафия”-ро омӯхта, солҳои 2016 — 2017 дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии “Давлати исломӣ” дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои қонунии ин кишварҳо фаъолона иштирок намудааст.
Абдусамадов Ҳ.А. бо ҳамроҳии шаҳрвандон Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери парчами “Давлати исломӣ” рӯзи 29 июли соли 2018 бо мақсади дарёфт кардани сайёҳони хориҷӣ ва ба қатл расонидани онҳо ва бо ин роҳ паст задани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Душанбе ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, ҳуҷум намудаанд.
Гурӯҳи ҷиноятпеша аввал бо мошини худ тамғаи “ДЭУ Леганзе”, рақами давлатиаш 7489ВН03РТ сайёҳони хориҷӣ Геогхеган Л.А.М., Аустин Ҷ., Вокке Р.В., Хуммел М. ва Дименд М.К-ро пахш карда, сипас бо истифодаи кордҳо ва табари мусаллаҳгаштаи худ бо мақсади куштори сайёҳон бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон зарбаҳои марговар заданд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми Абдусамадов Ҳ.А. ва ҳаммаслаконаш шаҳрвандони хориҷӣ Геогхеган Л.А.М., Аустин Ҷ., Вокке Р.В. ва Хуммел М. аз захмҳои халидаву буридаи корду табар ба ҳалокат расиданд. Дименд М.К. ҷароҳати вазнин ба саломатӣ бардошта, бо ҳамроҳии Постма К.И., ки ҳуҷуми ҷинояткоронро мушоҳида карда, дар канори роҳ пинҳон гардида буд ва Казабат Г.Ж., ки аз ҳамсафарони худ ақиб монда буд, бо сабабҳои аз ӯ ва ҳаммаслаконаш вобастанабуда зинда монданд.
Ҳамзамон Абдусамадов Ҳ.А. дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2015 сол “Ҳизби Наҳзати Ислом” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ гаштааст, иштирокашро дар ҳайати ин ташкилот аз 29 сентябри соли 2015 то лаҳзаи дастгир гаштанаш, яъне 30 июли соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Инчунин тафтиши пешакӣ муайян намудааст, ки Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич ва Сафоев Беҳрӯз Маҳмадиллоевич барои мусоидат кардан ба интиқоли маблағи аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистии «ҲНИТ» баҳри амалӣ гаштани нақшаҳои ташкилоти мазкур фаъолона иштирок намудаанд. Онҳо супориш гирифтаанд, ки барои анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи онҳо аз Федератсияи Россия маблағҳои пулӣ интиқол дода мешавад. Ғаниев К.И. ва Сафоев Б.М. якчанд маротиба маблағҳои ба номашон интиқолшударо гирифта, ба Абдусамадов Ҳ.А. медиҳанд. Абдусамадов Ҳ.А. ва аъзои фаъоли ташкилоти ҷиноятӣ бародарон Юсуфовҳо ин маблағҳои пулиро барои омода кардани парчами ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», харидорӣ кардани се адад корди қатшавандаи сайёҳӣ, як адад силоҳи сард-корди шикорӣ, сару либоси ба аъзои «Давлати исломӣ» монанд, телефони мобилӣ, сим-кортҳои ба номи дигар шаҳрвандон ба қайд гирифташуда, сӯзишворӣ ва таъмири автомашинаи тамғаи “ДЭУ Леганзе”, рақами давлатиаш 7489ВН03РТ, ки ба аъзои гурӯҳ Юсуфов Ҷ.С. тааллуқ дошт, харҷ намуданд.
Ғайр аз ин, Ғаниев К.И. ва Сафоев Б.М. дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2015 сол ҳизби наҳзати ислом дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ гаштааст, иштирокашро дар ҳайати ин ташкилот то лаҳзаи дастгир гаштанашон, яъне 31 июли соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доданд.
Ҳамчунин мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ нисбат ба Беҳрӯзи С., Ғанизода Қ.М., Давлатов А.Ч., Давлатов Ф.А., Қурбонов Қ.Я., Салоҳидинов Б.М., Солеҳов М.Ш., Холмуродзода С.Ф., Юсуфзода Ш.Д., Юсуфов Ф.Д., Ҳайдарова Б.Р. ва Қаландаров М.Ҳ. бо моддаи 347 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намудааст. Номбурдагон барои дидаву дониста дар бораи ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардани Абдусамадов Ҳ.А., Юсуфов А.Д., Юсуфов Ҷ.С., Маҷидов А.Ё., Сафаров З.Ҷ. Ғаниев К.И. ва Сафоев Б.М., инчунин бошишгоҳи шахсони ҷиноят содирнамуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надода, барои пешгирии оқибатҳои фаъолияти аъзои ташкилоти ҷиноятӣ мусоидат накардан айбдор карда шудаанд.
Аз натиҷаи баррасии парвандаи мазкур маълумоти муфассал дода хоҳад шуд.
Бахши иттилооти Суди Олӣ