ИТТИЛОИЯИ ДОДГОҲИ ОЛӢ: ҲАМАИ 5 ҚОТИЛИ САЙЁҲОН УЗВИ ҲНИТ БУДАНД

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ аз оғози муҳокимаи парвандаи 15 гумонбар ба даст доштан дар ҳамлаи террористии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара хабар дод. Дар иттилоия ҳамаи 5 ҳамлагар узви ҲНИТ номбар шудаанд. ҲНИТ ҳар навъ даст доштанаш дар ҳамлаи Данғараро рад мекунад. Ҳусейн Абдусамадов, гумонбари асосӣ низ, тавре қаблан гузориш шуд, дар додгоҳ гуфтааст, онҳо сайёҳонро бо фармони Нуҳас ном эмиссари ДОИШ кушта буданд.