ИСТИҚЛОЛИЯТ-РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

 

                             Шаҳри мо аз файзи истиқлоли мо

                             Бӯстони кишвари мо гаштааст

                             Бӯстон аз Ваҳдати мову шумо

                             Шаҳри зебову дилоро гаштааст

 

   Бо баракати сустшавии назми  Шӯравӣ баъзе аз ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд хостанд, ки худро мустақил эълон намоянд. Якумин шуда ҷумҳуриҳои назди Балтика Латвия, Литва, Эстония аз тобеияти Иттиҳоди Шӯравӣ баромада худро мустақил эълон карданд.

 Зери нишасте президентҳои Россия  Борис Елтсин, президенти Белоруссия Станислав Шушкевич, президенти Украина Леонид Кравчук ҷамъ омада мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравиро бо имзои муқаррароте бекор намуданд. Ҳамингуна аз фурсат истифода бурда, аввал Ӯзбекистон якуми сентябр баъд аз нӯҳ рӯз Тоҷикистон 9- уми сентябр мустақилияти худро бе ягон ҷанг, бидуни хунрези яъне ба таври осоишта эълон карданд. Аз ҳамон рӯз ин ҷониб мардуми шарифи тоҷик  солагрди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бояд зикр намуд, ки ин истиқлолият барои Тоҷикистон гарчанде озодӣ оварда бошад ҳам, лекин гарониҳои зиёдеро низ овард. Аз як тараф дар дохил ҷанг мерафт аз тарафи дигар робитаҳои иқтисодие, ки бо тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ буданд канда шуданд. Агар дар гузашта онҳо ба мо ғалла, оҳан,нуриҳои минералӣ ва трактор медоданд,  лек  баъдан ҳама аз ин робита даст кашиданд, чунки ҳама пароканда шуданд ва барои Тоҷикистон аз ин  ҷиҳат андак мушкил пео омада буд.

                                      Чист истиқлол давлат доштан

                                      Дар Ватан бо ёр Ваҳдат доштан

                                      Ҳуҷҷати сабзи ватандорӣ  ба даст

                                      Ҳаққи ман гуфтан саодат доштан

     Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад.  Зиндагиро дар ҳар давлат бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Ҳамин тавр озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихи кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарту бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намомем. Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, инчунин эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ парчам, нишон ва суруди миллӣ гардидем. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар қасри арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми пояҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Чунончи худи Пешвои миллат таъқид кардаанд: ”Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқубунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

    Дар анҷом ҳаминро мехоҳам таъқид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи Ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем Истиқлолияти худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат в меҳнатдӯсти муяссар мнегарданд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодиир таърихӣ бирасем, зеро Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлолияти давлатии тоҷикон!

                                   Шукри Истиқлоли кишвар мекунем

                                   Шукри ғамхории сарвар мекунем

                                   Тоҷикистон модари маҳбуби мо

                                   Шукри модар, шукри модар мекунем!  

 

 

                                                                       Мариншоев Ваҳдатшоҳ Шоҳрухович

                                                                               донишҷӯйи бахши дуюми ДКМТ