Санаи 29 сентябр дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи МУСТАҚИЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, ҲАДАФҲО, РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАҲОИ БУЗУРГИ СОҲА баргузор гардид. Мутахассисони соҳаи электроэнергетика, иштирокчиёни маърӯзачӣ ва донишҷӯён даъват карда шуда буданд.
Лоизим ба ёдоварист, ки дар маросими ифтитоҳи конфронс ректори Донишкадаи куҳи –металлургии Тоҷикистон дотсент М.Фозилзода иброз доштанд, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳалафҳоии асосии стратергияи рушди иқтисодии мамлакат буда дар ин самт бо дастур ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар маърузаҳои иштирокчиёни конфронс паҳлӯҳои гуногуни раванди татбиқи лоиҳаҳои мустақилияти энергетикӣ ба риштаи таҳлил кашида, зикр гардид, ки тадриҷан инфраструктура обод шуда дониши мутахасисон дар ин ришта такомул меёбад.
Конфронс басо пурмазмун ва дар доираи баҳсҳои илмӣ доир гардид.
Кумитаи тадорукот