ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Муаррифии бахши нави АМИТ «Ховар» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар арафаи 29-солагӣ ва ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Агентии миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахши наверо зери унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» ифтитоҳ мекунад.

Дар зер бахши навро муаррифӣ менамоем.

Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад.

Аммо таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд.

Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи Замин намунаи ибрат нишон медиҳанд.

Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд.

Онҳо бо пиндору гуфтор ва рафтори худ собит месозанд, ки агар кас завқу хоҳиш дошта бошад, дар назди худ ҳадафи мушаххас бигузорад ва ҷиҳати расидан ба он саъй ва кӯшиш намояд, роҳи ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилот ва иҷрои вазоифи мухталиф, ҳатто бениҳоят мураккаб ва миқёсан бузургро хоҳад дарёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад».

Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст. Сарвари давлати Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки ҷуз ин роҳи дигару беҳтари ҳаллу фасли низоъҳо вуҷуд  надорад.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таҷрибаи беназири меъмории сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон вирди забонҳост. Ин таҷриба мавзӯи маърӯзаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ шудааст.

«Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошанд», — эътироф намудааст Конфронси байналмилалӣ, ки аз тарафи Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзӯи “Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?” роҳандозӣ  шуда буд.

«Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст.» — ба чунин андеша  расиданд иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеъаи Осиёи Марказӣ», ки онро  созмони  «Симера»-и Швейтсария  доир карда буд.

«Истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар Афғонистон ба мақсад мувофиқ аст», — таъкид намуданд иштирокчиёни конфронси Донишгоҳи сулҳи СММ.

Дар тӯли 29 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.

Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Муҳимтарин хидмати Пешвои миллати тоҷик, ки ҳатто мухолифони сиёсии ӯ онро эътироф мекунанд, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон мебошад.

Яке аз қарорҳои муҳимтарини Ҷаноби Олӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ин воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 1992 ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 1996 мебошанд.

Пешвои миллат нахустин сиёсатмадор ва асосгузори муҳокимаи масоили вобаста  ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Сарвари давлат  бо унвони «Пешвои  асри XXI», ки аз тарафи Шӯрои аврупоӣ оид ба равобити байналмилалӣ таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида  шудаанд. Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва  Донишгоҳи технологияҳои эҷодии Лимкоквинг (Малайзия), профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии  Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи кӯҳии Урал, Донишгоҳи Шинҷон (ҶМЧ), Донишкадаи давлатии иқтисод ва менеҷменти Туркманистон, узви ифтихорӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии илмҳои тиб мебошанд.

Президенти Тоҷикистон бо нишони «Александр Невский»-и Россия, орденҳои Қазоқистон «Парасат», Ӯзбекистон — «Эл юрт хурмати»,  ордени «Ҳилоли Аҳмар ва Ситора» -и Кумитаи байналмилалии мубориза бо терроризм, медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ «Барои мубориза бо тамокукашӣ», медали тиллои ЮНЕСКО ба номи Ҷ. Румӣ (Балхӣ), медалҳои тиллоии Федератсияи байналмилалии самбо, Кумитаи олимпии Чин, Ассотсиатсияи халқҳои Россия ва дигар мукофотҳои байналмилалӣ  тақдир карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 маротибаи панҷум паиҳам ба Рӯйхати бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон (The Muslim 500) ворид гардиданд. Президенти Тоҷикистон муаллифи зиёда аз 20 китоб дар бораи таърих ва забону фарҳанг ва илму адаби миллати тоҷик мебошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон ҳамон нақши миқёсан бузургро иҷро намудаанд, ки ислоҳотгарони машҳури олам, аз ҷумла Отатурк дар Туркия, Шарл де Голл —  дар Фаронса, Маҳатхир Муҳаммад — дар Малайзия, Ли Куан Ю — дар Сингапур, Дэн Сяопин — дар Чин ва ё Франклин Рузвелт дар ИМА бозидаанд.

Зимнан чанд сол қабл ман дар ин бора зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва Франклин Рузвелт: умумиятҳои зиёд» («Эмомали Рахмон и Франклин Рузвельт: много общего») очерк навишта будам, ки 25 феврали соли 2015 дар рӯзномаи  «Народная газета» нашр  ва дар  сомонаи  АМИТ «Ховар» ҷой шуда буд. Очерк бо суханони зерин хотима меёбад:

«Зиёда аз 80 сол боз амрикоиҳо хотираи Франклин Рузвелтро ҳамчун пешвои миллат ёдоварӣ мекунанд ва муқаддас медоранд. Аксари он чизҳое, ки амрикоиҳо имрӯз бо он ифтихор мекунанд, аз баракати ӯ мебошанд.

Амрикоиҳо аллакай дар солҳои нахустини ҳукмронии Рузвелт ба неруи ҳаётбахшу коҳишнаёбанда, хирад ва дурандешии ӯ эътимод намуданд. Бинобар ин, ӯ ягона президенти амрикоӣ дар таърих буд, ки чаҳор маротиба пай дар пай  сарвари давлати ИМА интихоб шуда буд. Ин, алалхусус, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки  дар солҳои ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ва Франклин Рузвелт Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида озмоишҳои сахттаринро паси сар карданд. Агар  амрикоиҳо бо Депрессияи бузург (Great Depression), бӯҳрони бонкӣ, бекории оммавӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда бошанд, пас қисмат моро бо  оқибатҳои ниҳоят сангини фурӯпошии ИҶШС, ҷанги шаҳрвандӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ  рӯ ба рӯ намуд.

Халқҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида аз Офаридгор сипосгузоранд, ки дар чунин давраҳои душвору сангин ба онҳо пешвоёнеро мисли Э. Раҳмон ва Ф. Рузвелт ато намуд, пешвоёне, ки ҳаёт ва фаъолияташон намунаи барҷастаи ҷасорату матонат, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани худ мебошад».

***

Хонандагони гиромӣ! Асоси бахши нави моро таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ваҳдати миллии мардуми он,  рушди босуботи иқтисодиёт ва  беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолии кишварамон ташкил медиҳад.

Бахши нави мо минбаъд пайваста бо омори муҳим, далелҳои ҷолиб ва  суханони  мухтасари сарварони давлатҳо, сиёсатмадорони муосир, шахсиятҳои машҳури ҷаҳон дар бораи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукаммал карда хоҳад шуд.

Боиси хушҳолии мо хоҳад буд, агар шумо дар ин кор саҳим бошед ва дар гирдоварии чунин мавод ба мо кумак намоед. Қаблан аз шумо сипосгузорем! Имрӯз мо дар бахши нав андешаҳои ашхоси саршиноси ҷаҳон ва ходимони намоёни давлатӣ ва  илму фарҳангро дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо пешниҳод менамоем.

Бо эҳтиром ба ҳамаи шумо —

Саидалӣ СИДДИҚ,
директори  АМИТ «Ховар»

 

 

 

Шахсиятҳои саршиноси ҷаҳон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

 

I. Сарварони давлатҳо, сиёсатмадорони машҳур

 

Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Россия:

 

«Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон  раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, — барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

(Маҷаллаи «Огонёк», соли 1999)

 

Уилям (Билл) КЛИНТОН, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (солҳои 1993 — 2001):

«Тоҷикистон воқеан ислоҳоти муҳими иқтисодиро амалан татбиқ месозад ва Иёлоти Муттаҳида Шуморо, ҷаноби Президент, дар ин марҳилаи гузариши барои Шумо таърихӣ дастгирӣ менамояд».

(Аз паём ба Э. Раҳмон, июни соли 2000).

 

Ҷорҷ БУШ, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  (солҳои 2001 — 2009):

«Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони  давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар  кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».

***

«Мардуми Амрико аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бениҳоят сипосгузор аст. Ман шодам, ки муносибот байни кишварҳои мо таҳким ёфтанд ва умедворам, ки мо якҷоя кӯшишҳоямонро дар ҷодаи рушду тараққӣ, озодӣ ва амнияти тамоми минтақа идома хоҳем дод».

ӯзномаи «Садои мардум»,соли  2002)

 ***

«Иёлоти Муттаҳида ифтихор доранд, ки дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо Ҳукумати Тоҷикистон шарокати қавӣ дорад. Мо аз дастгирии  ҳамешагии  шумо дар ҷанг алайҳи терроризм ва истиқрори амнияту субот дар Афғонистон  ва умуман дар минтақа сипосгузорем.

Ман интизори муносиботи мутақобилаи амиқ ва мустаҳкам байни кишварҳоямон мебошам ва ба халқи Тоҷикистон ояндаи демократӣ, босубот ва шукуфон таманно мекунам».

(Аз паём ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, сентябри соли 2006)

  

Доналд ТРАМП, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико:

«Муҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон! Дар тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ифтихор дорад, ки истиқлолият ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти  таҳкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамкорҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол мекунем.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд ҳам дастгирии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳанд дод».

(Аз паёми табрикӣ ба Э. Раҳмон ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2019)

 

Дзян ДЗЕМИН, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (солҳои 1993-2003):

«Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».

(Маҷаллаи «Огонёк», соли 2000)

 

Ху ДЗИНТАО, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (солҳои 2003-2013):

 

«Дар солҳои охир бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов дар кишвар ризоияти миллӣ бомуваффақият барқарор гардид, иқтисодиёт бидуни вақфа  аз нав барқарор мегардад, равобити хориҷӣ рӯз то рӯз ҷоннок мешаванд, тамоми соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар рушд меёбанд. Мо самимона аз ин дастовардҳо шодӣ мекунем».

ӯзномаи «Ҷумҳурият», сентябри соли 2003)

*** 

«Дар тӯли 15 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Шумо халқи тоҷик барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ саъй намуда, сулҳу суботи кишварро фаъолона таъмин кард, дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва иртиқои манзалати  байналмилалии давлати худ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

Мо ҳамчун ҳамсояи девордармиён ва дӯсти самимӣ аз ин дастовардҳо самимона шодӣ мекунем».

(Аз паёми табрикӣ  ба унвони Э. Раҳмон ба ифтихори
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сентябри соли 2019)

 

Си ҶИНПИН, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин:

«Моҳи апрели соли равон шумо дар Форуми дуюми сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи ибтикори «Як камарбанд ва як роҳ» дар Чин ширкат варзидед. Дар моҳи июн ман бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардам ва дар ҳамоиши МҲТБО ширкат намудам. Мо бо Шумо гуфтушунидҳои судманд доштем, ба тавофуқоти густурда ноил гардидем ва нақшаи нави рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳоти мухталиф таҳия намудем. Ман ба рушди муносиботи Чин ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бузург мабзул медорам ва азм дорам муштаракан бо Шумо дар самти иртиқоъи бидуни вақфаи муносиботи  Чин ва Тоҷикистон ва шарикии стратегӣ ба сатҳи баландтар ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон саъйу кӯшиш намоям.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва тавоноӣ ва ба халқи он хушбахтӣ ва рифоҳат таманно мекунам».

(Аз паём ба унвони Э. Раҳмон ба ифтихори
Р
ӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сентябри соли 2019)

 

Нурсултон НАЗАРБОЕВ, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:

 

«Дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ  зикр мекунанд, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин, бидуни шубҳа, хизмати бузурги Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот аёнан нишон дод, ки то чӣ андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст, то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст».      

(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Курьер Таджикистана», 13 июни соли 2000)

 

Қосим-Жомарт ТОКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!  Дар тӯли солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард.

Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша шод мешаванд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстона ва боварибахш байни давлатҳои мо аҳамияти калон медиҳанд».

 (Аз паёми табрикотӣ ба Э. Раҳмон ба ифтихори
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2019)

 

Ислом КАРИМОВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 1991-2016):

«Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқодот ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи  асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошанд».

(Аз суханронии И. Каримов, 15 июни соли 2001)

 

Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

«Имрӯз мо дар муносиботи дуҷонибаи худ саҳифаи навро боз ва ин муносиботро ба сатҳи сифатан баландтар мебардорем. Мусалламан, ин хидмати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародари азизам, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович — арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ аст, ки хидматҳои ӯ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд».

(Аз суханронии Ш. Мирзиёев дар консерти
«Шоми дӯстӣ» дар Душанбе, 10 марти соли 2018)

 

Ҳайдар АЛИЕВ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (солҳои 1993-2003):

«Зуҳури давлати Сомониён ба рушди тамаддуни баланд таҳаррук бахшид. Мероси эҷоднамудаи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, санъати баланд, намунаҳои адабӣ ва меъмории он дар хазинаи башарият ҷойгоҳи сазовори худро ёфтаанд. Халқҳои бародари Озарбойҷон ва Тоҷикистонро, ки пайвандҳои муштараки таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ доранд, имрӯз бунёди давлатҳои озод ва мустақил муттаҳид мекунанд. Ман ба рушди равобит байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон аҳамияти зиёд медиҳам ва орзу дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон тамоми мушкилотро дар роҳи худ муваффақона паси сар кунад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият халқи дӯсти тоҷик мушкилоти зиёдеро таҳаммул намуд, аммо ман мутмаинам, ки хатми ҷараёни танзими  сулҳомез дар кишвар имкон хоҳад дод, то таҳдоби устувори суботи сиёсӣ гузошта шавад, ки дар асоси он Тоҷикистон ба давлати демократӣ ва пешрафта мубадал хоҳад гардид».

(Аз паём ба Президенти ҶТ Э. Раҳмон, сентябри 1999)

 

Александр ЛУКАШЕНКО, Президенти Ҷумҳурии Беларус:

«Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз мустаҳақи ифтихор аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмонов мебошанд.

Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин инсон, бори дигар таъкид мекунам, кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред. Мо ҳама – дар  ИДМ — ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин — ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Россия ва дар дигар давлатҳо мебошад».

(Аз мусоҳиба бо хабарнигорон)

 

Тони БЛЭР, Нахуствазири Британияи Кабир (солҳои 1997 — 2007):

 

«Муносибот байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар солҳои охир вориди марҳилаи нав шуданд. Ҳаводиси 11 сентябр нишон доданд, ки мушкилот ва нигарониҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа онҳое, ки дар марзҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, таваҷҷӯҳи моро тақозо мекунанд.

Ман ба дастгирии Эмомалӣ Раҳмонов дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон арҷ мегузорам ва барои нақш ва кӯшиши Тоҷикистон дар самти расонидани кумак изҳори сипос мекунам».

(Аз паём ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон, 2002)

 

Аскар АКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (солҳои 1990-2005):

 

«Ман чунин ҳисоб мекунам, ки Президент Раҳмонов тавонист, ки дар солҳои охир кори бузургеро анҷом диҳад — миллатро муттаҳид намояд, раванди оштии миллӣ ва ризоиятро оғоз кунад. Имрӯз ин раванд бебозгашт шудааст ва мо, тамоми кишварҳои ҳамҷавор аз ин хеле шодем. Ин саҳми бузург дар мусолиҳаи миллӣ, истиқрори сулҳ ва рушди минбаъдаи давлати тоҷикон аст».

 (Аз мусоҳиба бо журналистони тоҷик, соли 1997)

 

Роберт КОЧАРЯН, Президенти Ҷумҳурии Арманистон (1998 — 2008):

«Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо халқи худ роҳи душвори барпо намудани давлатдории миллӣ ва истиқлолияти ҳақиқиро тай намудааст. Ин танҳо ба сиёсатмадорони хирадманд ва дорои тавони дурбинию дурандешӣ, ки ба сӯи ҳадафи асосӣ гоми босубот мебардоранд, муяссар мешавад».

ӯзномаи «Минбари халқ», 2 апрели 2002)

 

Леонид КУЧМА, Президенти Ҷумҳурии Украина (солҳои 1994-2005):

«Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият роҳи душвори рушди давлатдорро тай намуд, мушкилоти давраи гузаришро паси сар кард ва дар бунёди ҷомеаи озоду демократӣ, таъмини сулҳу  ризоияти миллӣ ва таҳкими эътибори байналмилалии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид».

(Аз мусоҳиба бо ВАО-и Тоҷикистон, соли 2003)

 

Борис ГРИЗЛОВ, Раиси Думаи давлатии Россия (солҳои 2003-2011):

«Муносиботи Россия ва  Тоҷикистон бо суръат ва дар тамоми самтҳо рушд меёбанд. Ва ин ба хизматҳои бевоситаи Президентҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — В.В. Путин ва Э.Ш. Раҳмонов бастагӣ дорад. Маҳз онҳо равобити Россия ва Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд — марҳилаи нави ҳамкории мутақобилаи  судманд фаро расид. Ҳама шароитҳо, аз ҷумла иродаи сиёсии пешвоёни ду кишвар мавҷуданд, ки ин тамоюл хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намояд».

(Аз мусоҳиба бо журналисти тоҷик М. Тоштемиров, 14 декабри соли 2005)

 

Вэн ДЗЯБАО, Садри аъзами Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (солҳои 2003 – 2013):

«Дар солҳои охир  таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмонов  халқи тоҷик аз кӯраи  муборизаи якдилона ва пайгирона гузашта, мусолиҳаи миллӣ, суботи сиёсӣ ва некӯаҳволии иҷтимоиро таъмин намуд. Дар натиҷа, иқтисодиёти кишвар неруманд мешавад,  муносибатҳои  хориҷӣ густариш меёбанд ва дар соҳоти сохтмони умумимиллӣ муваффақиятҳои азим ба назар мерасанд. Ҷумҳурии қадимбунёд ва дар айни замон ҷавони Тоҷикистон уфуқҳои нави рушди миллиро боз мекунад ва саҳифаи пурифтихорро дар таърихи худ сабт менамояд. Ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти дерин ва шарики боэътимод мо аз ин ҳама самимона шодӣ мекунем».

(Аз мусоҳиба бо В. Воробёв, сардабири нашрияи «Народная газета», сентябри соли 2006).

 

Михаил ГОРБАЧЕВ, нахустин ва охирин Президенти Собиқ ИҶШС:

 

«Таҷрибаи танзими сулҳи Тоҷикистон бо усулҳои сиёсӣ воқеан беназир аст. Ин таҷриба метавонад ҷиҳати ҳаллу фасли муқовиматҳо ва ихтилофот дар дигар нуқоти доғи сайёра муваффақона истифода шавад».

 (Аз мусоҳиба бо хабарнигорон дар Конгреси
ҷаҳонии матбуот, июни соли 2006)

  

Владимир ВОРОНИН, Президенти Ҷумҳурии Молдова (2001-2009):

  

«Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун Сарвари давлат на танҳо дар Ватани худаш, балки дар хориҷи он низ мавриди эътибор гардонидаанд».

(Аз мусоҳиба бо хабарнигор М. Тоштемиров, 6 ноябряи соли 2002)

 

Сафармурод НИЁЗОВ (Туркманбошӣ), Президенти Туркманистон (солҳои 1990-2006):

 

«Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бо халқи кӯҳанбунёд ва хирадманди худ забони муштарак пайдо кард, ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоият ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Бо халқи тоҷик  мо асрҳо ҳамсоягии нек дорем, рӯҳ ва хислати мо бо ҳам наздик аст».

(Аз мусоҳиба дар матбуот, соли 2000)

  

Бурҳониддин РАББОНӢ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1992-2001):

 

«Дар соатҳои озмоишҳои мушкил шахсиятҳои таърихӣ метавонанд тасмимҳои таърихӣ иттихоз намоянд. Дар мавриди Афғонистон, бо итминони комил метавон гуфт, ки талоши пайгирона ва истодагарие, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо он мехост таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба фоҷиаи Афғонистон ҷалб кунад, танҳо бо корнамоии ҳақиқӣ қобили қиёс аст. Он замон Тоҷикистон дар вазъи бениҳоят вазнин қарор дошт, таҳдиди «Толибон» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеан  мавҷуд буд. Дар чунин шароит бархе аз кишварҳо ба хотири ворастан аз бархӯрд бо «Толибон» равобити худро бо ин гурӯҳ таҳким бахшиданд. Маҳз ҳамин корро аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон низ интизор доштанд. Аз ӯ ошкоро тақозо карданд, ки мушкилоти тоҷикон бидуни ин ҳам зиёд аст, пуштибонии неруҳои муқовимати мардумӣ дар Афғонистон чӣ зарурият дорад? Вале Эмомалӣ Раҳмонов, сарфи назар аз тамоми мушкилот, ҳимояи  халқи афғонро идома бахшид. Ин мавқеъи мардона ва дурандешона минбаъд авзоъи минтақа ва ҷаҳонро бунёдан тағйир дод».

 (Аз бо мусоҳиба бо рӯзномаи «Тоҷикистон», июни соли 2006)

  

Йоханнес РАУ, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия (солҳои 1999-2004):

  

«Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни таъхир дар суфуфи иттиҳоди зидди террористӣ ворид гардид, ки қобили сипос ва эътироф аст. Кӯшишҳои хастагинопазири Президент Раҳмонов, ки ба таъмини субот ва мусолиҳаи дохилии тоҷикон нигаронида шудаанд, метавонанд намунаи ибрат барои соири кишварҳо гарданд».

(«Народная газета», сентябри соли 2002)

 

Абдуллоҳ ибни АБДУЛАЗИЗ АЛ САУД, Шоҳи Арабистони Саудӣ (солҳои 2005-2015 ):

«Мо, ҷаноби Президент, Шуморо аз ҳар каси дигар дида бештар дӯст медорем ва эҳтиром мекунем, чунки Шумо ба шарофати сиёсати хирадмандона ва амалҳои қатъии худ дар сарзаминатон сулҳу суботро барқарор кардед, миллататонро аз варшикастагӣ ва ҳалокат наҷот додед.

Бар дӯши Шумо масъулияти сарнавишти халқи ба мо бародар, ки бо таърихи куҳанбунёди худ ва фарҳанги ғаниаш машҳур аст, вогузор шудааст ва иштироки Шумо имрӯз дар нишасти 10-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ — ин арҷгузорӣ ба саҳми таърихии ҳамватанони шумост».

(Аз сӯҳбати Абдуллоҳ Ибни Абдулазиз Ал Сауд ва Эмомалӣ Раҳмонов, Путраҷая, Малайзия, 17 октябри соли 2003)

 

Жак ШИРАК, Президенти Ҷумҳурии Фаронса (солҳои 1995-2007):

«Халқи Фаронса мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва олии сиёсӣ ва маънавии мардуми тоҷик такя мекунад, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард».

(«Народная Газета». 2002)

*** 

«Ман, бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо қаноатмандии худро дар мавриди  муносиботи мо дар тӯли солҳои охир ва хоҳиши худро, ки мехоҳам ҳамкориамонро  аз ин дида бештар таҳкимёфта бубинам,  иброз намоям. Ман инчунин мехоҳам ба Шумо барои пазироии кишваратон аз неруҳои ҳавоии Фаронса дар тӯли панҷ соли охир ташаккур бигӯям. Ин ҳузури тӯлонӣ ба  кишварҳои мо имкон дод, ки равобити амиқи дӯстона барқарор кунанд. Ман  лаҳазоти бисёр хуби мулоқотамонро дар моҳи октябри соли 2005  ҳеҷ аз ёд намебарорам.

Ман инчунин мехоҳам бори дигар ба Шумо итминон бидиҳам, ки Фаронса ва шарикони ӯ аз Иттиҳоди Аврупо, ки  дар он ҷо ба ҳамкориҳои минтақавӣ,  гуногунандешӣ ва волоияти қонун афзалият дода мешавад, ҳама ташаббусҳоеро, ки барои ба минтақаи босубот, шукуфон ва мутмаин табдил додани Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд,  қотеъона дастгирӣ мекунанд».

(Аз паём ба номи Э. Раҳмонов ба муносибати
 Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сентябри соли 2006)

 

Атал Бихарӣ ВАДЖПАИ, Садри аъзами Ҷумҳурии Ҳиндустон (солҳои 1996-2004):

 

«Муносибот байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон решаҳои амиқи чандинасраи фарҳангӣ ва таърихӣ доранд ва пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон рушди онҳо шурӯъ гардид: онҳо ба шарикии наздик, ки мубанӣ бар пайравии дунявият, таҳаммулпазирӣ ва сулҳи байналмилалӣ мебошад, табдил ёфтанд. Президенти Тоҷикистон — дӯсти бузурги Ҳиндустон аст».

(Аз мусоҳиба бо телевизиони Тоҷикистон, 10 майи соли 2001)

 

 Иосира МОРИ, Садри аъзами Ҷопон (солҳои 2000-2001):

«Ҷопон умедвори идомаи ислоҳоте мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо дар Тоҷикистон сурат мегирад, чунки сулҳу суботи он барои сулҳу субот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Аз ин лиҳоз, Ҷопон ба бебозгаштии раванди сулҳ дар кишвари Шумо арҷ мегузорад.

Ҷопон дар масири фаъолияти дипломатии худ дар кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам ба рушди Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, ман ният дорам, ки барои таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстона байни кишварҳоямон тамоми саъй ва кӯшишҳоро истифода намоям».

 (Аз паём ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов, майи соли 2000)

 

Сулаймон ДЕМИРЕЛ, Президенти Ҷумҳурии Туркия (солҳои 1993-2000):

 

«Дӯстии Тоҷикистон ва Туркия — ин дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳо аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии дӯсти наздики ман Эмомалӣ Раҳмонов, ки имрӯз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ мебошад, метавонад бо кумаки дӯстон ва бо шарофати меҳнати фидокоронаи халқаш босуръат рушд кунад».

(Аз мусоҳиба бо Телевизиони Тоҷикистон, соли 2005)

 

Ҳомид КАРЗАЙ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 2001-2014):

«Президенти Тоҷикистон дар байни халқи Афғонистон аз эҳтироми зиёд бархӯрдор аст. Ман шахсан ҳангоми сафари расмии Ҷаноби Олӣ ба кишвари мо ба ин итминон ҳосил намудам. Мо хуб дар хотир дорем, ки чӣ тавр дар замони душвортарин барои Афғонистон, замони бедодгариҳои толибон Эмомалӣ Раҳмонов аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи Афғонистон менамуд ва изҳор мекард, ки ин мушкилоти на танҳо як кишвар ва ё минтақаи алоҳида, балки тамоми ҷомеаи башарӣ аст. Маҳз аз баракати  чунин кӯшишҳо бисёр давлатҳо сиёсати стандартҳои дугонаро нисбат ба Афғонистон тағйир доданд, дар ватани мо раванди сулҳ оғоз ва эҳёи дубораи кишвар шурӯъ гардид».

(Аз мусоҳиба бо ВАО, июли 2006)

 

Александр Квасневский, Президенти Ҷумҳурии Полша (солҳои 1995-2005):

«Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар мавриди  ташкили эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ қадами бисёр муҳим дар мубориза алайҳи терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад».

ӯзномаи «Курйер Таджикистан», 24 октябри 2002)

 

Абдулай ВАДЕ, Президенти Ҷумҳурии Сенегал (солҳои 2000-2012):

 

«Тоҷикон  халқи хушбахтанд. Зеро Худои таъоло ба онҳо чунин марди  оқил ва бомаҳоратро ҳамчун роҳбар ва пуштибон ато кардааст.

Мо дар Сенегал Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро хуб мешиносем ва ба кӯшишҳои хастагинопазири ӯ ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон ва тамоми минтақа арҷ мегузорем.

Ман алоқамандам, ки бо Ҷаноби Олӣ мо муносиботи наздики дӯстона ва бародарона барқарор намоем. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният беназир аст ва ҳама, аз ҷумла халқи кишвари ман бояд амиқ онро биомӯзем. Аз ин рӯ, ман аз Президенти муҳтарам даъват мекунам, ки дар вақти барояшон муносиб ҳамчун меҳмони олиқадр ба Ҷумҳурии Сенегал ташриф биоваранд».

(Аз сӯҳбат аз тариқи ТВ дар Макка, 7 октябри соли 2005)

 

Томас КЛЕСТИЛ, Президенти Австрия (солҳои 1992-2004):

 

«Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов таҳдоби зиндагии ояндаро мегузорад. Ин пас аз эътидоли бебозгашти субот дар ҷумҳурӣ имконпазир гардид. Муносиботи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқтар мешаванд».

(Аз мусоҳиба бо ВАО, 13 апрели 1999)

 

Адриенна КЛАРКСОН, Генерал-губернатори Канада (солҳои 1999-2005):

«Ибтикори муҳим — ин бунёди ҷомеаи озод ва демократӣ барои халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо талошҳои доимии худ дар самти таъмини ояндаи осоишта ва мусоид барои шаҳрвандони кишвар ба пешрафт ноил гардид».

ӯзномаи «Ҷумҳурият», сентябри соли 2003)

 

Юрий ЛУЖКОВ, Мэри шаҳри Москва (солҳои 1992-2010):

«Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов на танҳо сулҳофари барҷаста ва сиёсатмадори маъруф, инчунин хоҷагидори кордон ва машҳур мебошад, ки ислоҳоти дурусти иқтисодиро, ки меваҳои он аллакай самар медиҳанд, татбиқ менамояд. Чизи асосӣ ин аст, ки ӯ хеле хуб медонад, ки бо кадом шарикони стратегӣ сару кор бигирад ва ба нафъи Тоҷикистон ва тоҷикистониён фаолият намояд».

(Аз мусоҳиба бо хабарнигори тоҷик М. Тоштемиров, соли 2005)

 

Шоҳзода ОҒОХОНИ IV, Пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон:

«Барои сиёсатмадори мутафаккир раванди тағйирот ва инфисолнопазири маҷрои замон маънои имконоти бузургро, на танҳо барои дарки замони ҳозира дар партави гузашта, инчунин фаҳмиши гузаштаро дар партави замони ҳозира дорад. Эмомалӣ Раҳмонов бо кирдор ва корҳои худ исбот мекунад, ки ӯ ба дараҷаи кофӣ тавони татбиқи чунин имконотро дорад. Президенти Тоҷикистон, ки пойбанди догмаҳои идеологӣ намебошад ва ҳамеша ба фаросати худ такя мекунад, ғояи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро дар кишвари худ ба сатҳи сиёсати давлатӣ баланд бардошт, вале дар айни замон, онро ба худмаҳдудкунӣ ва такаббури миллӣ муқобил мегузорад ва хастагинопазирона ба муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, омезиши тамаддунҳо даъват менамояд. Имрӯз комилан возеҳ аст, ки ин шарти ҳатмии бақо ва рушди башарият дар асри 21 аст».

(Аз мусоҳиба бо ВАО, соли 2002)

 

Муҳаммадсиддиқи ЧОКАР, собиқ Вазири оид ба корҳои ҳаҷи Ҷумҳури Афғонистон:

«Ҷаҳони Ислом, кишварҳои Арабу Аҷам бояд ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон арҷ бигузоранд, чунки маҳз бо ибтикори ӯ бори нахуст дар ҷаҳон Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар сатҳи давлатӣ эълон карда шуд ва Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 — солагии Имом Абӯҳанифа доир гардид».

(Аз суханронии  вазир Муҳаммадсиддиқи Чокар дар Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколама байни тамаддунҳо», Душанбе, 5 октябри соли 2009).

 

II. Роҳбарони  созмонҳои  байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳон

 

 

Бутрос ҒОЛӢ, Дабири кулли СММ (солҳои 1992-1996):

«Ташаббусҳои Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба рушди минтақа, инчунин ба рушди минбаъдаи кишварҳои рӯ ба инкишофи сайёра равона шудаанд. Яъне, Сарвари Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ нисбати бисёр халқҳои ҷаҳон ғамхорӣ мекунад».

 

Кофи АННАН, Дабири кулли СММ (солҳои 1997-2001):

                                                   

 «Тоҷикистон ба аксари кишварҳои дигар мисоли беназири ҳаллу фасли  низоъҳои дохилиро тақдим намуд. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофаринӣ мебошад».

(Маҷаллаи «Огонёк», июни соли 2000)

*** 

«Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи имтиноъро аз ашколи  зӯроварӣ  ҳангоми ҳаллу фасли низоҳои миллии дохилӣ нишон дод». 

(Аз мусоҳиба бо иштирокчиёни Конгресси ҷаҳонии
матбуоти  русзабон, 22 июни соли 1999)

 

Пан Ги МУН, Дабири кулли СММ (солҳои 2006-2016):


«Ҷаноби Олӣ,

Ифтихор дорам, ки Шуморо ба муносибати аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 бо муваффақият ба тасвиб  расидани Қатъномаи 71/222 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пешниҳод намуда буд, самимона табрик намоям.

Итминон дорам, ки даҳсолаи нав қадами ҷиддӣ дар самти мусоидат, таҳким ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захоири об хоҳад шуд. Ин даҳсола инчунин ба таҳким ва тавсеаи натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин, Даҳсолаи нав метавонад ташаббусҳои дигарро, аз ҷумла Гурӯҳи Сатҳи баланд оид ба обро тақвият бахшад ва метавонад барои такмили камбудиҳои мавҷуд ва оянда, ки эҳтимолан ҳангоми татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 арзи вуҷуд намоянд, хидмат кунад.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

(Аз паём ба Президенти ҶТ  Э. Раҳмон ба муносибати аз тарафи АГ СММ тасвиб шудани Қатъномаи 71/222 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, 21 декабри соли 2016). 

 

Антонио ГУТЕРРИШ, Дабири кулли СММ:

«Шодам, ки шуморо ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони» Шарҳи миёнамӯҳлати фарогири ҷараёни  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028″, ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 давлати узви СММ пешниҳод шуда буд, самимона табрик намоям.

Руйдоди мазкур гоми муҳим ва таҷассуми эътимоди кишварҳои узви СММ ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешоҳанги сафи аввал дар пешбурди масоили об ва муҳофизи раванди ҷаҳонии татбиқи вазоифи вобаста ба Мавзӯъи рӯз дар соҳаи рушди босубот дар давраи то соли 2030 мебошад.

Итминон дорам, ки кишварҳои узви СММ аз ваколатҳои нав, ки аз Қатъномаи мазкур бармеоянд, бо мақсади пешбурди фаъолияти муштараки мо дар соҳаи об, аз ҷумла шарҳи миёнамӯҳлати ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи амал, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд кард.

Бори дигар барои тарафдориатон аз ин кори муҳим ба Шумо изҳори сипос менамоям».

(Аз паём ба Президенти ҶТ Э. Раҳмон, декабри соли 2018)

  

Ҷорҷ СОРОС, сармоядори маъруф ва башардӯст, роҳбари Бунёди сармоягузории амрикоии «Сорос Фонд Менеҷмент», асосгузори «Шабакаи ҷаҳонии созмонҳои «Ҷомеаи кушода»:

 

«Кишвари шумо аллакай озмоишҳои зиёдро пушти сар кардааст, ба сулҳу ризоият ноил шудааст ва ин фазои хубест барои пешрафт. Тоҷикистон хеле озод ба назар мерасад».

(Аз мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷик М. Тоштемиров, 30 майи соли 2003)

 

Ҷеймс ВУЛФЕНСОН, Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ (солҳои 1995-2005):

«Дар Тоҷикистон дар чунин муддати кӯтоҳи вақт танзими низоъҳои печидаи дохилӣ муяссар гардид. Мо лоиҳаҳои бунёди рӯзгори осоиштаро баъди низоъҳо, ки аз ҷониби  Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст,  дастгирӣ мекунем».

(Аз мусоҳибаи ВАО, 2002)

 

Мишел КАМДЕССЮ, Директори иҷроияи Сандуқи байналмилалии асъор (солҳои  1987 – 2000):

 

«Халқ сиёсати Раҳмоновро дастгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки  ислоҳоти иқтисодӣ, ислоҳоти замин ва хусусигардонии амвол ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон равона карда шаванд. Сандуқи байналмилалии асъор танҳо дар шароити сулҳ ва ризоият омода аст, ки барномаҳои иқтисодии  минбаъдаро маблағгузорӣ кунад”.

(Маҷаллаи «Огонёк», соли 1999)

  

III. Сиёсатмадорони машҳур,  лашкаркашон ва ходимони маъруфи ҷаҳон

 

 

Евгений ПРИМАКОВ, ходими давлатӣ ва сиёсии Россия, Раиси Ҳукумати ФР (солҳои 1998-1999):

«Президент Раҳмонов солҳо боз Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад ва кишварро ба роҳи дуруст мебарад. Вай ҷомеаро ба субот овард».

(Маҷаллаи «Огонёк»)

 

Генерал Томми ФРЭНКС, Сарфармондеҳи Қувваҳои марказии ИМА (солҳои 2000-2003):

«Президент Раҳмонов аз нахустин президентонҳои ин минтақа буд, ки ҷиҳати ҷобаҷо кардани неруҳои мо барои гузаронидани амалиёти «Озодии фанонопазир» (унвони расмии тамоми чорабиниҳои низомии ИМА дар посух ба ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 —  тавз. АМИТ «Ховар») кумаки худро пешниҳод кард. Пешниҳодоти ӯ ошкоро, бисёр нек  ва меҳмоннавозона буданд ва ман боварӣ дорам, ки муносиботи дӯстона бо мо, ки дар ҳоли шаклгирӣ мебошанд, воқеан дӯстии ҳақиқӣ мебошанд».

(Аз мусоҳибаи ВАО, соли 2002)

 

Аҳмадшоҳ МАСЪУД, Вазири мудофиаи Афғонистон (солҳои 1992-1996):

«Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

(Аз мусоҳиба бо расонаҳои Тоҷикистон, 2000)

***

«Бовар кунед, алоқамандии хоси ман ба Эмомалӣ Раҳмон на аз баҳри он аст, ки мо ҳарду тоҷикем (ҳамқавмем), балки онҳо асоси бунёдӣ доранд. Танҳо шахси хирадманд ва дӯстдори ватани худ метавонад дар муддати кӯтоҳ кишварро аз чанголи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар асари дасисаҳои душманони халқи тоҷик сар зад, берун оварад… Ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, ки фавқулода баланд аст, бояд эътироф кунад ва ин бори дигар аз азамат ва хиради халқҳои форсизабон шаҳодат медиҳад …». 

(Аз китоби: Далерӣ Ҷамолиддин Сино. Эмомалӣ Раҳмонов — марде аз табори хирад ва андеша. Душанбе: Шарқи озод, соли 2003. саҳ. 60)

 

Ален РИШАР, Вазири мудофиаи Фаронса (солҳои 1997-2002):

«Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷасуронаро пеш гирифт. Ӯ нахустин фарде буд, ки аз таҳдиди хатари мавҷуда аз як нуқтаи мушаххаси ҷаҳон изҳори нигаронӣ кард».

(Аз китоби: Назаров Т., Сатторзода А., Дипломатияи муосири тоҷик, Душанбе: Нашриёти Шарқи Озод, соли 2006).

 

Геннадий СЕЛЕЗНЁВ, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия (солҳои 1996-2003):

«Президент Раҳмонов медонад, ки ӯ чӣ  мехоҳад, ояндаи Тоҷикистонро ва роҳҳои ҳамкории мутақобилаи моро — Россия ва Тоҷикистонро хуб мебинад».

(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Курьер Таджикистана», соли 2002)

 

Джозеф ЛИБЕРМАН, сенатор аз иёлати Коннектикут, ИМА (солҳои 1989 -2013):

«Сарвари давлати  Тоҷикистон пештар аз бисёр роҳбарони давлатҳои ҷаҳон, ба шумули ИМА, хатари низоми толибонро барои минтақа ва ҷаҳон ба таври амиқ ва муодил арзёбӣ ва борҳо дар ин маврид аз минбарҳои бонуфузи ҳамоишҳои байналмилалӣ  изҳори  изтироб намуда буд».

(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Курйер Таджикистана», 11 января 2002)

  

Аллоҳшукур ПОШАЗОДА, роҳбари Раёсати рӯҳониёни мусулмони Қафқоз, ҳамраиси Шӯрои  байнидинии ИДМ:

  

«Ман мушоҳида мекунам, ки чӣ тавр Шумо бо иттико ба халқи худ, кишваратонро ба сӯи пешрафт мебаред ва халқ Шуморо дастгирӣ мекунанд. Ман бори аввал мебинам, ки сарвари давлат бо чунин самимияти қалбӣ аз  манфиатҳои халқи худ ва тамоми мусулмонони ҷаҳон дифоъ менамояд».

(Аз суханронии Пошозода дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон
 Э. Раҳмон дар Душанбе, 5 октябри соли 2009)

 

Масъуди СИПАНД, шоири амрикоӣ, нависанда ва хабарнигори эронитабор аз иёлати Калифорнияи ИМА:

 

«Зебоии Тоҷикистон амсол надорад, халқи Тоҷикистон бисёр хушбахт аст. Дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хондани шеър ва ифтихор кардан аз асли ориёии худ барои ман шарафи бузург буд. Президенти Тоҷикистон ҳамеша барои шукуфоӣ ва рифоҳи халқи кишвар саъй мекунад. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармо шуд ва ман имрӯз хушбахт мебудам, агар дар яке аз гӯшаҳои ин кишвар зиндагӣ мекардам. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам! Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон суботи худро ҳифз мекунад, халқи кишвар сол то сол ба пешрафт ноил мешавад».

(Аз мусоҳиба бо АМИТ «Ховар», 22 октябри соли 2019)

 

Чингиз АЙТМАТОВ, нависандаи номвари қиргиз, барандаи ҷоизаи ленинӣ ва ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони маҳнати сотсиалистӣ:

«Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз точики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд…».

 

Борис ПАТОН, Президенти Академияи илмҳои Украина (солҳои 1962 — 2020), ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,  дорандаи ҷоизаи ленинӣ, Қаҳрамони Украина:

«Ман нисбати Эмомалӣ Шарифович ба поси эҳёи ҳамкориҳои олимони тоҷик бо олимони ИДМ, на дар сухан, балки дар амал, барои эҳёи шӯҳрати пешини олимони тоҷик дар чунин давраи барои ҷумҳурӣ душвор арҷгузорам. Вай Академияи илмҳоро тавре, ки лозим аст дастгирӣ мекунад»!

(Аз мусоҳиба бо хабарнигор М. Тоштемиров, соли 2001)

 

Расул ҒАМЗАТОВ, адиби оламшумули Доғистон, барандаи ҷоизаи ленинӣ ва ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони маҳнати сотсиалистӣ:

«…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Точикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

(Аз суханронии шоири бузург дар яке аз базмҳои шеър дар Махачқалъа, моҳи апрели соли 2001)  

 

IV.  Ходимони намоёни давлатӣ, сиёсӣ ва  илму фарҳанги Тоҷикистон

 

 

Рустами ЭМОМАЛӢ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки қонунҳои аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдоришуда дар пайравӣ аз сиёсати оқилона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили боз ҳам бештари низоми ҳуқуқии кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати ҳамаҷониба ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд».

(Аз суханронӣ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум.1 июли соли 2020)

 

Озода РАҲМОН, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади улуми ҳуқуқ:

«Дар шахси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърих бори дигар собит кард, ки наҷот ва ҳифзи давлат ва миллат дар замонҳои душвор ба зуҳури шахсиятҳои барҷастаи миллӣ, ки битавонанд дар ҳаллу фасли мушкилоти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамои халқи худ гарданд, дар ҳолатҳои мухталиф қарорҳои муҳим қабул намоянд ва дар дили одамон умед ба ояндаи некро ҷой диҳанд, бастагӣ дорад».

(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Садои мардум», соли 2020)

 

Асадулло РАҲМОН, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, номзади илмҳои сиёсӣ:

«Яке аз ҷиҳатҳои барҷастаи воқеияти кохи нури Роғун  рамзи аёни он – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки чун ташаббускору илҳомбахш ва ҳидоятгару ташкилотчии ин амали бузурги таърихӣ  дар ин маврид ҳам нисбат ба халқу Ватан хираду дурандешӣ, қатъияту устуворӣ, дилсӯзиву ғамхории амиқи инсонӣ ва муҳаббату садоқати ҳақиқии  сарвариву фарзандӣ нишон доданд… Солҳо мегузаранд, даҳсолаҳо мегузаранд – НБО-и Роғун манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқӣ қад мекашанд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандаи халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат  Тоҷикистонро беш аз ин мутараққиву шукуфонтар месозанд». 

(Аз сарсухан ба маҷмӯаи ашъори шоирони тоҷик
 «Нури Раҳмон», Душанбе, 2016)

 

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик:

 

«Шахсияти нотакрори таърихӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён чеҳраҳои мондагори тоҷиконро муаррифӣ кард, таваҷҷуҳи аҳли илмро ба давлати тоҷикон бештар ва фарҳангу адабиёти моро дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ намуд».

(Аз китоби «Ҳаёт, адабиёт, воқеият», Душанбе, нашриёти «Эр-Граф». 2020).

 

Сироҷиддин МУҲРИДДИН, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам,  сиёсати дарҳои кушода беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати дарҳои бозро эътироф мекунанд ва қобили пайравӣ медонанд».

(Аз мақолаи Вазири корҳои хориҷии ҶТ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 13 апрели соли 2016 №: 71) 

 

Фарҳод РАҲИМӢ, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

«Эҳсоси фавқулодаи ватанпарварӣ, миллатдӯстӣ, арҷгузории самимона ба таъриху фарҳанг, эҳёи дубораи ҷашну маросимҳои мардумӣ, садоқати беандоза ба марзу буми аҷдодӣ,  шуҷоату ҷавонмардӣ дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ бе ҳеч шакку шубҳа маро ба хулосае овард, ки Пешвои муаззами миллатро тоҷики асили давлатсоз дар олами имрӯзаи мо ном барам!».

 

Саймуъмин ЯТИМОВ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон:

«Сарвари  давлат  ба  мафҳумҳои  «Ваҳдат»  ва  «Истиқлолият»  маънои  низомсоз  медиҳад  ва  онҳоро  бо  ҳамдигар  зич вобаста  медонад.  Дар  ҳамин  асос  муътақид  аст,  ки  ин  арзишҳои  муқаддас  дӯстиву  бародарии  тамоми  сокинони  Ватани  азизамонро  таҳким  мебахшанд. Дар  таълифи  Сарвари  давлат  масъалаи  меҳварӣ,  яъне  хештаншиносӣ  ва  худшиносии  миллӣ  дар  ҷои  аввал  меистад.  Ӯ  гаштаву  баргашта  хотиррасон  мекунад,  ки  инсон  бояд  қувва  ва  имконоти  худро  дар  вобастагии  кулл  бо  доираи  манфиатҳои  миллӣ  дарёбад,  таърихи  миллатро  донад,  худро  нисбат  ба  тақдири  Ватан  масъул  шуморад  ва  худкифо  бошад».

(Маҷаллаи  «Илм ва ҷомеа» № 2, соли 2019))

 

Кароматулло ОЛИМОВ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад».

(Аз мусоҳиба бо АМИТ «Ховар»,  5 октябри соли 2019)

 

Қаҳҳор МАҲКАМОВ, котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон (1985-1991), нахустин ва охирин президенти ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1990-1991):

 

«Ман, бовар кунед, барои бозгашт ба сиёсат розигӣ намедодам, агар итминон намедоштам, ки сарнавишт ба мо шахси оқил, покдоман ва боистеъдодро дар симои Эмомалӣ Раҳмонов фиристодааст».

(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Вечерний Душанбе», соли 2004)

 

Раҳим МАСОВ, академик, доктори илмҳои таърих:

«Неруи Президент Эмомалӣ Раҳмонов — ин қаробат бо одамон, маҳкамии торҳо бо халқе, мебошад, ки ӯ аз домони вай зуҳур намудааст».

(Аз мақолаи Р. Масов дар маҷаллаи «Мероси ниёгон»)

 

Лоиқ ШЕРАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ:

«Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».

(Аз китоби «Формулаи  сулҳ», Душанбе, «Шарқи Озод», соли 2002)

 

Раҳмон НАБИЕВ, собиқ Президенти Тоҷикистон (солҳои 1991-1992):

«Ба нафақа баромада, дар бораи имрӯзу фардои Ватани худ, халқи ҷафокашидаи худ ман бисёр фикр мекардам. Аммо, вақте ки ман Президент Эмомалӣ Раҳмоновро ҳамчун шахсият ва сиёсатмадор шинохтам, боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистонро ояндаи бузург интизор аст. Халқи тоҷик сарнавишти худро ба шахси мутмаин бовар кардааст».

(Аз мусоҳиба бо Мансур Сайфиддинов (М. Суруш)

 

Маҳмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2020):

«Ташаккули давлати ҳақиқатан мустақили тоҷикон дар замони иттисоли ду ҳазорсола бо ном ва фаъолияти гуногунҷанбаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бастагии мустаҳкам дорад. Хизматҳои ӯ дар назди Ватан ва миллати худ бо саҳме, ки Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар пешвоёни ҷаҳон дар замонҳои гуногун дар рушди кишварҳои худ гузоштаанд, муқоисашаванда аст«.

(Аз китоби «Формулаи сулҳ», Душанбе, «Шарқи Озод», соли 2002)

 

Абдуғафур САМАДОВ, собиқ раиси колхози ба номи Ленини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, собиқ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ:

 

«Ман умри душвор ва тӯлонӣ дидаам. Ва дарси асосие, ки ман азбар кардаам, — ин аст, ки асоси шукуфоии ҳар давлат — муттаҳидӣ ва дӯстии ҳамаи халқҳост. Эмомалӣ Раҳмонов инро аз дигарон беҳтар мефаҳмад. Бинобар ин, ӯро намояндагони тамоми халқҳо ва миллатҳои муқими Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд».

 (Аз мусоҳиба бо журналист М. Сайфиддинов (М. Суруш)

 

Миралӣ МАҲМАДАЛИЕВ, собиқ раиси колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии Тоҷикистон:

«Заҳмати деҳкон мисли офариниш аст. Президенти мо фарзанди деҳқон аст ва қадри ташвишҳои кишоварзонро медонад. Ӯ роҳбари миқёси бузург аст, ӯ заҳмат мекашад ва эҳсоси хастагӣ намекунад. Дар шароите, ки иқтисодиёт ба мушкилоти азим рӯ ба рӯ буд, вақте ки пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам эҳсос мешуданд, халқи тоҷик таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон муваффақ шуд, ки бӯҳронро паси сар ва кори созандаро шурӯъ намояд. Ин  ғалабаи  бузург аст».

(Аз китоби «Формулаи сулҳ», Душанбе, нашриёти «Шарқи озод», соли 2002)

 

Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ:

«Сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Ҷаноби Олӣ, саҳми бузурги ӯ дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳоии давлат ва Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».

 (Аз маҷмӯаи дастаҷамъии ««Пешво – ифтихори миллат», Душанбе, 2016)

 

Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон, нахустин Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Ростқавлӣ, ошкорбаёнӣ, хирадмандӣ, башардӯстӣ — ҳамин сифатҳои Президентро ман мехоҳам махсусан қайд кунам. Ман дар баъзе сафарҳо, ифтитоҳи роҳҳо, пулҳо, корхонаҳо, дар ҷаласаҳои Ҳукумати кишвар  таҳти раёсати Сарвари давлат ширкат доштам. Ман ҳеҷ гоҳ ҷаласаи бузургеро бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки чанд сол қабл Президент доир намуда буданд, фаромӯш намекунам. Генералҳоро аз ҷойҳояшон бархезониданд  ва гуфтанд: «Генерал, ту шарм намедорӣ?! Агар ту мард бошӣ, зану фарзандонатонро бигиру бе автомат ва муҳофизин дар шаҳр сайр бикун. Ту аз кӣ метарсӣ?» Инро танҳо роҳбари ошкорбаён, ростқавл ва ахлоқан пок гуфта метавонад.

  (Аз мусоҳиба бо С. Сиддиқов, сардабири маҷаллаи
 «Вечерний Душанбе», 13 октябри соли 2000).

*** 

«Агар  зимомдорони  замони муосир дарк мекарданд, ки Эмомалӣ Раҳмонов барои халқи худ, барои истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ ва амнияти минтақа чӣ корҳоро анҷом додааст, онҳо номзадии ӯро ба дарёфти ҷоизаи Нобел пешниҳод мекарданд».

(Аз мусоҳибаи С. Турсун ба рӯзноманигор С. Сиддиқов, рӯзномаи «Дайджест Пресс», соли 2000)

 

Муҳаммадҷон ШАКУРӢ, академик:

«Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — ин таҳкими истиқлолияти фарҳангии тоҷикон мебошад. Дар тӯли тамоми умри дарозам ман нашунидаам, ки касе аз роҳбарони ҷумҳурӣ дар бораи забони модарӣ чунин суханони баланд ва пурарзиш гуфта бошад. Ҷойи шубҳа нест, ки миллати тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, ки марҳилаи нави худогоҳии миллиро оғоз бахшид, сипосгузор хоҳад буд».

(Аз китоби «Формулаи сулҳ», Душанбе, нашриёти «Шарқи Озод», соли 2002)

 

Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2010):

«Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки анъанавӣ шудаанд, самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи моро муайян мекунанд. Ташакили парлумони касбӣ дар радифи истиқрори сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастовардҳое мебошанд, ки бо ибтикори мустақими Президент Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд. Корҳои бузург танҳо бо неруи шахсиятҳои бузург анҷом дода мешаванд».

 (Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Садои мардум»)

 

Гулназар КЕЛДӢ, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон:

 

«Яке аз хизматҳои бузурги Президенти мо — эҷоди нишонаҳои муқаддаси давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, муаррифии симои нави кишвар дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад. Мо ҳама бояд аз ӯ муҳаббат ба Меҳан ва ватандӯстиро биомӯзем».

(Аз китоби «Формулаи сулҳ», Душанбе, нашри «Шарқи Озод», соли  2002)

 

Абдулҳамид САМАД,  Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ:

«Дар таърихи давлатдорӣ номи сиёсатмадорон бо хидматҳои онҳо рабт дода мешавад. Ба андешаи ман, номи президент Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бо  хидматҳояш дар ҷодаи ноил шудан ба сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ, инчунин  дар соҳаи рушди фарҳанг, адабиёт, дастгирии олимон ва нависандагон — дар сатри хос сабт хоҳад шуд».                             

(Аз мақола дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»)

 

Ато ҲАМДАМ, нависанда ва драматург, собиқ Вазири фарҳанг ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Таърих барои онҳое, ки ба дарсҳои он гӯш медиҳанд, муаллими хуб аст. Ва тасодуфӣ нест, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин солномаи бузурги замонҳои гузашта ва халқҳо муроҷиат кард… Фаъолияти ӯ танҳо дар доираи рӯзи корӣ маҳдуд намегардад, он бо шабонарӯз, моҳҳо ва солҳои мамлуи мулоҳизот, ҷустуҷӯйи қарорҳои муҳим, таҳлили хастагинопазири  натиҷаҳои ҳосилшуда ва он чизҳое, ки дар оянда бояд татбиқ шаванд, чен карда мешавад … Мо Президентро ҳамеша дар ҳолати хуби ҷисмонӣ ва фаъол мебинем, суханрониҳояш мушаххас, пурмуҳтаво мебошанд, ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд ва онҳо моломоли эътимоду самимият мебошанд».

[Аз қиссаи ҳуҷҷатию бадеии «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» («Подвиг Эмомали Рахмона»), Душанбе, нашриёти Эр-Граф, 2011]

 

Ҳошим ГАДОЕВ, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ:

Бахт мадад кард, ки дар саҳна нақши Исмоили Сомониро ҳангоми тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори ин арбоби барҷастаи давлатӣ,инчунин дар намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» бозӣ кунам. Дар ҳарду ҳолат, фаъолият ва рафтори фарзанди содиқи миллат Эмомалӣ Раҳмон, манбаи илҳоми ман буданд».

(Аз китоби «Формулаи сулҳ«, нашриёти «Шарқи Озод», соли 2002)

 

Тарҳи  С. Сиддиқ. Муҳаррирони бахш: Б. Эгамов, П. Назаров, А. Акбаров. Маълумотҳо аз китоби «Формулаи сулҳ», бойгонии АМИТ «Ховар», ВАО-и Тоҷикистон ва ҷаҳон истифода шудаанд. 

https://khovar.tj/2020/09/isti-loliyati-to-ikiston-va-peshvoi-millat-muarrifii-bahshi-navi-amit-hovar-ba-iftihori-30-solagii-isti-loliyati-davlatii-um-urii-to-ikiston1/