Имрӯз ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ғолобони озмуни “Илм- фурӯғи маърифат”- Раҳимзода Кӯҳзод-сазовори ҷойи дуюм, Маҳмудов Ҳасанбой сазовори ҷойи ифтихорӣ, гирандаи Стипендияи Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Назарро бо тантана истиқбол намуданд.
Сипас, дар толори Шурои олимони донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ғолобонро боз як маротибаи дигар табрику таҳният гуфта, барои онҳо ва устодонашон миннатдорӣ баён намуд. Ва мавсуф эълон намуд, ки ба ғолибон мукофоти пулӣ ҳамчун ҳавасмандгардонӣ тақдим карда мешавад.
Зимни баргузории ҷаласа ҳамзамон мудири кафедраи металлургия Ҳаёт Раҳимӣ суханронӣ карда, ба тамоми аъзои раёсат роҳбарияти донишкада миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар озмуни ” Илм – фурӯғи маърифат” донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулиро ба ғолибони озмунҳо зиёд намоянд.