Омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи нақшаи дурнамои 5 – солаи корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра (2016 – 2020), ки соли ҷорӣ ҷамъбаст карда мешавад, як монографияи гурӯҳиро бо номи “Истифодаи барномаи Mathcad дар омодасозии мутахассисони муҳандисӣ” дар ҳаҷми 126 – саҳифаи чопи компютерӣ, ки аз 5 – боб иборат аст, омода намуда, барои нашр ба сохтори илм пешниҳод намудааст. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин хабар дод.
Ёдрас мешавем, ки “дастури мазкур дар баробари дигар маводҳои мавҷудаи барномаи Mathcad маводи нав ба забони комилан давлатӣ мебошад, ки барои омӯзиши бахши муҳандисӣ пешниҳод мегардад. Ҳарчанд дастуру китобҳои амсоли худомӯзи барномаи Mathcad ва боз чанд дастурҳои хурде вуҷуд дорад, аммо маводи омода намудаи омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба таври комил аз онҳо фарқият дошта, дастури нав барои омӯзандагон мебошад”- навишааст муқарризе дар тақриз ба ин монографияи таълимӣ.
Қарор аст, монографияи мазкур пас аз бозбинии масъулони Шуъбаи илм ва дигар сохторҳои марбута пешниҳоди донишҷӯён гардад.
М. Сайидзода