Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ афзалиятҳои сиёсати саноатии кишварро дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, сармашқи кори худ намуда, тибқи ҳисобот дар моҳи ноябри соли 2019 ба маблағи 205,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба моҳи ноябри соли 2018 181,8% таъмин намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба моҳи ноябри соли 2018 ба маблағи 92,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар 11 моҳи соли 2019 бошад, корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ ба маблағи 1822,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 384,8 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 126,8% ташкил дод.
КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар 11 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 398,1 млн. сомонӣ расонид, ки назар ба нишондоди 11 моҳи соли 2018, 14,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 103,9 % таъмин карда шуд.
Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба 90242 тонна баробар гардид, ки 2026,6 тонна назар ба 11 моҳи соли 2018 зиёд мебошад. Суръатафзоӣ 102,2 %-ро ташкил медиҳад.
Ба санаи 10 декабри соли 2019 нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1766 доллари ИМА баробар аст.Дар ширкат айни замон 6163 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомониро ташкил медиҳад.
Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 11 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 8900 тонна алюминийро коркард намуда, нисбати нишондоди 11 моҳи соли 2018 2260,0 тонна зиёд буда, суръати афзоишро 134,0 % таъмин карданд.
Зимнан бояд таъкид намуд, ки ҳаҷми коркарди алюминий дар 11 моҳи соли равон чун солҳои гузашта асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» ба амал омада истодааст.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ёздаҳ моҳи соли 2019 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, қубурҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ ба маблағи 1630,4 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот намуданд.
Сабаби коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий саривақт таъмин нагардидани молу маводҳои истеҳсолӣ ва кам гардидани шумораи электролизёрҳо мебошад. Дар ширкат шумораи умуми электролизиёрҳо 984 адад буда аз он 267 адад фаъолияти истеҳсолӣ дорад иловатан боз 27 адади дигар ба кор андохта мешавад.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар 11 моҳи соли ҷорӣ КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди алюминийи аввалия ба маблағи 158,0 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо содирот намудааст.
-ҶДММ «Талко Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои «криолит ва алюминийи фтордор» ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шуруъ намуд.
Корхонаи мазкур дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 51,7 млн сомонӣ расонид, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 136,3% таъмин намудааст.Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар 11 моҳи соли равон ба монанди фториди алюминийи 3761,2 тонна, криолит 632,8 тонна ва коагулянт 173,1 тонна истеҳсол гардидааст.
Дар 11 моҳи соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 3605 тонна фториди алюминий, 417,6 тонна криолит, 438,3 тонна кислотаи сулфат ва 820,0 тонна коагулянт, дар маҷмуъ бо маблағи 53,5 млн сомонӣ ба фурӯш баровардааст.
ҶДММ «Талко Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 2496,8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34,3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст.
Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 417,1 тонна криолит ба маблағи 2961,5 ҳазор сомонӣ ва 1107,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209,4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 16171,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.
Ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри Душанбе бошад 820 тонна коагулянт ба маблағи 1934,9 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 438,3 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 1012,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.
Дар анбори корхонаи мазкур бақияи маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёр бо нархҳои амалкунанда бе арзиши иловашуда бо назардошти бақияи соли гузашта зиёда 12,7 млн сомониро ташкил медиҳад.
Маврди зикр аст, корхона оғоз аз моҳи сентябри соли равон баъд аз таҷдиду тармими хатҳои технологӣ аз истеҳсоли гази синтезӣ аз ангишт ба гази табии гузаронида шуда, айни замон истеҳсоли маҳсулот бо гази табиӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҶДММ «Талко Кемикал» 546 нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки аз ин ҳисоб 56 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Музди миёна 1250 сомонӣ.
Инчунин, дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.
Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад, ки айни замон 101 нафар кормандон дар корхона кор ва фаъолият намудаистодаанд.
Дар 11 моҳи соли 2019 корхона ба маблағи 174,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 109,2 % баробар таъмин карда шуд.
Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 25129,82 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 957,32 тонна зиёд гардидааст. Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад.
Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 860 доллари ИМА баробар мебошад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон харидорӣ ва ворид менамояд.Дар ин давра корхонаи мазкур ба маблағи 4,1 млн сомонӣ (524 тонна) маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намудааст.
-Ба ҳамин монанд корхона дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар заминаи он 41 нафар ҷойҳои кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1100 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.Хатҳои технологӣ ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд . Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 30 намуд мерасанд, ки 10 намуди он профилҳои даврашакл буда, 20 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошанд.Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 650 сомонӣ (бе ААИ) баробар мебошад.Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад.
Дар 11 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 38,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 133,8% баробар таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар 11 моҳ ба 4195,1 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 712,4 тонна кам гардидааст. Суръатафзоӣ 85,4 %-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд.
Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад.
Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 162 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст. Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 23 адад ва дар 11 моҳи соли 2019 128 адад автобусро ба балағи 113,5 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2018 121,1 млн сомонӣ зиёд) ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст, ки нисбат ба соли гузашта 9 адад зиёд мебошад. Айни замон нархи як аадад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад. Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 40 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.
Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания»-и шаҳри Гӯлистони вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Корхонаи мазкур истеҳсоли маҳсулот аз моҳи июл оғоз намудааст, ки айни замон бо 60 нафар ҷойи кории нав таъмин шудааст. Корхонаи аз оғози фаъолият 490,0 тонна маҳсулот ба маблағи 1429,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад.
Дар 11 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 18,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба 11 моҳи соли 2018 4,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 132,2 % баробар таъмин карда шуд.Дар 11 моҳи соли 2019 103 трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 38 адад тойбанд 36 адад ядак (прицеп) ҷамъу васл карда шудаанд.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ корхона ба миқдори 16 адад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 80Х» барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1», 24 ядак (прицеп) ва ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 10 адад трактори тамғаи «Беларус 512» бекабина содирот намуд.
Зимни ба фаъолият шуруъ намудани корхона 60 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар корхона ба таври реалӣ 49 нафар коргарон кору фаъолият менамоянд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад. Баъдан бо васеъ гардидани истеҳсолот шумораи коргарон низ зиёд карда мешаванд.
Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Труба ва профилҳои тоҷик»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”-и ноҳияи Рудакӣ ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.