Таърих гувоҳ аст, ки дини ислом барои хушбахтии инсоният ва пешрафти зиндагии модию маънавии онҳо равона шудааст. Мо устодонро лозим аст, ки мардумро ба сулҳу амонӣ даъват намуда, моҳият ва ҳадафҳои дини мубини Исломро бифаҳмонем. Зеро ки дини мубини Ислом ҷавононе, ки аз тарафи террористону экстремистон ба падидаҳои номатлуб шомил мегарданд маҳкум намуда, онро рад мекунад.
Ҳамчунин фазилати дини мубини Ислом иттиҳоду ҳамбастагии мардум аст. Танҳо дар ҳамин ҳолат пешрафту хушбахтӣ ва суботу амнияти умумӣ таъмин хоҳад шуд. Чизи муҳим ҳамин аст, ки Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Ихлосу эҳтироми мардум ба арзишҳои суннатӣ ва мазҳабии кишвар ва кулли минтақа нияти террористону экстремистонро барҳам мезанад.
Бояд таъкид намуд, ки арзишҳои миллӣ ва динӣ бо ҳам пайванд буда, дар раванди ҳаёти воқеии инсон нақши бузург дорад, зеро ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва дин берун аз ҳаёти инсон маъно надорад.
Ҳамчун василаи тарбияи ахлоқ онро бояд гиромӣ дошт.
Ф.Қодиров, омузгори ДКМТ