ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик ва нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шудааст. Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.
Осори устод Рӯдакӣ маъниҳои гуногунро фарогир буда, бештар мавзуъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фарогир мебошад. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамоянд ва дар замирамон некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарваранд.
Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон такя ба илму маонӣ ва фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Ва аз аввалин чорабиниҳо арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷашну бузургдоштҳои фарзонагони илму адаби он, аз ҷумла ҳазору саду панҷоҳсолагии устод Рӯдакӣ, бузургдоштҳои зиёди дигари абармардони илму адабу фарҳанг ва шаҳрҳои бостонии ҷумҳурӣ буданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 6 сентябри соли 2008 иброз доштанд, ки «барои мо — тоҷикон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамояд. Замоне, ки Рӯдакӣ қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳод, аз давраҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик мебошад. Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд ва баръакс, нуқсҳои табиати инсонӣ ва иллатҳои ҷомеа мазаммат мегарданд.
Рӯдакӣ сулҳу накӯкорӣ, дӯстӣ ва рафоқатро барои зиндагии одамон эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дӯстии ҳақиқӣ ва беғаразро мепарастад. Панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд. Ба ин сабаб онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд ва то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд».
Устод Рӯдакӣ аз он абармардони адабиёти олам аст, ки баландтарин мақоми суханвариро дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонистааст соҳиб шавад ва сазовори унвони Устод гардад, ки дар таърихи адабиёти куҳани мо ин унвонро танҳо ба ӯ шоиста донистаанд. Ин аст, ки сазовор гардидан ба унвонҳое чунин баланд, мисли Одамушшуаро ва асосгузори адабиёти тоҷик низ танҳо ба ӯ даст додааст.
Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷик аз он сарчашма гирифт. Бисёр шоирон баъд аз даргузашти Рӯдакӣ ба эҷодиёти ӯ пайравӣ намуданд. Чунки забони содаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон иброз дошт, ки «ҷойи таъкид аст, ки устод Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд. Ташбеҳҳои беназиру дилпазири офаридаи «устоди шоирони ҷаҳон» то ба ҳол дилҳои аҳли завқро тасхир менамоянд. Устод Рӯдакӣ бо осори мондагори худ ба забону адаби мо умри ҷовидон бахшидааст ва дар ҳар давру замон бузургтарин шоирону адибони мо аз осори ӯ таъсир пазируфтаанд».
Бузургтарин ганҷи дарёфтаи башарият ин фарҳанг аст, ки онро танҳо тавассути омӯзишу парвариш метавон ҳосил намуд ва офарид ва ин ҳақиқати бебаҳсро шоири мо, пеш аз ҳама, ба гӯяндагону шоирон бо калимоте содаву фаҳмо чунин иброз дошта буд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Ашъори Рӯдакӣ инсонро водор месозад, ки бояд дар ҳама кор ва зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёе аст, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ яке аз иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистону мардуми он ва нишони арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷик мебошад.
Таҳияи Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»