Ин парешонӣ охир туро парешон мекунад

Дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳама табақаҳои мардуми шарифи он, роҳбарияти давлат бисёр кӯшишу ғайрат намуда истодаанд, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардад ва дар замини тоҷикон ҳамеша сулҳу якдигарфаҳмӣ мустаҳкам бошад. Алалхусус, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳои бисёр карданд, то ки дар сарзамини тоҷикон хуни мардуми тоҷик дигар нарезад ва гурезагон баргарданд.

 Аммо ба ин нигох накарда, баъзан дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфӣ, ба монанди ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистӣ дошта ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад. Ин шаҳодати он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо ҷомеъа аз тарбияи ин гуна шахсон дур мебошад.

  Умуман, агар оиди маънои терроризм сухан равад, ин рафтори ашхос ё ки гуруҳи одамон мебошад, ки мақсади онҳо бо рафтору кирдори худ ба ҳукуматдорон, ба ҷомеъа, ба ҳизбҳо ва ба аҳолии минтақа тарсу ваҳм оварда бо ин восита, мақсадхои худро ҳал намоянд.

Мақсади асосии терроризм, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлуқа овардани одамон равона шуда тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор овардан аст. Чунин ҳаракатҳо мақсади маҷбур кардани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо ин роҳ резонидани обрӯю эътибори мақомоти давлатиро дорад.

      Экстремизм бошад, ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ мебошад.

 Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Конун оиди мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) кабул шудааст, ки он  зери мафҳуми ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратиро мефаҳмонад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбинӣ намудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият, вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ медарояд.

 Мувофики Қарори Пленуми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (террористӣ)” таҳти мафҳуми ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ, ҳаракатҳое фаҳмида мешавад, ки кирдори шахс ё гурӯҳи шахсон барои таъсис додани чунин иттиҳод, ҷалб намудани аъзоёни он, таҳияи оинома ва барнома, муайян намудани сохтор ва вазифаҳои функсионалии ҷузъу томҳои он, тайёр кардани маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, ташкили воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, ташкили тарзи фаъолияти чунин иттиҳод ва манбаи моддии фаъолияти он равона карда шудаанд. 

Агар ба забони оддӣ ин мафҳумҳоро маънидод намоем, экстремизм ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн гардида, мақсади асосии он – моддӣ, идеологӣ, дигаргунсозӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор намудани ягонагии кишвар, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.

Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба оромӣ, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

     Наврасон ва ҷавонон ба ҳамин гуна табақаи ҷомеа мансубанд, ки тез ба тарғиботи афсонавии баъзе ташкилотхои зиддидавлатӣ даромада метавонанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри некӯаҳволии онҳо тадбирҳои судманд андешида ин масъалаҳоро зери диққати худ қарор дорад. Зиёда аз ин, яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Чумхурии Точикистон, ин дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони кишвар соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Ҳамаи ин, мо зиёиёнро водор менамояд, ки ҷидду ҷахди Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳуриро дастгирӣ намуда оиди тарбияи насли наврас ва ҷомеъа ҳиссагузорӣ намоем.  

 

 

                                                    Зафар Розиқов,  профессор, директори донишкадаи Конфутсияи                                                                                                     назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон,    

                                                   Шаҳноза Раҳимова,Коргузори донишкадаи Конфутсияи назди ДКМТ