ИНТИХОБОТ ЯКЕ АЗ АФЗАЛИЯТҲОИ ДЕМОКРАТИЯ

Ҳоло имконияти ширкати мардум дар ҳаёти сиёсӣ фароҳам омадааст ва мардум имрӯзҳо метавонанд, озодона дар интихоботҳо ширкат варзанд ва ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз диҳанд. Албатта ин ҳам як маъракаи муҳим барои миллат ва давлат аст ва ҳамчунин дар худ вижагиҳои хосро дорад, ки дар он нақши ҷомеа бештар инъикос меёбад.

Ҳоло ҳама пиру барно ба интихобот омодагӣ мегиранд ва талош менамоянд, ки бештар ҳамин масъаларо пайгирӣ кунанд ва ба воситаи интихобот дар ҳаёти сиёсӣ саҳм гузоранд ва ё ба ибораи дигар бигӯем ширкат варзанд.

Зеро интихобот яке аз рукнҳои аслии демократия ба ҳисоб меравад ва ҷомеаи демократӣ ҳамеша ба тариқи интихобот  ба ҳаёти сиёсӣ саҳм мегузорад ва ё таъсир мерасонад. Ҳамакнун ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ҳам бар он талош менамоняд, ки бештар раъйи мардумро ба даст оранд ва барои ин барномаи хешро манзури омма сохтаанд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон ягона барномае, ки шакли универсалӣ дорад ва мувофиқ ба шароити кунунӣ мебошад ин барномаи ҲХДТ мебошад ва набояд фаромӯш кард, ки ин ҳизб бо бунёдкориву созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ миёни ҷомеа шуҳрати хоса дорад.

Шоири тавонои тоҷик Камол Насрулло ширкат дар интихоб ва овоздиҳиро як навъ муҳаббат ва самимияти мардум ифода кардааст ва дар пораи шеърие чунин фармудааст:

Ман як овоз муҳаббат дорам,

Ба амонии Ватан хоҳам дод!

Раъйи худро  ба ҳазорон ихлос

Ба ҷавонии Ватан хоҳам дод!

Ин ҷо шоир бештар ба ояндабинии ҳизбҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ намуда, нақши мардумро дар роҳи интихоби дуруст бар ояндаи дурахшон ва ободи Ватан ишора кардааст ва овози мардумро ҳамчун муҳаббат тасвир кардааст, ки ин ҳам як навъ воқеият аст ва набояд фаромӯш кард, ки танҳо халқ дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ тасмимгирӣ мекунад, зеро яке аз аркони демократия ҳамин аст.

Камина бар ин андеша ҳастам, ки ҳоло ягона ҳизбе, ки то ба имрӯз орзуву омоли мардумро бароварда кардааст ин ҲХДТ мебошад ва то кунун ҷомеа аз он ба некӣ ва ҳамчун як ҳизби бунёдкору созанда ёд мекунад, ки албатта нақши ин ҳизб дар роҳи расидан ба муваффақиятҳо хеле беназир аст.

Саидов Асомиддин

корманди бахши маркази бақайдгирии ДКМТ