Дар ҳар давари интихоботӣ ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаву нақшаҳои нав баромад мекунанд ва ин барномаро ба аҳолии кишвар муаррифӣ мекунанд, то тарафдорони худро пайдо созанд. Феълан дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал менамояд ва ҳар яке ба интихобот омодагӣ мегирад. Аммо ногуфта намонад, ки ҳоло ягона ҳизбе, ки барномаи комили худро дорад ва дар давраҳои аввалин барномаашро ба таври комил иҷро кардааст ин ҲХДТ мебошад.
Зеро мо ҳамасола шоҳиди он мегардем, ки бо кӯшишу талоши аъзоёни ҲХДТ дар кишвар чӣ қадар пешравиву ободкориҳо вусъат мегиранд ва як намоди навро ин ё он гӯшаи кишвар ба худ зеб медиҳанд, ки ин ҳам ҳосили заҳмати аъзоёни ҳамин ҳизб мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон ҲХДТ бо созандагиву бунёдкорӣ ва тасмимҳои миллатсозаш аз пешгомтарин ҳизб дар кишвар ба ҳисоб меравад ва ин албатта нишонаи ҷонфидоӣ ва пуркории аъзоён ва роҳбарияти сатҳи олии ин ҳизб мебошад, ки ҳамеша дар фикри миллат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандист.
Ҳамчунин ҲХДТ аз ҳизбҳои пешгомест, ки барои рушди миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ институтҳои зиёдеро ташкил додааст ва саҳми бузургеро дар шаклгирии ҷомеаи мадании кишвар гузоштааст, ки ин амали аъзоёни ҲХДТ-ро шоистаи таҳсин хондан ва намуда буданашро зикр накардан нашояд. Зеро ҲХДТ барои пешрафти ҷомеа, беҳтар гардидани зиндагии шоистаи мардум ва баланд рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон хеле талошҳо намудааст ва ҷомеа аз фаъолияти ин ҳизб қаноатманд мебошад.
Тавре гуфта мешавад Интихобот як имконият барои шинохти қадамгузорӣ ба фардост ва ин имконияти бисёр ҳам хуб барои мардум мебошад, ки роҳи фардояшро маълум месозад ва аз ҳамин тариқ ба намояндагонаш ва ё ба ибораи дигар гӯем вакилони интихобкардааш ҳаёти ҷамъиятиро иваз менамояд.
Яъне нақши мардум дар шаклгирии нақшаву барномаҳои ояндасоз маълум мешавад, ки ин бисёр ҳам муҳим мебошад.
М.Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ