ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: андешаҳо ва воқеияти ҳуқуқӣ. АМИТ «Ховар» назари дастаҷамъонаи олимонро пешниҳод менамояд

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қонун дар ҳар як  ҷомеа ҳамчун афзори ҳамакораи танзими муносиботи иҷтимоӣ эътироф мешавад. Бинобар ин асос ҳар навъ падидаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир тавассути қонунҳо ва дигар асноди  меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Ин муқаррарот дар замони ҳозира, ки сохтори муносиботи  иҷтимоӣ мураккаб мешавад ва пайомади танзими онҳо боиси зуҳуроти номаълум ва қонунан тасдиқношуда  мешавад, хеле муҳим аст.

Дар зер андешаҳои кормандони масъули Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро манзур пешниҳод менамоем.

Бинобар ин имконнопазирии мутлақияти нақши қонун дар танзими муносиботи иҷтимоӣ аксиомаи ҳуқуқӣ мебошад. Муносиботи ҳуқуқӣ, ки дар ҷомеа арзи вуҷуд менамоянд, чунон паҳлӯҳои зиёд доранд, ки комилтарин қонунгузорӣ наметавонад танзими ҳамаҷонибаи ҳуқуқии онҳоро таъмин кунад. Маъмулан, танзими ҳуқуқии муносибот байни субъектҳои ҳуқуқ танҳо замоне  ба вуҷуд меояд, ки ин муносибот каму беш доимӣ ва устувор шуда бошанд.

Аммо зиндагии рӯзмарра доимо дар ҳаракат, тағйироти шаклӣ аст ва ворид намудани ин раванд ба меъёри ҳуқуқ амалан ғайриимкон аст. Мутлақияти нақши қонун дар ин ҳолат натиҷаи маъкус медиҳад: муносиботи ҷамъиятӣ карахт мешаванд.

Гуфтаҳои болоро дар мисоли мақолаи «Мубориза барои курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ҳаракат ба сӯи субот ё? …» аёнан нишон додан мумкин аст, ки дар он фикри раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Р. Зойиров дар бораи ғайриқонунӣ муайян кардани санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ягона андешаи ҳақиқӣ, мутлақ оварда шудааст ва ҳар гуна тафсири дигари ин факт гӯё вайрон кардани қонун «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар ин ҷо мутлақсозии нақши қонун дар танзими муносиботи ҷамъиятии вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки дар шакли таҳқиқоти  таҳлилии қонунгузорӣ пешниҳод шудааст, мушоҳида мешавад.

Ҳар як таҳқиқоти таҳлилӣ дорои ҷузъҳои зиёди таркибӣ мебошад; маълумоти мухталифи авомилӣ, ки дар назари аввал бо ҳам умумияте надоранд ва мисли тӯдаи бенизоми воқеаҳо ва фактҳо мебошанд, таҳлилгар онҳоро бо тасалсули муайяни мантиқӣ мегузорад ва дар натиҷа вай тасвири айнии (ва ин бисёр муҳим аст) ҳодисаи таҳлилшавандаро ҳосил мекунад. Чунин таҳлилҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи вобаста ба мушкилоти танзими ҳуқуқии муносиботи ҷамъиятӣ дар таҳқиқоти ҷиддии монографӣ интишор меёбанд, на дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки барои доираи васеи корбарони Интернет ихтисос ёфтаанд ва дар маҷмӯъ онҳо дар мавриди фаъолияти ҳуқуқӣ (инчунин дар бораи фаъолиятҳои дигари зеҳнӣ) тасаввурот надоранд.

Ба мақолаи мазкур руҷӯъ ва бояд тазаккур бидиҳам, ки барои чунин хулосаи қатъӣ дар бораи ғайриқонунии муайян кардани санаи интихобот танҳо далели истинод ба қонун, на ба моддаҳои мушаххаси он кофӣ нест. Чунин хулосаҳо маъмулан дар асоси маҷмӯи далелҳои хеле ҷиддитар бароварда мешаванд ва чунин хулосаҳоро на роҳбарони аҳзоб, балки мутахассисони соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ мебароранд.

Кормандони шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИ Тоҷикистон мақолаи раиси ҲСДТ Р. Зоировро мутолиа ва изҳор менамоянд, ки таъйини санаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 — октябри соли 2020, «як моҳ пештар аз мӯҳлат» дар мақола ғайриқонунӣ ва хилофи қонуни нофизи интихобот қалмдод шудааст. Ин нодуруст аст, зеро мутобиқи қисми 1. Моддаи 6-и ҚК ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳ то хатми мӯҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин  мекунад. Ин маънои онро дорад, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 сурат гирифта буд ва 16 ноябри соли 2013 Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро шурӯъ кард. Мутобиқи моддаи 38 ҚКҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ёд намудани савганд, тибқи матни дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67) пешбинишуда дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа ворид мешавад. Бинобар ин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон  дар тӯли ду моҳ то 16 ноябри соли 2020 таъйин кард.

Дар мавриди изҳороти муаллиф дар нохунак “Интихоби дубораи президент қабл аз хатми мӯҳлати ваколаташ ақалан то панҷ сол, то як сол, то як моҳ барвақттар иҷозат дода намешавад …”, ин ишора ба меъёри қонун нест, зеро дар Қонуни Конститутсионии нофизи ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ”  чунин меъёр пешбинӣ нашудааст. Ва аз ин рӯ ин фарзияи муаллиф мебошад.

Бояд дар хотир дошт, ки байни мафҳумҳои «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ба вазифа ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тафовути бузург вуҷуд дорад. Ва бо ҳамин сабабҳо то сатҳи мутлақ баровардани муқаррароти моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ ҷоиз нест, ҳол он ки Р. Зойиров дар ин маврид ду мафҳумро иваз кардааст: «интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ба вазифа ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро. Мутобиқи мантиқи Зойиров, интихоби дубораи Президент дар ин ҳолат танҳо пас аз 16 ноябри соли равон имконпазир аст ва ин мустақиман хилофи моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ мебошад.

Сабабҳои ба вақти дигар гузаронидани интихобот метавонанд мухталиф бошанд, аз ҷумла хатари бадтар шудани вазъи вобаста ба пандемияи COVID — 19, аммо ҳақиқат ин аст, ки меъёри дар боло зикршудаи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот бо ба вақти дигар гузаронидани рӯзи овоздиҳӣ вайрон нашудааст.

Қисматҳои мутабоқии мақола бо пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ, моҳияти худро гум карданд ва муҳокимаи мавзӯъҳои дигари мақола арзише надорад.

Мо бояд бо андешаҳои сиёсатшиносон ва таҳлилгарон розӣ бишавем, ки сатҳи эътимод ба Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи кофӣ баланд аст ва барои ҳифзи он вай ҳама корҳои имконпазирро иҷро мекунад.

Маҷмӯъан бастаи далоили мавод тӯдаи бесарусомони партови иттилоотиро ба хотир меорад, ҳол он ки таҳлили стандартӣ бояд мабнӣ бар далелҳои мавҷуди айнӣ бошад ва дар шакли пайдарпаии мазуъӣ ва мантиқӣ сурат гирифта бошад.

Ҷанги иттилоотии муосир, ки яке аз унсурҳои он пешниҳоди «ҳангома» дар бораи ғайриқонунии муайян кардани санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, чизе дигаре ба ҷуз  расонидани таъсири гумроҳкунанда ба шуур нест — як василаи муассири фалаҷ намудани ҳифозати равонии одамон мебошад. Одамро селаи хабарҳои бефоида бомбаборон мекунад, маводи мухталифро дар шакли фишурда пешниҳод мекунанд, то ин ки шахс натавонад фикри худро сари як мушкилот мутамарказ намояд. Дар мақолаи мазкур теъдоди чунин мавод аз даҳ зиёд аст. Хонанда, ки наметавонад сари як мушкилӣ мутамарказ бишавад, ногузир ба шарҳи ба ӯ талқиншудаи ҳодисаро қабул мекунад. Инсон хилофи худ аллакай омода аст, ки ҳангомаро ҳамчун воқеият қабул намояд. Аммо, пас аз мутолиаи муфассал, мо дарк мекунем, ки маводи ҳангомасози ба мо пешниҳодшуда, на шарҳи таҳлилӣ дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳодиса, балки «мурғобии» навбатии идеологӣ мебошад. Ба мо далелҳоро якҷо бо андеша худ дар бораи ин далелҳо пешниҳод намуданд. Аммо фикр  — ҳанӯз ҳақиқат нест. Маъмулан тафовути ҳақиқат аз фикри шахсӣ дар ин аст, ки алайҳи он эътироз намудан ғайриимкон аст.

Ва ҳақиқат дар ин ҳолат дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври возеҳ навишта  шудааст.

Моддаи 6. Таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳ то ба охир расидани мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад (дар таҳрири Қонуни ҶТ аз 28.12.2005, № 140). Тавре ки маълум аст мӯҳлати ваколати Президенти амалкунанда 16 ноябр ба итмом мерасад, дар рӯзе, ки Президенти кунунӣ дар соли 2013 савганд ёд намуда буд. Аз ин лиҳоз таъйини интихоботи кунунӣ ба қонун мухолифат надорад.

Моддаи 38. Ба вазифа ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи мувофиқи матни пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67) дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири Қонуни ҶТ аз 28 декабри соли 2005, №140) ёд намудан савганд ба вазифа ворид мешавад.

Бори дигар такрор мекунем: дар ҷанги иттилоотии муосир, хонандае, ки тавони мутамарказ шудан сари як мушкилӣ надошта бошад, ногузир шарҳи ба ӯ талқиншудаи ҳодисаро — интихобот ғайриқонунӣ аст, қабул менамояд, ура, онро зиддихалқӣ эълом менамоем, таҳрим мекунем ва ғайраву ҳоказо.

Инсон аллакай ғайри ихтиёри худ омода аст, ки ҳангомаро ҳамчун воқеият қабул кунад — бале, Р. Зойиров дар ин бора мегӯяд, пас ин рост аст. Аммо, пас аз мутолиаи муфассал, мо мебинем, ки маводи ҳангомасози ба мо пешниҳодшуда на шарҳи таҳлилӣ дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии ҳодиса, балки «мурғобии» навбатии идеологӣ  мебошад. Ба мо далелҳоро якҷо бо андеша худ дар бораи ин далелҳо пешниҳод намудаанд. Аммо фикр  — ҳанӯз ҳақиқат нест. Маъмулан тафовути ҳақиқат аз фикри шахсӣ дар ин аст, ки алайҳи он эътироз намудан мумкин нест.

Раҷабов С.О.,
доктори илмҳои ҳуқуқ,
Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Иброҳимов С.
доктори илмҳои ҳуқуқ,
Мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Бӯризода Э.,
доктори илмҳои ҳуқуқ,
Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Абдуҷалилов А.,
номзади илмҳои ҳуқуқ,
Мудири шуъбаи ҳуқуқи шахсии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Муллоев Д.,
номзади илмҳои ҳуқуқ,
Мудири шуъбаи масъалаҳои назариявии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Сарчашма: https://khovar.tj/2020/09/intihoboti-prezidenti-um-urii-to-ikiston-2020-andesha-o-va-vo-eiyati-u-u-amit-hovar-nazari-dasta-amonai-olimonro-peshni-od-menamoyad/