ИНТИХОБОТЕ, КИ БО АМРИ ДИЛ БУД

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷараёни интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва нозирони миллӣ мушоҳида мешуд ва ҳама интихобкунандагон бо рӯҳияи баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ ба ин маърака ташриф меоварданд. Аммо пас аз эълони натиҷаи пешакии интихоботи Президентӣ аз ҷониби КМИР ҶТ як гурӯҳ аз душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва махсусан насли ҷавон ҳар гуна навор ва матлабҳо менависанд, ки аз хусумат ва бахиливу рашки баландашон аст. М. Садриддин яке аз террористони фирорӣ ва аз муздурони наҳзатӣ ба хотири зиёдтар гумроҳ гардонидани ҷомеа матлабҳои иғвобарангезона ба нашр мерасонад, ки гӯё дар Тоҷикистон бошаду ҳама чизро аз наздик медида бошад. Аммо ҳақиқат он аст, ки ин муздури наҳзатӣ М. Садриддин аз худ афсонабофӣ мекунаду ҳар гуна сафсата гуфт, то ҳамон ҳисси бахиливу рашкашро ором кунад. Чунки ҳамагон медонанд, ки М. Садриддин як авбош ва ақлбофтае мебошад, ки намедонад аламҳои давраи амрадияш дар назди толибонро аз кӣ бигирад.

Ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо бар алайҳи ҷомеаи Тоҷикистон мубориза мебарад ва аз ҳар як хӯшиву саодати миллат нороҳат мешаваду боз ба навиштани сафсатаҳояш оғоз менамояд.

Кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми сарбаланди тоҷик хуб медонанд ва хуб дарк мекунанд, ки ба кӣ овоз диҳанду киро номзади худ ҳисобанд ва ин амали шаҳрвандии онҳост. Аммо мудохилаи наҳзатиёни палид дар ин масъала аллакай душманӣ ва хоинӣ мебошаду халос.

Ҳоло наҳзатиён ва дигар душманони миллати тоҷик, ки имрӯз ҳама зери як чатр ва он ҳам ТТЭ ПМТ ҷамъ омадаанд, ба шаклгирии фарҳангии сиёсии шаҳрвандони кишвар ҳасад мебаранд ва аз ҳамин лиҳоз талош мекунанд, то дасисабозиву иғвобарангезӣ кунанду мардумро аз роҳи нек ва нияти нек боздоранд. Зеро вазифаи аслии наҳзатиён ҳамин аст ва бояд онҳо бо тамоми имкониятҳо фармони хоҷагони хориҷияшонро, ки бар алайҳи миллати тоҷик аст, иҷро намоянд.

Имрӯз мардум хештаншинос гардид ва дӯсту душманашро шинохт ва ин маънои онро дорад, ки дигар ҷомеа ба сафсатаҳои душманони миллат, наҳзатиёни террорист бовар намекунад ва ҳаргиз дубора мисли солҳои 90-ум фирефта намегардад.

Интихоботе, ки дар кишвар гузашту шаҳрвандон ба номзади арзандаи худ 90,92 фисад овоз доданд, интихоби амри дил ва дарки ватандӯстиву хештаншиносӣ буд, ки инро ҳар як соҳибватан хуб дарк менамояд.

Дилмуроди Вафо

омӯзгори ДКМТ