ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҲАЙСИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ МУВАФФАҚИЯТИ ҶАВОНОНИ КИШВАР АСТ

Дирӯз дар ҷумҳурӣ ҷаласаи Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси Миллӣ, муовинони раис интихоб гардиданд.

Бо овоздиҳӣ дар миёни аъзоёни Маҷлис Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва аз ҷавонтарин аъзоёни Маҷлис  раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки ин беҳтарин намунаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами  миллат мебошад.

Ҳамчунин интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар ҷавонон ҳаққи бештаре доранд дар тасмимгириҳои сиёсӣ ва ояндасозии кишвари азизамон.

Набояд фаромӯш кард, ки Рустами Эмомалӣ бинобар интихоб гардиданашон ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе се сол қабл тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ як Душанбеи дигар созанд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Миёна нест. Душанбеи то давраи Рустами Эмомалӣ ва баъд аз онро метавон як инқилоб дар шаҳрсозии мамлакат ва минтақа ҳисобид.

Роҳбари ҷавон ва умедбахши шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки симои пойтахти мамлакат Душанберо ба як шаҳри азиму зебо ва пешратфа табдил диҳанд.  Душанбе дигар он Душанбеи нест, ки дар он ғалоғулаву бетартибиҳо бошад. Душанбе дигар шаҳре шуд, ки дар хиёбонҳояш гаштан барои инсон лаззати дигар дорад ва ҳамлу нақли одамон, ки қаблан мағалҳоеро дар худ дошт, кунун ба танзим дароварда шудааст ва як одоби баланди шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ин ҷо ҷорӣ гардидааст, ки инро фақат аз ҷавонтарин роҳбар бояд интизор шуд ва ҳамин хел ҳам шуд.

Имрӯз симои Душанбе ба кулли тағйир ёфта, ба як шаҳри дилкаш ва замонавӣ мубаддал гардидааст, ки ин натиҷаи заҳматҳо ва талошҳои роҳбари ҷавон ва тавонманди шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Аз ин ҷо мисол оварданам дар он аст, ки қаблан ҳам Рустами Эмомалӣ дар вазифаҳои мухталифи идоракунӣ фаъолият доштанд ва дар ҳама соҳаҳо танзим ва низоми кориро ҷорӣ мекарданд, ки натиҷаи хуб медод ва ин ки Душанбе дар як муддати кӯтоҳ симояшро иваз кард ва ба як шаҳри азиму аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта гардид, заҳмати ҳамин ҷавонмарди ватандӯсту меҳанпарвар Рустами Эмомалӣ мебошад.

Ин ки ҳоло эшон Раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардиданд, аллакай дурахши шуълаи умед барои кулли ҳамватанон аст. Зеро ҳамагӣ хуб медонем, ки таҷрибаи баланди роҳбарӣ ва мактаби бузурги созандагии Рустами Эмомалӣ, ки аз мактаби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ҳамеша натиҷаи баланд додааст ва ҳаматарафа баҳри пешрафт ва рушд нигаронида шудааст, ки ин ҳам дар қабули қонунҳо тва беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум, вазъи иҷтимоӣ хеле саҳми муносиб мегузорад.

Интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҳайси Раиси Маҷлиси Миллӣ фоли нек меҳисобем ва умедворем, ки дастпарвари мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд дар оянда дар қонунсозиву қонунгузории мамлакат низ инқилоберо роҳзандозӣ созанд. Зеро ин ҷо камина инқилоб гуфта, ҳамон тарзи кори муҳтарам Рустами Эмомалиро дар назар дорам, ки дар як муддати кӯтоҳ метавонанд ба натиҷаи баланд ноил гарданд ва ба кадом соҳае, ки набошад беҳбуд бахшанд.

Мо, ҷавонон аз ин ки имрӯз  Роҳбари муаззами мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имконият медиҳанд ва дастгириву ғамхорӣ мекунанд, хеле сипосгузорем ва қадамҳои Рустами Эмомалиро муваффақияти ҷавонони ҷумҳурӣ меҳисобем!

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ