ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АРЗАНДА ДАР МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ

Дирӯз дар ҷумҳурӣ беҳтарин намунаи муваффақияти ҷавонони кишвар дида шуд. Ин ҳам бошад самар додани сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳоло ин шабу рӯз шодии тамоми ҷавонони кишварро ҳадду канор нест ва ин аллакай як муваффақияти бузурги ҷавонон дар ин давра низ дониста мешавад.

Дирӯз иҷлосияи Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни нав муаррифӣ шуданд ва ҳамчунин раис ва муовинони ин ниҳоди пурмасъулият ва салоҳиятдор тариқи овоздиҳии аъзоёни Маҷлис интихоб гардиданд.

Навгоние, ки ҳамаи ҷавононро хурсанду шод намуд, ин аст, ки дар ин овоздиҳӣ аз ҷониби аъзоёни Маҷлис  Рустами Эмомалӣ ҷавонтарин шаҳрдор ва роҳбари тавонманду пайрави Пешвои муаззами миллат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар таъйин гардиданд, ки ин муваффақияти бузург барои тамоми ҷавонон мебошад. Зеро мо аз корномаи Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари чандин муассисаҳои давлатӣ ва ҳамчун раиси шаҳри Душанбе огоҳем, ки эшон идомадиҳандаи мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва дар кӯтоҳтарин муддат тавонистанд, ки симои пойтахти кишварро тағйир диҳанд ва шаҳри Душанберо ба як шаҳри ҷолиби диққат табдил диҳанд, ки инро баъзан коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ инқилоб дар шаҳрсозиву шаҳрдорӣ унвон менамоянд.

Воқеан ҳам Душанбе дар як муддати кӯтоҳ зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ қабои дигар гирифт ва аз пештара дида ободтару замонавитар гардид, ки намешавад инро зикр нанамуд. Ҳамчунин барои пешрафт ва  намои тоза гирифтану замонавитар гардидани шаҳр иқдомҳои Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси нави шаҳр кор дод ва пойтахти кишвар аз пештара дида, боз ҳам дигаргунтар шуд ва сифати зиндагии сокинони шаҳр низ беҳтар гардид, ки ин ҳам аз тавонмандиву талошу ғайрати Рустами Эмомалӣ барои пешрафту тараққиёт ва вазъи иҷтимоии кишвар мебошад.

Ҳоло, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд, дигар дар қалби ҳар як ҷавони кишвар шуълаи уммед медурахшад ва ин натиҷаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз натиҷаи босамар дод ва намояндаи ҷавонон дар вазифаи пурмасъулият таъйин шуданд, ки ин ҳам фоли нек мебошад.

Албатта, корномаи Рустами Эмомалӣ идомадиҳандаи мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рангин аст ва пешрафтҳову инқилобҳо дар соҳаҳои гуногун шахсияти он касро боз ҳам хубтар муаррифӣ кардааст ва ҳамин қадар барои ҳамагон ошкор аст, ки он кас ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе новобаста аз ҷавон буданашон тавонистанд, ки як намунаи олии шаҳрдор дар мамлакат бошанд.

Ҳамзамон ин ки ҳоло Рустами Эмомалӣ ба чунин маснади баланд расиданд, ин худ гувоҳ аз ғамхории Пешвои  муаззами миллат бар ҷавонони кишвар  мебошад ва дуввум ин муваффақияту пирӯзии тамоми ҷавонони мамлакат мебошад, ки имрӯз ба ҷавонон бовар мекунанд ва ба вазифаҳои баланди роҳбари таъйин менамоянд.

Мо, ҷавонон ба чунин маснади баланд шарафёб гардидани Рустами Эмомалиро табрик намуда, ба он кас ҷиҳати расидан ба қуллаҳои муваффақият пирӯзиҳо таманно менамоем.

Д. Давлатов

омӯзгори ДКМТ