Мулоҳизаҳои сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Апрель 9, 2019 10:10
ДУШАНБЕ, 09.04.2019./АМИТ «Ховар»/. «Истифодаи интернет аз тарафи ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои дунё гаштааст. Чун интернет, агар аз як тараф барои дастрасии маводҳои зарурӣ кори инсониятро осон гардонад (зеро ҷомеа ба ахбор, ба инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рўйдодҳои ҳамарўза ниёз дорад), аз тарафи дигар метавонад боиси ба вуҷуд омадани хатари нобудшавӣ ва маҳви инсоният шавад, зеро ба таври шадид боиси густариши терроризм ва экстремизм мегардад», — навиштааст дар мақолаи худ сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриева. Муаллиф дар давоми ин нигориш, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст, чунин менависад:
Рушди бемайлони технология на таҳо ба тағйирёбии фазои иттилоотӣ, балки бевосита ба муносибатҳои истеҳсолӣ низ таъсир расонида, самтҳои асосии рушди иҷтимоиро муайян менамояд, ҳатто метавонад муносибатҳои истеҳсолӣ ва тарзи истеҳсолотро дигаргун созад. Ва ҳамин тариқ, ба маданият ва тамаддун таъсир расонида, чун як қисмати асосии инқилоби техникӣ, ки ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гаштааст, тағйироти куллӣ ба вуҷуд биёварад. Кишварҳои олам моҳияти стратегии ин масъаларо дарк кардаанд ва дар пайи таъмин намудани амнияти иттилоотӣ буда, кӯшиш бар он доранд, ки технологияҳои иттилоотиро дар системаи амнияти миллӣ муайян ва мушаххас намуда, барои истифодаи босамар ва дурусти он тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд як қатор санадҳо қабул кардааст. Аз ҷумла, бо фаромонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5 ноябри соли 2003 таҳти №1174) ва Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 7 ноябри соли 2003 таҳти №1175) ба тасвиб расидаанд, ки минбаъд сарчашма ва асоси ҳуқуқӣ дар ин соҳа гардиданд. Дар идомаи ин ду санади муҳим Қонунҳои ҶТ “Дар бораи иттилоот, “Дар бораи иттилоотионӣ”, “Дар бораит ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои истифодабаранда дарҷ гардидааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар раванди ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотии автоматикӣ ва шабакаҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин тартиби муҳофизат кардани захираи иттилоотӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои дар ҷараёни равандҳои иттилоотӣ иштироккунандаро муайян мекунад.
Мубориза бо экстремизму терроризм баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар чорчӯбаи қонун аслан дар Аврупо то дараҷае инкишоф ёфт. Аз солҳои навадуми асри гузашта мубориза бо ақидаҳои экстремистӣ дар интернет қисмати асосии мубориза бо ифротгароии давлатҳои пешқадам гардидааст.
Фазои иттилоотии шабакаҳои интернетӣ аз манбаҳои гуногун иборат аст ва аксари онҳо мутлақо расонаҳои ахбори омма дониста намешаванд ва дар ин маврид. тадбиқи қонунҳо доир ба ВАО низ душвор мегардад. Дар ҳоли ҳозир мақомоти махсуси мамлакатҳои гуногун назорати қатъиро аз болои манбаъҳои интернетӣ пурзўр намудаанд. Ин амал ҳарчанд садди роҳи озодии сухан мегардад, аммо амри зарурист, чунки бо мақсади раҳонидан инсоният аз вартаи ҳалокати террористӣ роҳандозӣ мегардад.
Мувофиқи омори Оҷонсии таҳлилии “We Are Social”, дар соли 2018 бештар аз 4 миллиард сокинони сайёра аз интернет истифода мебаранд. Танҳо дар соли 2017 беш аз 250 млн. нафар ба интернет пайваст шудаанд. Дар муддати 1 рўз 6 соати истифодабарандагони интернет, тавре мегӯянд, дар дунёи вииртуалӣ (ё худ маҷозӣ) сарф мешавад. Дар як сония 11 истифодабарандаи нав ба интернет шомил мегардад.
Бояд зикр кард, ки аз соли 2007 дар фазои интернетии ҷаҳон 10 ҳазор сайтҳои электронии экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар гузаштаи на чандон дур барои таблиғи маводи ифротгароёна ва моҷароҷӯёна истифодаи маҷаллаю рўзномаҳо, радио ва телевизион низ истифода мешуданд. Имрўзҳо истифодаи интернет бо корбаст аз блогҳо ва саҳифаҳои хусусии сайтҳо, анҷуманҳои шабакавӣ дар паҳн намудани маводҳои таблиғотии моҷароҷӯёна ва идеологияҳои гуногуни экстрнемистию террористӣ сарчашмаи асосӣ дониста мешаванд.
Имрўз шабакаҳои телевизион бе ягон муқовимат ва мушкилӣ дар фазои интернет дар шакли шабакаҳои телевизионӣ дар суроғаҳои махсус пахш мегарданд, ки истифодабарандагони интернет бемамониат метавонанд аз онҳо истифода баранд.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин миқдор ВАО фаъолият кардаанд:
— 367 рўзнома (105 давлатӣ ва 262 ғайридавлатӣ);
— 243 маҷалла (113 давлатӣ ва 130 ғайридавлатӣ);
— 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) [1].
Сарфи назар аз сатҳи баланди воридшавии интернет, намудҳои гуногуни ВАО дар мамлакати мо дар марҳалаи таҳия ва қабули навоварӣ ҳастанд, вале аксари онҳо аллакай сомонаҳои худро дар интернет доранд. Масалан, шакли онлайнии бархе аз телевизионҳои Тоҷикистон дар сайтҳои mediabay.tv ва glwiz.com ва сайти расмии “Шабакаи 1” http://tvt.tj/, сайти расмии “ТВ Бахористон” http://tvb.tj/, сайти расмии “ТВ Сафина” http://safina.tj/, сайти расмии “Ҷахоннамо” http://jahonnamo.tj/, сайти расмии “ТВ Варзиш” http://varzishtv.tj/tj/, сайти расмии “Синамо” http://sinamo.tv/ дастрас аст.
Мувофиқи тадқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Медиа консалтинг» дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги ҶТ дар солҳои 2017-2018 гузаронида шудааст ва дар он зиёда 2 ҳазор посухдиҳанда иштирок кардаанд, тамошобинони телевизионҳои ватанӣ 85%, шунавандагони радио 44% ва истифодабарандагони интернет 36%-ро ташкил менамоянд [2 ]. Яъне дар ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол телевизион ҳамчун манбаи хабарӣ аз ҷиҳати фарогирӣ дар ҷойи аввал меистад.
Мувофиқи баррасие, ки аз тарафи сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ (ВБ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ханс Тиммер гузаронида шудааст, то моҳи июни соли 2017 ҳамагӣ 17%-и аҳолии Тоҷикистон ба интернет ба таври доимӣ дастрасӣ доранду халос. Ин намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ хариди интернетро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят қимат ҳисобида, 16 дарсади маоши истифодабаранда медонад. Ў ҳамчунин зикр менамояд, ки 57% ширкатҳо аз почтаҳои электронӣ истифода бурда, камтар аз 40% соҳиби веб-сайт ҳастанду халос.
Ба гуфтаи Тиммер, Тоҷикистон кишвари дорои бозори ташаккулёбанда мебошад ва рушди технологияи нав барои он аз рӯйи чанд ҷанба фоиданок аст. Масалан, аксар аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, чун ҷавонон бештар аз интернет истифода мебаранд. Ҷанбаи дувум метавонад ин бошад, ки Тоҷикистон дар ҷараёни амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ қарор дорад ва иқтисоди пешрафтаро имрӯз бе технологияҳои замонавӣ тасаввур карда мумкин нест. Директори фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”, узви Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсиоонӣ Асомиддин Атоев интернетро яке аз василаҳои амалисозии ҳадафҳои стратегӣ-коммуникатсионӣ дониста, изҳор менамояд: “Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ба таври равшан навишта шудааст, ки ба мақсади раҳоӣ аз бунбасти иттилоотӣ ва табдил додани кишвар ба мамлакати транзитии Осиёи Марказӣ кишвари мо метавонад дар рушди рақамии минтақа нақши муҳим бозӣ намояд”[3].
Дуруст аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 соли марҳалаи рушди иқтисодӣ дониста шудааст ва ин дар ҳолест, ки, мувофиқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун як кишвари аз лиҳози амниятӣ бехатар эълон карда шудааст. Вале ин маънии онро надорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатари экстремизму терроризм пурра эмин аст. Имрӯз хатару таҳдиди ин падидаҳои номатлуб ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои пешрафтаи оламро ба ташвиш овардааст ва нигаронии Президенти Ҷуимҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бамавқеъ аст, ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфаронси байналмилалии сатҳи олӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар шаҳри Душанбе соли 2018 баргузор гардид, чунин гуфтанд: “Яке аз омилҳои густариши экстремизм ва терроризм истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ, махсусан сомонаҳои интернетӣ аз тарафи ташкилотҳои террористӣ бо мақсади таблиғоти ифротгароӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи худ, омода ва ҳавасманд намудани онҳо ба амалҳои харобиовар мебошад”.[4.]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи интернет ва даромад аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро чун омили асосии густариши терроризм ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар ҷаҳон номбар намуданд.
Қонунҳои обективӣ дар олами ҳастӣ бе тазод вуҷуд дошта наметавонанд. Инсон истифодаи интернетро, албатта, барои осон гардонидани кори худ офарид, аммо дар баробари ин, падидаи дигари номатлубе ба вуҷуд омад, ки экстремистҳо ва террористҳо аз он барои ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Инсон низ чун як мавҷуди табиӣ ва рӯҳӣ дар олам арзи ҳастӣ мекунад ва дар меъёри қонунҳои объективӣ ва дар зери таъсири он зиндагӣ ба сар мебарад. Ба инсон ҳастии бадӣ ва ҳастии некӣ хос аст, ки дар мавридҳои гуногун идора карда тавонистани худ масъалаи дигарест фалсафӣ…
Падидаи номатлуби ифротгароӣ барои инсоният ва давлатҳо, мутаассифона имкони иғвои ҷангӣ, бадбинии миллӣ ва нобоварии байни гурӯҳҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Акнун инсониятро хавфи террор ба ҳарос овардааст. Боиси таассуф аст, ки дар ҷаҳон ягон давлате нест, ки ба қавле худро «озод» донад ва аз хавфи экстремизму терроризм таъсир битамом эмин бошад. Вазъияти мубориза бо экстремизм ва терроризм бо ин воқеият печида мешавад, ки пешбинии онҳо ва ба мавқеъ огоҳӣ додан аз онҳоро низ интернет боз ҳам душвор мегардонад.
Дар олами ВАО интернет яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин сайтҳои роҳнамо, ки аксаран сарчашмаҳои ташвиқ намудани ҳолатҳои экстремистӣ маҳсуб мешаванд, рўз то рўз зиёд гардида истодаанд.
Акнун ҷомеаи иттилоотӣ ба тӯдаи таҳдидҳои шадиди иттилоотӣ аз тарафи экстремистон ва террористон рӯ ба рӯ шудааст. Айни ҳол барои ин сайтҳо ва сервисҳои В Контакте, Одноклассники, YouTube, Facebook, Instagram, Livejoumal, RuTube, Foursguare, Twitter (твитер) ба кор бурда мешавад. Масалан, дар як ҳафта 40 ҳазор твит (истифодабарандагони интернет) барои дастгирии «Давлати исломӣ» пайдо мешаванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки чанд тарзи эҳтимолӣ вуҷуд доранд, ки гуруҳҳои террористӣ бо кумаки онҳо метавонанд интернетро ба мақсади мусоидат ба кори худ истифода баранд:
Бо кумаки интернет метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи мақсадҳои пешбинишудаашон, аз ҷумла дар бораи макони ҷойгиршавии ҳадафҳо ва тавсифоти онҳо ҷамъоварӣ кунанд.
Интернет метавонад гуруҳҳои гуногуни одамонро аз рӯйи мақсадҳои мушаххас ба ҳам орад. Фирқаҳои динӣ аз ҳар гуна кишвар ё минтақаи ҷаҳон, ё одамоне, ки аз идея ё ҳадафи муайян пайравӣ мекунанд, бо якдигар робита барқарор намоянд. Бо кумаки сомона (сайт) дар интернет метавон дар бораи замон ва ҷойи мулоқот, дар бораи шаклҳои эътироз ва ғайра дастурот дод.
Бо мадади интернет метавонанд маблағеро барои дастгирии ягон гурӯҳ ё ҳаракат ҷамъоварӣ кунанд, ё ба роҳи фиреб бо қоғазҳои қиматнок баъд аз анҷоми амали террористӣ сарват ба даст оварданд.
Интернет шабакаи иртиботии террористонро ба куллӣ тағйир додааст. Агар қаблан инҳо шабакаи дорои нуқтаҳои марказонидашуда буданд, ҳоло хислати шабакавии онҳо дигар шудааст. Иштирокчиёни интернет, масалан, хакерҳо метавонанд ба ҷойи ашхоси дигар ё сохта истифода бурда шаванд. Яъне, онҳо ҳеҷ гоҳ нахоҳанд фаҳмид, ки амали онҳо дар ниҳоят ба чӣ анҷомидааст.
Интернетро метавонанд барои ҳамла ба ашхос, гурӯҳҳо ё ширкатҳои алоҳида, масалан, барои ҳамла ба ниҳодҳои молиявӣ, ҳамчунин барои дастгирии ашхосе, ки чунин амалро анҷом медиҳанд, истифода баранд.
Бо кумаки интернет метавонанд дафъатан ба гурӯҳи калони одамон дар тамоми ҷаҳон ё ба ашхоси алоҳида муроҷиат кунанд. Интернет тавони азими таблиғотӣ (реклама) дорад ва ба ин мақсад васеъ истифода бурда мешавад.
Интернетро метавонанд барои воҳима андохтан ва даҳшатафканӣ дар байни мардум, барои гумроҳ кардани одамон истифода баранд. Интернет, ҳамчунин барои паҳншавии ҳар гуна овоза заминаи муносиб мегузорад.
Ба туфайли интернет терроризм аллакай фақат бо давлат маҳдуд намешавад ва маъмулан, дар кишварҳое, ки ҳадафи террористон қарор дорад, пойгоҳҳои омода кардани амалҳои террористӣ воқеъ нестанд.
Интернет метавонад ба сифати террори равонӣ (психологӣ) истифода бурда шавад. Бисёр вақт ба ҷанбаҳои психологии имкониятҳои интернет таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда намешавад.
Сиёсатмадор ва дипломати тоҷик С. Ятимов дар ҳамин радиф менависад: «Маълумот (информатсия) вазъро инъикос мекунад, ҳолати субъектро дар муҳити атроф муайян месозад, ҷобаҷогузории объекти омўзиш, ҳолати материалӣ, физикӣ ва табиии онро дар маъраз мегузорад. Барои таҳлили вазъ хулосаи баробар ба воқеиятро муҳайё мекунад. Барои қабули қарори дуруст шароит фароҳам меорад»[5]. Аз тарафи дигар, сайтҳое, ки характери идеологӣ ва ифротгароёна доранд, на танҳо бевосита паҳнкунандаи идеяи ҷудоиталабӣ (сепаратизм) ва ифротгароӣ (экстремизма), таблиғот ва даъват кардан ба амалҳои экстремистӣ, балки манбаъҳои ташвиқи забонҳои муайян ва паст задани миллатҳои дигар ҳам мебошанд.
Экстремизм ва терроризм хусусияти идеологӣ доранд ва чанд ҷабҳаи пайдошавии он вуҷуд дорад. Экстремизм ва терроризм дар ҳоле сар мезанад, ки идеологҳо нияти ба сари қудрати давлатӣ омаданро пеша мекунанд ва он бештар хусусияти монополиявӣ дорад. Ҳадафҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар дорои хусусияти сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Чун яке аз масъалаҳои умумибашарии (мушкилоти глобалии) ҷаҳон, ки ба вуҷуд омадааст, маҳз ҷойи шахсиятҳои дорои шуури сиёсиро ишғол ва танг кардани шахсони дорои шуури иқтисодӣ (бо ном сармоягузорон) аст, ки аз ба сари қудрат омадани худ дарак медиҳанд.
Марксистон мегуфтанд, ки давлатро синфи аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон идора мекунад. Аммо, ноҳамворӣ ва номураттабии кор дар он аст, ки оё инсоният ва амали тафаккури ў ва талаботҳои иҷтимоии ў, ки эҳтиёҷу зарурати бештар хусусияти гуманистиро пеша кардани кулли инсониятро тақозо мекунад, ба он омода ҳаст ё не?!
Ин масъалаест, ки кибертерроризм ё худ терроризми электрониро тақвият медиҳад. Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки падидаи мазкур сол аз сол инкишоф меёбад.
Яке аз сабабҳояш ин инкишофи бемайлони техника ва мусовӣ набудани он ба «донишҳои зинда»-и аксари инсоният ва оқибатҳои номатлуби он сарчашма мегирад.
Сабаби дигараш он аст, ки чун форматсияи иқтисодӣ ва сармоягузорист, террористон ва экстремистон сармоядорони бонуфузе доранд, ки боиси аз лиҳози иқтисодӣ бе ташвиш анҷом додани кори худ мешаванд..
Масъалаи дигаре, ки дар заминагузории экстремизм ва терроризм вуҷуд дорад, ин идеологияи динӣ ҳаст, ки дар баробари идеологияи давлатӣ дар форматсияҳои гуногуни ҷамъиятӣ шакл гирифтааст. Идеологияи динӣ, ки мазҳабҳои гуногунро дар бар мегирад, бо муноқишаҳои дохилии худ сабаб мешаванд, ки экстремизм ва терроризм на танҳо маншаъ бигирад, балки инкишоф ёбад. Инсоният дар давоми таърихи инкишофи худ зери таъсири қонунҳои олам зиндагӣ карда истода, аз даврони антиқа то имрўз ҷавоб ба саволҳои нофаҳмоаш ўро водор намуд, ки эътиқодманд шавад. Дар ҳамин росто, ў ба ҷаҳонбиниҳои гуногуни таърихӣ ворид шуд. Маҳз дар ҳамин замина, идеологияи динӣ низ шакл гирифт. Хусусияти махсуси идеологияи динӣ дар ин аст, ки он дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун тафаккури динӣ боқӣ мемонад, вале на дар шакли шуури динӣ, чун шуури динӣ на танҳо эътиқод, балки то андозае ҷанбаи илмӣ дорад. Аммо аксари динҳо, ки ба таври стихиявӣ ва ҳатто фанатикӣ амал мекунанд, шакли илмӣ гирифтани онҳо имконнопазир шудааст ва ҳамчун идеологияи эътиқодмандӣ дурудароз боқӣ мондани он низ аз ҳамин лиҳоз аст. Зеро ки талаботи инсонӣ ҳамин аст ва ў зери қонунҳои сарфаҳмнарафтааш зиндагӣ ба сар бурда, ҷойи холигии майнаи худро бояд ба он пурра гардонад.
Аксари инсоният, ҳарчанд аз хавфи интернет огоҳ аст, вале аз истифодаи он даст кашида наметавонад, чун аллакай мубталои ҳолати дигари равонӣ гаштааст. Маълум аст, ки технологияи иттилоотӣ ба мафкура ва шуури инсон аллакай таъсири бузург расондидааст, Ин проблемаи дигари ниҳоят хавфнокро ба вуҷуд меорад. «Сотсиологҳои амрикоӣ миёни мардум пурсишеро роҳандозӣ намуданд ки агар дар кишвари онҳо дастрасӣ ба интернетро катъ намоянд, пас онҳо чи хоҳанд кард? 67 дарсади пурсидашудагон изҳор доштанд, ки ҷойи истиқомати худро иваз карда, ба он ҷое хоҳанд рафт, ки бо дастрасӣ ба интернет ягон мушкилӣ набошад, зеро барояшон алоқа бо Facebook, Twitter аз ҳама муҳим аст. 14 дарсади дигар изҳор намуданд, ки аз бекорӣ ба ҳолати таназзул ва афсурдаҳолӣ гирифтор хоҳанд шуд, 11 дарсад аз чунин ранг гирифтани вазъият хеле хушҳоланд, зеро вобастагии худро ба интернет дарк менамоянд ва аз норасоии вақт ва ҳамдигарнофаҳмӣ бо наздикон шиква доранд, 6 дарсад бо камоли майл интернетро бо бозиҳои компютерӣ иваз хоҳанд кард. 2 дарсади пурсидашудагон ҳатто изҳор намуданд, ки худкушӣ хоҳанд кард, зеро тамоми ҳодисаҳои муҳимми ҳаёти онҳо дар интернет мегузарад. Қисми зиёди намояндагони ин гурўҳро занҳо ташкил медиҳанд.» [6.]
Дар аксари мамолик чандин корҳоеро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои кам кардани экстремизм ва нобуд сохтани терроризм дар дастаҷамъӣ анҷом медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз онҳо вобаста ба шароит ва вазъ дар Тоҷикистон низ аз ин роҳу усулҳо истифода намудан бамавқеъ аст:
Пайваста ба шарҳ додани моҳияти терроризм ва хатари он ба ҷомеа кўшиш карда шавад;
Ба мақсади ошкор ва масдуд кардани маводи таблиғотии идеологияи террористӣ мунтазам ба таҳлил кардани фазои интернет бояд пардохт;
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ нотаҳаммулии устувор нисбат ба идеологияи хушунатомез дошта бошад;
Фароҳам овардани шароит ва ҷалб кардани истифодабарандагони бошууру зираки интернет ба раванди ошкор намудани маводи ғайриқонунӣ ба роҳ монда шавад;
Тарҳрезӣ ва таъмини методии раванди муқобилати иттилоотӣ бо терроризм ва экстремизм;
Дар давлатдорӣ роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мақсади шарҳи моҳияти терроризм ва экстремизм, ҳамчунин ташаккул додани муоқвимати устувор нисбат ба идеологияи хушунатомез вуҷуд дошта бошад;
Ҷалби ҷавонон барои иштирок дар муқобилият бо терроризм, экстремизм, миллатгароӣ ва бунёдгароии динӣ дар муҳити таълимӣ ва маъмуриятҳои фарҳангӣ-илмӣ роҳандозӣ гардад.
Роҳнамоии ҷавонон ба омўзиши илмҳои дақиқ ва ҳам гуманитарӣ, чунки ҷойи холигӣ дар тафаккури ҷавонон боиси пурра гардонидани он бо ҷаҳонбиниҳои гуногун нагардад.
АДАБИЁТ:
http://www.vfarhang.tj/index.php?view=press_service&link=press_relizi
dzhumhurijat-samaja-chitaemaja-gazeta-v-tadzhikistane/
https://ru.sputnik-tj.com/country/20170614/1022568879/tadzhikistan-postoyannyy-dostup-internet-17-naseleniya.html
https://ru.sputnik-tj.com/main/20180504/1025467886/rahmon-prichiny-nazval-terrorizm.html
Ятимов С.С. Илм ва амният. Ҷумҳурият, №107 (23 188), 2017.
Ҷумҳурият, 16 феврали соли 2018. №36 (23 379).
АМИТ «Ховар» дар бораи муаллиф:
Назриева Ойниёл Шарифовна. Номзади илмҳои фалсафа. Дар мавзўи «Ақидаҳои фалсафӣ-этикии Фахриддини Ироқӣ» (2015) рисолаи илмӣ дифоъ намудааст.
Факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДК ба номи А.Рӯдакиро (1994) хатм намудааст.
Соҳиби ду монография ва китобчаи шеърӣ бо номи «Исёни андеша» ва ҳамчунин зиёда аз 17 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-публисистӣ мебошад.
Собиқаи 21-солаи педагогӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.