Шояд дар қиёс ба дигар кишварҳо Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ бештар зарар дида бошаду аз имкониятҳо маҳрум гардида бошад ва ин ҳам албатта бо сабаби афроди гумроҳгашта мебошад. Чунки дар ягон кишвари дунё ва дар ягон ҷо чунин нашудааст, ки як гурӯҳ аз афроди кӯрсавод ва бемаърифат ба хотири пулу мол ва курсӣ ба тобеияти кишвари хориҷӣ гузашта, бар давлату миллат ва Ватани худ хиёнат карда бошанд. Аввалин суоле, ки майнаро гирифтор мекунад, ин аст, ки чаро маҳз наҳзатиён талош варзидаанд, то бештар бар миллат хиёнат кунанд?
Суолест, ки ҳар як шаҳрванди кишвар мехоҳад посухашро бидонад ва бифаҳмад, ки чаро маҳз наҳзатиён бо истифода аз боварҳои динӣ талош кардаанд, то миллати тоҷикро бифиребанд?
Шояд ин гуна суолҳо зеҳни ҷомеаро ба худ аз дербоз машғул медошту касе ҳам воқеияти аслро намедонист, лек бо гузашти вақт ва давр ҷомеа фаҳмид ва пай бурд, ки сарчашмаи хиёнати наҳзатиён аз куҷосту ба кадом нукта майл дорад?
Барои фаҳмидани ин ҳақиқат ва пай бурдан аз ҳиллаву найранги наҳзатӣ кофист руҷӯъ намоед ба дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4 ва 5, ки бисёр ҳам дар сатҳи олӣ офарида шудааст. Дар филми мазкур ҳамаи он ҳаводис ва рӯйдодҳои солҳои 90-ум, ки бештар ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар наҳзатиён буданд, аз забони аъзоёни собиқи ин ташкилоти террористӣ ва сокинони кишвар, ки шоҳидони аслӣ маҳсуб меёбанд, оварда шудааст, ки агар ба ибораидигар бигӯем аз шуниданаш кас ба ҳайрат меояд.
Наҳзатиён он қадар бераҳмона бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурдаанд, ки бисёр ҳам гуфтанаш даҳшатовар мебошад. Наҳзатиён дар солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуда, кӯшиш кардаанд, то теша бар решаи миллат бизананд. Бочказиндони наҳзатӣ, ки имрӯз ҳам ҳамчун музейи макони амалҳои террористии аъзоёни ТТЭ ҲНИ он бочкаҳо боқӣ мондаанд, амалест басо ваҳшиёна ва инсонбадбинона, ки наҳзатиён шаҳрвандонро бочказиндон намуда, пас аз он ба қатл мерасонидаанд, ки ин ҳам бисёр амали зишт ва нангину номардона мебошад.
Як чизи бисёр ҷолиб аст, ки замоне наҳзатиён намояндагони корпуси дипломатӣ ва нозирони созмонҳои байналмилалиро ба гаравгон мегирифтанду ҳатто ба қатл мерасониданд, ки ин ҳодисаи хеле даҳшатнок аст, аммо боз имрӯз роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Аврупо аз ҳамин созмонҳои хориҷӣ тақозои кӯмак менамоянду ба онҳо нашармида муроҷиат менамоянд, ки боз ҳам дурӯягӣ ва маккории наҳзатиёнро ифшо месозад. Лек пас аз нашри силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бовар дорам, ки хориҷиён,аврупоиҳо низ ҳақиқати наҳзатиёнро фаҳмида онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд.
Вақте аз забони шоҳидони ҳол ин ҳодисаро мефаҳмед дарк менамоед, ки чӣ қадар наҳзатиён он вақт бар миллату давлати тоҷикон хиёнат кардаанд. Ҳақиқатест басо талх ва вазнин. Пас аз ин чунин ҳодиса хулоса намудан мумкин аст, ки наҳзатиён душманони аслӣ ва хоинони насли башар мебошанд.
Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4 ба ҷаҳониён исбот намуд, ки дар асл наҳзатиён кистанду ячейкаи кадом созмони террористӣ?!
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ