Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур, ки аз ҷониби кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок роҳандозӣ шудааст, ректори донишкада, муовини ректор оид ба илм Насриддинов З.З., декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М. ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

Чорабиниро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ба ташкилкунандагони семинари илмӣ- методии мазкур, ки дар мавзӯи “Автоматикунонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолӣ дар саноати кӯҳкорӣ” буд, сипосмандӣ намуданд. Ректори донишкада дар бораи пешрафтҳои техникӣ ва тағйиротҳои технологияи соҳаи кӯҳкорӣ суҳбат намуда, суханро ба Осими Оқил мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок доданд.

М.Сайидзода