Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд.
Дар семинари имрӯза, ки бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор гардид, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, доир ба истилоҳоти дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ истифодашаванда ва ҳамчунин вандҳои истилоҳсозӣ соҳа аз лиҳози имкониятҳои забони тоҷикӣ ва шаклсозӣ он суханронӣ намуданд.
Сипас, Мирзоахмедов Мухтор дар мавзӯи “Истилоҳоти ҳуқуқшиносии то исломӣ дар забони тоҷикӣ”, Атоева Кибриёхон дар мавзӯи “таърихи пайдоиши Наврӯз ва фалсафаи он” ва Қодиров Комилҷон дар мавзӯи “Фалсафаи сиёсӣ-иҷтимоии Н.Я. Данилевский” низ суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари имрӯза давоми семинарҳои нақшавии кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ буда, ҳар моҳ дар доираи мавзӯи муайян дар кафедра семинарҳо баргузор мегарданд ва донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд, озодона дар он ширкат варзанд.
Барои маълумоти бештар, метавонед дар ин бора бо мудири кафедра Раҳимова Шаҳноза дар тамос бошед.
М. Сайидзода