Имрӯз баски ойинаҳоро гирифт занг,
Хосияте ки буд ба соҳибназар, намонд.
Дар ин байти Сайидои Насафӣ маънии бузурге нуҳуфтааст. Занг задани ойинаҳо аз гузоштани доми фиреби гуруҳҳои мазҳабию ифротгаро аст. Ҳамчунин мубталои одати зишт нашъманд шудани ҷавонон аст, ки ба осонӣ доми фиреби тудаи авбошон мегардад.
Нашъа яке аз маводи зиёновар ба организми инсон мебошад. Инсон аз инстифодаи ин маводи зиёновар ҳаёти худро аз даст медиҳад. Барои истифода накардани ин маводи хатаровар тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.Аммо имрӯзҳо бисёр ашхосҳое ҳастанд, ки бороҳи пинҳонӣ ба ин кор даст зада истодаанд. Дар урфият мегӯянд:” Бӯи мушк пинҳон намемонад”.
Оре, ононе, ки бо ҳар гуна роҳҳои пинҳонӣ ба ин кор даст мезананд, оқибат ба даст меафтанд. Онҳо ба фурӯш чунин маводи хатарноки ҳаёт даст мезананд, оқибаташро фикр намекунанд, ки ҳаёти чанд нафарро аз байн мебаранд.
Маводи мухадир аз қабили нашъа, кукнор на танҳо ба организми инсон зарари калон дорад, инчунин вай ба марг оварда мерасонад. Вақте ки шахс як бор онро истифода мебарад, дигар аз он роҳи бозгашт нест. Бинобар ин нисбати ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳирот ҷоннок кардан лозим аст, зеро ки аксар ҷавонони мо нисбати ин маводи хатаровари ҳаёт маълумот надоранд ва бинобар ин аксар вақт гирифтори ин роҳи бад мегарданд.
Дар давлатҳои ҳамсоя махсусан дар Афғонистон ин маводи зиёновар бештар истифода мешавад ва ҳатто дар заминҳои худ бо таври пинҳонӣ ин растании ҳалокатоварро парвариш менамоянд.
Мо бояд ба ҷавонон ин маводи ҳатароварро нағз дар дарсҳои тарбиявӣ фаҳмонем, то ин ки ба ин роҳи бебозгашт нараванд ва ҷони худ ва атрофиёнашонро ба хатар наандозанд.
Ин маводи зиёновар аввал ба асаби онҳо баъд ба организми онҳо таъсири бузурги манфӣ мерасонад. Баъзе ҷавонони моро бо роҳи фиребу зӯроварӣ ба ин кор омода месозанд, ки ин аз рӯи адлу инсоф нест. Аз барои пулу дороӣ имрӯзҳо нафароне ҳастанд, ки ба ин кор ба фурӯши ин маводи марговар даст мезананд ва ҳаёти худ ва ҳаёти атрофиёни худро аз байн мебаранд.
Оё ин шахсиятҳо ба ин кор дидаю дониста даст мезананд? Не, албатта баъзеи онҳо бо роҳи зӯроварӣ ва баъзеи онҳо бо роҳи гумроҳӣ ба ин роҳ мераванд, ки ин роҳ бозгашт надорад.
Имрӯзҳо чандин ҳазор нафар шахсон мубталои ин маводи ҳалокатовар гаштаанд, аксари онҳо аз кардаи худ ва кирдори ношоистаи худ пушаймон ҳастанд, ки ин оқибат надорад, мебоист инро аввал фикр мекарданд. Афсӯс, ки ҳаёти худро ва ҳаёти баъзе атрофиёнашонро дидаю дониста ба хатар гирифтор намудаанд.
Ба хотири пок кадани ойинаҳои қалб бояд аз одатӣҳои зишт даст кашид ва рӯй ба илму ҳунар овард.
Мақсуда Нурматова,
асистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ