ИМА КОРПУСИ МУҲОФИЗОНИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМИРО ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН ДОШТ

Дар оҷонсии иттиоотии “Сентразия” санаи 08.04.2019 соати 20:57 хабаре таҳти унвони “США объявили иранский Корпус стражей исламской революции” ба табъ расонидааст, ки дар он дар бораи ба сифати иттиҳодияи террористӣ эълон доштани Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ дар Эрон меравад.

      Дар хабар гуфта шудааст, ки ИМА  Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ дар Эронро иттиҳодияи террористӣ эълон доштааст, ки дар ин бора президенти ин кишвар Д. Трамп иттилоъ додааст.

      Ба иттилои пахшшуда Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ дар Эрон дар бисёр актҳои террористӣ бевосита иштирок ва ё пайравонаш бо дастгирии он иштирок кардаанд ва ё онро бевосита иҷро намудаанд.

       Ба андешаи котиби давлатии ИМА М. Помпео алайҳи режими Эрон муҷозотро боқӣ гузошта, фишор ба ин кишварро минбаъд низ давом додан лозим аст. Дастгирии ин иқдомро аз кишварҳои иттифоқчии худ хоҳиш карданд.

      Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ  дар соли 1979 пас аз инқилоб исломӣ дар Эрон таъсис ёфт. Вазифаи он ҳимоя намудани режими нав буд, ки дар муқобили артиши миллӣ сохта шуда буд. Ин то андозае нобоварӣ ба артиши миллӣ буд. Корпуси мазкур на танҳо ба як воҳиди бузурги ҳарбӣ-низомӣ балки ба як ташкилоти мустақили ҳифзкунандаи манфиатҳои Эрон ҳам дар ин кишвар ва ҳам берун аз он фаъолият дорад. Ва ин манфиатҳои инқилобиву мазҳабии Эрон аст, ки дар дигар кишварҳо низ аз он пуштибонӣ мекунанд.

       Зиёиони тољиу чунин пуштибонии манфиатҷӯёнаи хадамоти махсуси Эронро соли 2015 дар мавриди кӯшиши табадулот диданд, ки ба асари он фаъолияти ҲНИТ чун дастдори он мамнуъ гардид. Ҳамзамон, Кабириву Сайидюнус Бурҳонов аз ҷониби роҳбарияти сиёсиву динии Эрон пуштибонӣ диданд, ки ин аз нақшаҳои дурнамои хадамоти махсуси Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ аст. Аз эҳтимол дур нест, ки  Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон манфиатҳои мазҳабии динии худро пиёда кардан мехост.

 Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума