ИЛҲОМ ЁҚУБОВ ҲАНГОМАСОЗӢ МЕКУНАД

Агар ба таърихи сесад соли охир ба кишварҳои исломӣ назар афканем, ба осонӣ хоҳем дарёфт, ки тайи ин муддат ислом ҳамеша василаи зери султа нигоҳ доштан барои абарқудратҳо будааст. Онҳо бештар аз таассуби динии мусалмонон кор гирифта, тундгароии онҳоро тақвият дода, исломи сиёсиро ба вуҷуд оварданд.

Исломи сиёсӣ бо ҳадафи ҳар чи бештар дахолат кардан ба корҳои давлатдорӣ ва дар раванди онҳо ҷорӣ намудани қонунҳои шариат ва ба вуҷуд овардани бархӯрди мусалмону ғайримусалмон роҳандозӣ шудааст. Табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ байни афроди ҷомеаҳост, зеро бовару эътиқоди инсонҳо дар ҷаҳон гуногун аст ва ҳамаи афроди он наметавонанд бовару эътиқодашон якхела бошад.

Чунин вазъи хос ҳамеша ба манфиати абарқудратҳо буда, ҳеҷ гоҳ ба манфиатҳои миллии ин кишварҳо набуд ва нест ё ба ибораи дигар ҳамон усули сиёсии «тафриқа андозу ҳокимият », ки хоси мустамликадорони англис буд, аз он маншаъ мегирад.

Аввалин суиистифода аз ислом аз нимаи дуюми асри 18 сурат гирифтааст, ки мустамликадорон дар муқобили империяи туркҳои усмонӣ, ки онҳо низ аз номи ислом қудрати хешро нигоҳ медоштанд, фирқаи ваҳҳобияро роҳандозӣ карданд. Дар ҳамин замина Арабистони Саудӣ, ки яке аз минтақаҳои саршори нафт аст, бо идеологияи ваҳҳобия давлати саудиҳо зуҳур кард ва то ҳол идеологияи расмии он ба ҳисоб меравад, ки асоси онро андешаи «исломи ноб» (бунёдӣ, фундаменталӣ) ва ҷузъи асосии онро ташкил медиҳад. Дар миёнаи асри бист, вақте ки дар кишварҳои мусалмоннишини мустамлика ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ ба вуҷуд омаданд, барои нигоҳ доштани нуфузи худ ва саркӯб кардани ин ҳаракатҳо дубора аз тақвият додани тафаккури динӣ ва исломи сиёсӣ кор гирифта шуд, ки намунаи он зуҳури давлати Покистон аст.

Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад.

Агар фарохтар назар афканем, мебинем, аксари кишварҳое, ки режими исломӣ доранд ва ё дар он давлат исломгароён бар сари ҳокимият ҳастанд, дар он кишвар нофаҳмӣ байни давлат ва ҷамъият ба назар мерасад. Ҷангу муқовиматҳо дар ҳамин гуна кишварҳо чӣ дар гузаштаву чӣ ҳозира идома доранд. Як чизро бояд зикр намуд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  низ ҳамин исломгароён давлатро ба вартаи нестшавӣ оварда буданд. Мухолифони тоҷик дар доираи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва ҳамин ҳизб  боиси бадбахтии халқи тоҷик дар он давра гашта буд.

Илҳом Ёқубов низ дар атрофи ин масъалаҳо ҳаноматарошӣ мекунад.

Тошматов Зариф .

омузгори кафедраи ФГИ-и ДКМТ