Шукргузорӣ мекунем аз Пешвои миллат, ки қарори боло бурдани нархи интернетро бекор намуда дастандкорони ин амалро ба муҳокима кашиданд. Акнун ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ муҳри хамушӣ ба лаб заданд.
Донишҷӯи соли сеюм Муроди Саид аз он шиква намуд, ки асари “Шӯроб”-и Раҳим Ҷалилро барои мутолиа аз китобхонаи донишкада дарёфта наметавонад. Ӯро ба китобхонаи шаҳрӣ ҳидоят намудам. Узви китобхона гардида китоби даркориро ба амонат гирифт ва акнун дар ҳар лаҳзаи муносиб саҳифаи китобро варақ зада ғарқи мутолиаи китоб мешавад. Лаззати нотакрор дорад, мутолиаи китоб.
Пеш аз пода чанг бардошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву роликҳо ва маводҳои гуногуни иғвоангезу беасоси хоинони ваҳдати миллӣ бо номҳои «Ҳукумат стротежии миллии рушдро ҳам пушти по зад», «Чаро ҳукумат нархи интернетро боло бурд? Омилҳо ва оқибатҳои он», «Шумо дар таърих як хати сиёҳе мегузоред аз номи худ дар дилҳои мардум», «Нархи хизматрасонии интернетро дар ҳолати қаблӣ баргардонед!», «Ҷавоб ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ман зидди ин қонун ҳастам» ва монанди инҳо доман густурданд.
Аммо тири онҳо хок хӯрд. Нархи интернет ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд. Ҳангомасозии бемаънии наҳзатиён дур нарафт.
Ба андешаи мо истифодаи Интернет набояд ба дараҷаи ифрот расонида шавад, балки онро оқилона истифода бурд ва ҳамчунин роҳи китобхонаро на бояд фаромуш кард, то аз муоширати воқеӣ дар ҳалқаи оила ва ёру дӯстон дур нашавӣ.
Илму амали нек зарурате ба моли дунё надорад. Аз ин хотир, бояд ҳамеша китобро мутолиа намуда дар амал ниятҳои некро бояд татбиқ намуд.
Ш. Валиева, омузгор,