Шоми ҷавонӣ бо ҷавонони донишкада

Шоми имрӯз дар доираи моҳвораи ҷавонон аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар боғи ба номи Садриддин Айнӣ шоми ҷавонӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин чорабинӣ барномаи фарҳангӣ -фароғатӣ манзури тамошобинон карда шуд. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хисравшоҳ Исмоилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Толибзода Мухтор ва дигар омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.
Барномаи ҳунарӣ аз ҷониби истироҳаткунандагони боғи ба номи С. Айнӣ хуш пазируфта шуд.


Шуъбаи иттилоот