ИЗҲOРОТИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКАИ ДКМТ: ТАРАННУМИ ДӮСТӢ

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Бо таъкиди имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.

Мо ин нуктаҳои мулоқотро ҷонибдорӣ мекунем!