Ҳар як ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ ба худ ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ва роҳи муайян барои расидан ба мақсадҳои олии худро дорад. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бошад аз бунёдаш дурӯя буд ва ду ниқобро барои фирефта кардани мардум истифода мебурд.
Хатари ин ташкилот пеш аз ҳама дар он аст, ки наҳзатиён бо ташкилотҳои хеле даҳшатноки имрӯзаи ҷаҳонӣ ба монанди ДИИШ ҳамкорӣ дорад. Ҳам ДИИШ ва ҳам наҳзатиён дар кишварҳои ғарбӣ пуштбонҳо дошта аз ҷониби онҳо барои ноором кардани авзои сиёсии давлатҳои мавриди ҳадаф маблағгузорӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳое, ки хоҷагони хориҷиашон дар назди ин гурӯҳҳо гузоштаанд, дар баробари қатлу куштор ин террори фикрӣ намудани ҷомеа мебошад. Яъне мардуми солимфикрро ба як тудаи мутаассиби манқуртшуда табдил додану давлатро дигарбора ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидан.
Роҳбари фирории наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ба хоҷагони хориҷии худ нишон додани қудрату фаъолияташ дар Аврупо чор гумроҳи пайравашро, ки ҳамагӣ наҳзатӣ буданд, ба чор гуруҳи дигар тақсим карда, бо онҳо (яъне худ ба худ) як паймони шармандавор бастанд. Чи хеле, ки аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони бо қавле мухолифин – ташкилоти терористиву экстремистии наҳзати исломӣ ва се ташкилоти худи наҳзатиҳои хоин бо номҳои назарфиребона ва аз ҷониби худи онҳо номгузоришуда масхараомезона байни худ “созишнома” имзо карданд ва иттиҳодеро бо номи “Паймони милли Тоҷикистон” таъсис доданд ва Кабирӣ худро роҳбари ин паймон интихоб намуд.
Бо ҳамин гӯиё нишон дод, ки “гурӯҳҳои сиёсии мухолифини дар хориҷи кишвар бударо муттаҳид сохт”. Ин масхарабозии бемантиқро ҳатто хоҷагони масхарабози хориҷиашон ҳам, аз шарм, эътироф карда натавонистанд.
Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст.
Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.