Имруз Ватан ба фарзандони шуҷоъ ниёз дорад, ки аз осори ниёгон бархурдор бошанд. Фирдавсӣ ба сарбозони ватан ва фарзандони хурдсоли онҳо ғамхорӣ намуда, ёрии моддӣ расониданро вазифаи бузурги одамӣ мешуморад. Ӯ мегўяд, ки барои шахсоне, ки ҷони азизи худро ба хатар ниҳода, ту ва ватанро аз душманон муҳофизат кардаанд, ҳеҷ чизро дареғ доштан лозим нест:
Ҳар он кас, ки шуд кушта дар корзор
В-аз ў хурдкўдак бувад ёдгор.
Чу номаш зи дафтар бихонад дабир,
Дирам пеши кўдак бувад ногузир.
Бале, ғамхори Ватан будан ин дар роҳи муҳофизати Ватан ҷоннисорӣ кардан аст!