ИЗҲОРОТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛУРГИЯИ ДКМТ ОИДИ МАҲКУМ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТ ҲНИ ҲАМЧУН ТАШКИЛОТУ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Мо ҷомеаи меҳнатии кафедра ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ қатъиян маҳкум менамоем. Зеро ин ҳизб ба ҳайси ташкилоти террористӣ-экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокаш чандин ҷиноятҳои зиддиинсониро содир намудааст. Ҳатто барои ба мақсадҳои нопок расидан ҷанги шаҳрвандиро солҳои 90-ум дар ҷумҳуриамон тарҳрезӣ ва ташкил намуданд. Дар натиҷа шумораи зиёди одамони бегуноҳ кушта шуданд, тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ чандсолаҳо ба қафо партофта шуд. Аммо роҳбарони ин ташкилот ба ин бадномиашон нигоҳ накарда аз хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони хориҷии худ ба сари давлату миллат нафрату бадбинӣ ва тӯҳмат мезананд. Қисми зиёди аъзоёни ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба ДИИШ пайваста амалҳои ноҷавонмардонаи худро давом дода истодаанд. Ба Ватану халқи худ хиёнат карда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоянд, ки нисбати Тоҷикистон ботаҳримҳо таҳдид намоянд. Магар ин хиёнат ба Ватан нест? Ин хиёнат ба миллат аст, хиёнати нобахшиданӣ аст.

Аз ин лиҳоз, маҳкум намудани ҲНИ – ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин душманони халқ дигар, амалҳои нопоки худро амали карда наметавонанд.