ИЗҲОРОТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ КОНФРОНСИ ВАРШАВА

Бо вуҷуди андешарониҳои мухталиф дар конфронси Варшава моро ҳодисаҳои охири кишвар ноором мекунад. Дар назар дорем, фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ-ро. Ҳамлаи дастаи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара ки бо дастури ҳизби манъшудаи наҳзати ислом санаи 29.07.2018 анҷом дода шуд ва боиси марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Нидерландия Ва Швейтсария гардидааст, имрӯзҳо аз ҷониби мардуми кишвар қотеъона маҳкум карда мешавад. Таҳлилу санҷишҳо ва маҳви ин гурӯҳи муташаккилонаи ҷинояткорон собит менамояд, ки ташкилкунандагони ин фоҷиаи роҳ ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошад ва бо пуштибонии ТЭТ ҲНИ  анҷом дода шудааст.  

Амали дасти ТЭТ ҲНИ будани ин фоҷиа возеҳу равшан аст ва ҳоҷати баҳс ҳам надорад. Зеро ки аъзои гуруҳи ҷинояткор узви ТЭТ ҲНИ мебошанд ва дар рафтм тафтишот низ тасдиқи худро ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, мо зиёиён амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро қотеъона ҳифз менамоем

 

Раёсат  ва шӯъбаи тарбияи ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

1 + 3 =