ИЗҲОРОТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ БОЗГАШТИ А.САТТОРОВ

Тавассусти телевизиони Тоҷикистон намоиш додани навори”Бозгашт” оид ба собиқ узви ҲНИ Айёмиддин Сатторов моро ба тааҷҷуб овард, ки ҳизби наҳзати ислом ба чи роҳҳое мардумро фиреб медодааст.

Аммо пушаймонии ин муйсафед самимӣ буд, ки онро тарафдорӣ менамоем. Таҳлилу санҷишҳо ва маҳви ин гурӯҳи муташаккилонаи ҷинояткорон собит менамояд, ки ташкилкунандагони ин фоҷиаи роҳ ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошад ва бо пуштибонии ДИИШ анҷом дода шудааст. 

Амали дасти ҲНИ ва ДИИШ будани ин фоҷиа возеҳу равшан аст ва ҳоҷати баҳс ҳам надорад. Зеро ки аъзои гуруҳи ҷинояткор узви ҲНИ мебошанд ва дар рафтм тафтишот низ тасдиқи худро ёфтааст. Дигар ин ки ҲНИ ва ДИИШ ҳарду як мақсаду маром доранд ва ҳар ду ташкилоти экстремистӣ-террорстӣ мебошанд. Бинобар ин , ақидае ки гӯё фоҷиаи сари роҳ амали ДИИШ набуда, балки ДИИШ бо мақсади реклама (муаррифии худ) ба ӯҳда гирифтааст, қобили қабул нест. Зеро ДИИШ-ро кулли кишварҳои дунё ба ҳайси ташкилоти экстремистӣ ва  террористӣ эътироф намудаанд. Ҳамзамон , имрӯз ҳамагон хуб медонанд, ки  маҳз ДИИШ дар гӯшаю канорҳои гуногуни олам чунин амалҳои террористиро анҷом дода истодааст.

Мақсади ассоии ҲНИ ва ДИИШ ба оромову амнияти саросари мамлакати мо халал ворид намудан буд., аммо тирашон хок хӯрд.

Аз ин лиҳоз, мо зиёиён амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро қотеъона ҳифз менамоем.

Раёсат  ва шӯъбаи тарбияи ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чор × 1 =