Дар сӯҳбат генерали амният Давлат Маҳмадризобеков аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, Сарвари давлатро ҳамчун шахсияти ҷасур ва ғамхори халқ эътироф менамояд. Ӯ хусусан, аз сафарҳои Пешвои миллат сӯҳбату вохуриҳои он кас бо аҳли зиё, олимону ҷавонон изҳори қаноатнмандӣ менамояд. Инчунин генерали амният таъиноти кадрии Сарвари давлатро ВМКБ дуруст ва саривақтӣ арзёбӣ менамояд. Дар маҷмуъ мусоҳибаи мазкур хеле муҳим буда, барои пешгирии қонуншиканиҳо ва бартараф намудани иштибоҳҳо мусоидат менамояд.
Аммо танҳо як андеша дар посухи Давлат Маҳмадризобеков ҳамаҷониба қобили қабул нест. Аниқтараш андешаи Давлат Маҳмадризобеков дар бораи он ки “Дар Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад, зеро онҳо метавонанд, бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд” дар шароити имруза таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият он қадар ҷоиз нест. Зеро шарт нест, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон кормандони мақомоти қудратиро ҳатман аз ҳамон минтақа таъмин карда шаванд.
Ба ақидаи мо кормандони ин мақомот новобаста аз маҳаллу минтақаашон, балки аз рӯи фаъолияту масъулиятшиносӣ ва кордониашон таъин карда мешаванд, чунки модар яктост, Тоҷкистон ягона ва яктост!
Ҳаминро дар охир бояд зикр намуд, ки чи тавре ки аз мусоҳиба бармеояд генерал Давлат Маҳмадризобеков шахсе ҳастанд, ки Ватани худ- Тоҷикистонро дӯст медоранд, барои оромию осудагии марзу буми кишвар аз ҷумла Бадахшон дилсузӣ зоҳир менамоянд, зеро ҳамчун корманди баландрутбаи амният аз пурмашаққатарин лаҳзаи зиндагӣ гузаштаанд.