ИЗҲОРОТИ ШӮРОИ БОНУВОН: ТАҚЛИД ҶОИЗ НЕСТ

Дар шароити феълӣ ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши ниҳоят босуръати фарҳанг ва забонҳои миллату қавмҳои забардаст ба асри 21 нисбат дода шудааст. Имрӯз ҳар фард имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як они воҳид бо дурдасттарин минтақаи дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омӯзад, бо халқу тамаддуни гуногун иртибот барпо намуда, чизи зарурӣ гирад ва ё чизе ба дигарон диҳад.

 Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад: хуб ва бад. Имрӯз дида истодаем, ки ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шуда, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздиконро ба ғаму андуҳ мубтало сохта истодаанд. Баъзе аз ҷавонон бемасъулият шудаанд. Онҳо дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад. Тақлид ба фарҳанги бегона фаромӯш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили расму оин ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ мисли фаромӯш кардани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст. Ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо-тоҷикон, хусусан ҷавонону наврасон, бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланд, мавриди муносиби нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадима табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомӯзанд. Ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, қабули таассуби динию куркурона таклид кардан ба фарҳанги бегона ва майл пайдо кардан ба одату кирдорҳои ношоиста гардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар дар мулоқот бо бонувони кишвар гуфта буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Аз ин хотир, ҳамагуна тақлидкориро маҳкум менамоем!