Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизми қавмию нажодӣ ва милливу байналмиллалӣ, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда мерасонаду модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди танқиди шадид қарор дорад.
Ҳодисаҳои чанде пеш дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд рухдода, ки бо дасти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ба амал омаду боиси марги сайёҳон, зиндонбонҳою маҳбусон гардид, исботи гуфтаҳои болоист.
Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан, майдони васеъ кушодан барои паҳншавии он, ба хусус терроризм ва экстремизми динӣ, ифротгароии мазҳабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.
Дар давоми Истиқлолияти давлатӣ фазои Тоҷикистонро борҳо гурӯҳҳои ҷудогона хостанд, ки ноором созанду модаронро ба хуни фарзандҳояшон олуда созанд.
Бояд ёдовар шуд, ки нахустин гурӯҳҳои террористӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуданду яке аз ҳадафҳои ин гурӯҳҳо ба амал овардани табадуллоти давлатӣ ва таъсиси давлати исломӣ буд. Дар соли 1994 бошад, бо оғоз шудани гуфтугӯҳо бобати истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ин гурӯҳҳо ба худ нақши ҷудоиандозӣ ва муташанниҷ кардани вазъро гирифтанд.
Маҳз дар ҳамин замина дар қатори садҳо ҳазор қурбоншудагон беҳтарин шахсиятҳои шинохтаи кишвари мо кушта шуданд.
Бо дарки муҳим будани мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ, ки фазои орому осудаи кишварро ноорому рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро боз медорад, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба сомон расонид ва ҳоло низ расонида истодааст.
Ин қувваҳое, ки пешравии кишвари мо, фазои ободу озоди моро чашми дидан надоранд, дар хориҷа истода, аз пулҳои бедарду миёни хоҷагонашон истифода мебаранд. Мақсади ташкили созмони «Паймони миллӣ», ки ба он гурезагону мухолифони сохти давлат шомил шудаанд, танҳо як ҳадаф доранд, кишварамонро боз ба майдони ҷанг табдил дода, бо ин мақсад тарафҳои худро зиёд намоянд.
Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Барои беҳбудии вазъи таълиму тарбия сол то сол иқдомҳои ҷадиду қатъӣ гузошта шуда истодааст. Баёни гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар кишвар беш аз 39 муассисаҳҳои олӣ барои ҷавонон ба хотири ояндаашон фаъолият мебаранд