ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМИИ ДКМТ: АМАЛИ ЗИШТ ХАРИДУФУРУШИ ОДАМОН МАНСУБИ ТТЭ ҲНИ АСТ

Дар шароити муосир ҷой доштани хариду фуруши одамон ҳодисаи нангин аст. Хариду фурӯши одамон ба қиматҳои номбаршудаи фарди алоҳида, миллату давлат ва инсоният таҳдид менамояд. Дар давраи сохти ғуломдорӣ ба ҳукми анъана даромада, пас аз барҳам хӯрдани он дар шаклҳои гуногуни дигар зуҳур намудааст. Дар даҳсолаи охир миқёси он васеъ гардида, хусусияти трансмиллиро гирифтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ андозаи хатари онро барои ояндаи башарият дарк намуда, азм кардааст, ки муқобили он муборизаи шадиду беамон бурда шавад.

Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии асосии байналмиллалӣ дар ин ҷода Эъломияи ҳуқуқи башар аз соли 1948, Конвенсияи иловагӣ дар бораи барҳам додани ғуломӣ, урфу одатҳои шабеҳи ғуломӣ аз соли 1956, Конвенсия бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ аз соли 2000-ум ва қарори Иҷлосияи махсуси 23-юми Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 2005-ум ба ҳисоб мераванд.

Санадҳои ҳуқуқии мазкур дар сатҳи баланди байналмиллалӣ ӯҳдадориҳои давлатҳоро дар хусуси бартараф намудани хариду фурӯши одамон пешбинӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, дар қонунҳои миллии аксари давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муқаррароти асосии ҳуҷҷатҳои мазкур пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷониби Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми олии қонунбарорӣ муҳимияти масъалаи мазкур ва ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ дар хусуси зарурати пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳо ҷой дода шуданд.

Бо вуҷуди ин ТТЭ ҲНИ гоҳе дар хориҷи кишвар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавононро гумроҳ намуда, даст ба амалҳои номатлуб мезанад. Чунин кирдори нангинро мо маҳкум менамоем.